ВидеоҲуқуқи инсон

ДАЪВАТИ “ХАБАРНИГОРОНИ БИДУНИ МАРЗ” БА ОЗОДИИ 4 ЖУРНАЛИСТИ ТОҶИК

Созмони байналмилалии “Хабарнигорони бидуни марз” (RSF)  рӯзи 4 октябри соли 2022 дар як баёния дар пайи судури 7 сол ҳукми зиндони журналисти мустақили тоҷик Завқибек Саидаминӣ бори дигар иттиҳомоти алайҳи 4 журналисти тоҷики зиндонӣ Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаро “дурӯғ” номида, аз мақомоти Тоҷикистон озодии онҳоро тақозо кард. “Хабарнигорони бидуни марз” бар инанд, ки мақомоти Тоҷикистон дидаю дониста иттиҳоми бофтаи “ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнӯъ”ро ба гардани ин журналистони мунтақид бор карда, бо ин роҳ мехоанд даҳони журналистони мустақилро банданд. Ин созмони ҳомии ҳуқуқи хабарнигорон чунин шеваи таъқиби матбуоти озодро маҳкум карда, қаблан ҳам аз мақомоти Тоҷикистон озодии ин 4 журналистро талаб карда буд.

Жанна Кавелйе, роҳбари бахши Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ дар созмони “Хабарнигорони бидуни марз” мегӯяд: “Дар натиҷаи тақвияти сонсур ва маъракаҳои туҳмат бастан ба пои матбуот, ба журналистон баъди ҳар таҳқиқоташон ҳукми зиндон таҳдид мекунад. Мақомоти Тоҷикистон бояд истифодаи иттиҳомоти бардурӯғ бо мақсади бастани даҳони журналистони мунтақиди ҳукуматро бас карда, ҳамаи онҳоеро, ки дастгир шудаанд, озод кунанд”.

Авазмад Ғурбатов (Абдуллоҳ Ғурбатӣ), хабарнигори хабаргузории мустақили “Азия-Плюс”,  ва Далери Имомалӣ, журналисти таҳқиқгар рӯзи 15 июни соли 2022 дар пайи нашри силсилааи гузоришҳои таҳқиқотӣ дар бораи худсарона ва бо дастури мақомот вайрон кардани хонаҳои сокинони маҳаллаи Панҷшери ноҳияи Шоҳмансур ба ҳабс гирифта шуданд. Дар аввали моҳи июл  Завқибек Сайдаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳамадзодаро, ки бо талаби раҳоии он ду ҳамкасби худ садо баланд карда буданд, дастгир карданд.

Ғурбатиро аввал ба “зӯроварӣ нисбат ба намояндаи давлат” айбдор карданд ва Далери Имомалиро ба “соҳибкории ғайриқонунӣ” ва “баёноти бардурӯғ”.

Чанд рӯз қабл аз боздошташ мақомоти ноҳияи Шоҳмансур Далери Имомалиро латтукӯб карда, маҷбур карданд, ки видеоҳояш дар бораи вайрон кардани хонаҳоро аз Ютуб кӯр кунад.

Баъди боздошти онҳо раиси ноҳияи Шоҳмансур Билол Иброҳим иддао кардааст, ки гӯё наворгирии журналистон ба кори мақомот халал мерасонд ва журналистон мақомотро хабардор нокарда, видео гирифтаанд.

Танҳо моҳе баъд мақомот эълон карданд, ки Ғурбатӣ ба ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнӯъ низ айбдор мешавад. Айни иттиҳомро ба гардани се журналисти дигар низ бор карданд ва ба парвандаҳояшон муҳри махфӣ задаву мурофиаҳояшонро дар даруни СИЗО доир карданд, ки ҷомиа дар бораи ин парвандаҳо маълумот пайдо карда натавонад.

Рӯзи 4 октябр Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба 7 солу 6 моҳи зиндон маҳкум шуд. Додгоҳ ӯро ба зӯроварӣ нисбат ба корманди милитсия ва узвият дар созмони ифротӣ гунаҳкор шинохт.

