ВидеоДин ва боварҳоМинтақа ва ҷаҳон

ЯК ШАҲРВАНДИ ТОҶИК ДАР ҲАМЛАИ ТЕРРОРИСТӢ ДАР ШЕРОЗИ ЭРОН АЙБДОР МЕШАВАД

Вазорати иттилооти Эрон рӯзи 7 ноябри соли 2022 бо нашри як иттилоияи расмӣ хабар дод, ки ҳамаи 26 нафари дастгиршуда дар робита ба ҳамлаи террористии рӯзи 26 октябр ба макони барои шиъаҳо муқаддаси Шабчароғ дар шаҳри Шероз ғайриэронӣ буда, шаҳрвандони Озарбойҷон, Афғонистон ва Тоҷикистон мебошанд. Бино ба ин иттилоия, “унсури аслии ҳидояти амалиёт табааи Озарбойҷон будааст. Омили тирандозӣ табааи Тоҷикистон буд”.

Вазорати иттилооти Эрон, ки умури амнияти Ҷумҳурии исломиро бар дӯш дорад, дар бораи боздоштҳои суратгирифта ва ҷараёни таҳқиқи парвандаи ҳамлаи Шероз ҷузъиёти дигар надодааст.  Ин бори аввал аст, ки як шаҳрванди Тоҷикистон дар Эрон бо иттиҳоми даст доштан дар ҳамлаи террористӣ дастгир мешавад.

Бино ба баёнияи вазорати иттилооти Эрон, шаҳрванди Озарбойҷон аз фурудгоҳи Боку ба Теҳрон омада, баъди вурудаш ба қаламрави Эрон ба намояндагони созмони террористии ДОИШ дар  Озарбойҷон ва сипас дар Афғонистон тамос гирифта, хабар додааст, ки алакай дар дохили Эрон аст. Матбуоти Эрон шаҳрванди дастгиршудати Афғонистонро Муҳаммадромиз Рашиди бо лақаби “Абу Басир” ва шаҳрванди дастгиршудаи Тоҷикистонро Сабоҳон Камерунӣ бо лақаби “Абӯ Оиша” ном бурдаанд. Вале зоҳиран Сабоҳон Камерунӣ исми аслии ӯ нест, чунки ин ному насаб хоси сокинони Тоҷикистон нест.

Рӯзи 26 октябри соли 2022 се нафари силоҳбадаст бо мошини “Пежо” аз тарафи кӯчаи 9-ум вориди майдони назди ҳарами Шаҳчароғ дар шаҳри Шерози устони Форс  шуда, болои издиҳоми зоирон оташ кушоданд. Дар натиҷа дастикам 15 нафар, аз ҷумла занону кӯдакон, кушта шуда, 27 нафар ҷароҳат бардоштанд.

Гуфта мешуд, ки тирандозро кормандони пулису амният бо оташи ҷавобӣ маҷруҳ ва дастгир кардаанд, вале ӯ дар бемористон ҷон бохтааст. Маълум нест, ки тирандози кушташуда ҳамон шаҳрванди Тоҷикистон будааст ё каси дигар?

Мақомоти Эрон ин ҳамларо кори дасти ҷангҷӯёни ДОИШ номиданд.  Ҷанҷӯёни ДОИШ дар гузашта низ ба зидди шиъаҳо дар Афғонистону Покистон ва кишварҳои дигар чандин ҳамлаи террористӣ анҷом дода буданд.

Аммо рӯзи 30 октябр раиси Маҷлиси Шӯрои исломӣ, парлумони Эрон Муҳаммадбоқири Қолибоф Исроилро ба даст доштан дар ташкили ҳамлаи Шероз айбдор кард. Аз он қабл, рӯзи 28 октябр имоми намози ҷумъаи Теҳрон Амрикоро ташкилкунандаи ҳамлаи Шероз номид ва гуфт, Ҷумҳурии исломӣ интиқоми ин хунрезиро аз Вошингтон хоҳад гирифт.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button