ВидеоТоҷикистонХабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ 8 НАФАР ДАР 4 САДАМАИ ПУРҚУРБОНӢ ДАР ИШКОШИМУ ДАНҒАРА ВА ВОСЕЪ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон  хабар дод, ки рӯзҳои 4-6 ноябри соли 2022, дар 4 садамаи маргбор дар ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва дар ноҳияҳои Данғара ва Восеъи  вилояти Хатлон 8 нафар ба ҳалокат расида, дастикам 9 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Аз ҷумла 4-уми ноябри соли 2022, тахминан соати 17:23, ронандаи мошини боркаши тамғаи “Долун”, Маҳмудов Иброҳим Исроилович, соли таваллудаш 1969, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти ноҳияи Темурмалик, дар ҳудуди ноҳияи Данғара бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба мошини тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи Муртазоев Саидтоҷиддин Саидмуҳаммадович, соли таваллудаш 1980, сокини шаҳри Душанбе, ки дар дохилаш боз 5 мусофир дошт, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи “Опел” Муртазоев С.С. ва мусофиронаш Сафарова Нигина Сайфуллоевна, соли таваллудаш 1983, ва Сайфуллоев Шамсулло Зоирович, соли таваллудаш 2021, ҳарду сокини ноҳияи Фархор, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Мусофирони дигари “Опел” Шоева Парвина Саидакрамовна, соли таваллудаш 2001, сокини ноҳияи Восеъ ва Қаюмов Хайриддин Мирзохонович, соли таваллудаш 1966, ва Азизов Сайфулло Шамсуллоевич, соли таваллудаш 1957, сокинони ноҳияи Фархор, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Ҳамчунин, рӯзи 5-уми ноябри соли 2022, тахминан соати 15:45, ронандаи мошини тамғаи “Муссо”, Искандархонов Сангалихон Амирхонович, соли таваллудаш 1975, сокини ноҳияи Ишкошим, ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Вранг ба самти деҳаи Зонг аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадааст ва мошини ӯ бо 7 мусофир ба соҳили дарёи Панҷ чаппа шудааст.
Дар натиҷа, мусофирони автомашинаи мазкур Кучакбеков Ҷонибек Ахмадбекович, соли таваллудаш 1987 ва Нилакова Савримоҳ Тамошоевна, соли таваллудаш 1979, сокинони ноҳияи Ишкошим, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Худи ронанда ва дигар мусофиронаш: Пилтабоев Бахтиёр Рустамбекович, соли таваллудаш 1995, Махонов Нозимхон Ҷалилович, соли таваллудаш 1979, Каримова Роҳнамоҳ Куканбековна, соли таваллудаш 1998, Аҳмадбеков Алибек Ҷонбекович, соли таваллудаш 2012, Давлатшоева Ҳусноро Мастоншоевна, соли таваллудаш 1985, сокинони ноҳияи Ишкошим ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Ҳамин тавр, бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, шаби 5-уми ноябри соли 2022, тахминан соатҳои 20:25, ронандаи мошини тамғаи “Тойота-Королла”, Содиқов Фарҳодҷон Алимаҳмадович, соли таваллудаш 1996, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Кӯлоб дар ҳудуди ноҳияи Восеъ, ба қисмати қафои автомашинаи боркаши тамғаи “КАМАЗ”, таҳти идораи Назаров Нурали Шералиевич, соли таваллудаш 1993, сокини шаҳри Кӯлоб, ки самти ҳаракаташ тарафи шаҳри Кӯлоб буд ва балони қисмати қафо аз тарафи росташ кафида, корношоям шуда,  дар роҳ қарор дошт, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи “Тойота” Содиқов Ф.А. ва мусофираш Қосимов Ромис Фирӯзович, соли таваллудаш 1996, сокини ноҳияи Фархор, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона бурдан дар роҳ ба ҳалокат расидаанд.
Инчунин, 6-уми ноябри соли 2022, тахминан соати 15:25, ронандаи мошини тамғаи “Мерседес-Бенс”, Алиҷони Файзалии Шарифзода, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Восеъ, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди “Кӯлоб-Восеъ-Душанбе”, дар ҳудуди деҳаи Тугарак, аз уҳдаи идораи мошин набаромада ба самти муқобили роҳ баромада, ба қисми пеши мошини тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи Ғаниев Илҳомҷон Олимович, соли таваллудаш 1995, сокини ноҳияи Восеъ, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири “Опел”, Рамзиёри Намозалӣ, соли таваллудаш 1995, сокини ноҳияи Восеъ, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин маълумоти ВКД, дар 6 моҳи аввали соли 2022 дар Тоҷикистон 482 садама рӯй додааст. Дар ин садамаҳо 180 нафар ба ҳалокат расида ва 509 нафар ҷароҳат бардоштаанд. 

Худро ва азизони худро эҳтиёт кунед!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button