17 октябр Далери Имомалӣ ба 10 соли зиндон маҳкум шуд. Додгоҳ ӯро дар соҳибкории ғайриқонунӣ, паҳн кардани хабари бардурӯғ ва них дар узвият дар “Гуруҳи 24”, як ҳаракати оппозитсионии аз соли 2014 дар Тоҷикистон мамнӯъ гунаҳкор шинохт.

Рӯзи 4 ноябр Завқибек Саидаминӣ  бо ҷурми узвият дар “Гуруҳи 24” ва Ҳизби наҳзати исломӣ, боз як созмони оппозитсионии дар Тоҷикистон мамнӯъ ба 7 соли зиндон маҳкум шуд.

Созмони “Хабарнигорони бидуни марз”  бар ин аст, ки иттиҳоми бофтаи  ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнӯъро мақомоти Тоҷикистон ба сурати фаровон барои бастани даҳони журналистон ба кор мебаранд. Яъне журналистонро аввал бо ягон баҳонаи “ночиз” дастгир мекунанд, вале баъдан ба зиддашон иттиҳомоти хеле ҷиддитар эълон карда мешавад.

Завқибек Саидаминӣ шоми 8 июл дар Душанбе дастгир гардида, ба идораи УБОП, воқеъ дар Ваҳдат, шаҳре дар 20-километрии шарқи Душанбе бурда шуд. Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаро низ рӯзи 9 июл ба ҳамин идораи УБОП ба Ваҳдат даъват карда, аввал барои 10 рӯз бо иттиҳоми “итоат накардан ба амри кормандони милитсия” ба ҳабси маъмурӣ гирифтанд. Дар ин муддат ӯ ягон робитае бо ҷаҳони беруна надошт ва наздиконаш танҳо 15 июл ва он ҳам аз матбуот хабар ёфтанд, ки ӯро ба “даъватҳои оммавӣ ба фаъолиятҳои ифротӣ” айбдор мекунанд. Барои ин ба Пирмуҳаммадзода ҳамчун ҷазо то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

Маъракаи тӯлонии тарсонданҳо

Созмони “Хабарнигорони бидуни марз”  менависад, аз соли 2015 ҳукумати президент Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон як фазои террорро ба вуҷуд овардааст, ки ба таъқиби журналистон мусоидат карда, онҳоро ба худсонсурӣ водор мекунад. Журналистон танҳо дар Интернет, аз ҷумла дар Ютуб метавонанд изҳори назар кунанд, вале он ҳам зери хатару таҳдиди таъқиб.

Гуфта мешавад таъқиботи давлатӣ ба зидди журналистони мустақил дар Тоҷикистон аз соли 2021 ба ин тараф боз ҳам шадидтар шуд.

Нуриддин Қаршибоев, раҳбари НАНСМИТ (Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон), як созмони шарики созмони “Хабарнигорони бидуни марз”, мегӯяд: “Мақомот кӯшиш доранд, ки афкори ҷомиаро дар кишвар таҳти назорати мутлақи худ қарор бидиҳанд. Вале  наметавон бо боварӣ гуфт, ки мақомот аз ин кор бурд мекунанд. Ин аъмол ба вокуниши манфӣ аз ҷониби ҷомиаи байналмилалӣ рӯбарӯ шуда, дар ниҳоят ба имиҷи Тоҷикистон таъсири хеле бад мерасонад”.

Созмони “Хабарнигорони бидуни марз”   хотиррасон кардааст, ки Тоҷикистон дар раддабандии имсолаи ин созмон аз лиҳози сатҳи озодии матбуот дар байни 180 кишвар дар мақоми 152-юм қарор гирифт. Ин назар ба мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии соли 2015  каму ғам не, 36 зина пойинтар аст.

Аз моҳи май то августи соли 2022 дар Тоҷикистон дастикам 12 журналисту блогер, аз ҷумла 6 журналисту блогери зодаи Бадахшон боздошт ва 4 нафари онҳо алакай маҳкум ба зиндон шудаанд. Ба эҳтимоли ғолиб, ин ҳабсҳо ба мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии навбатии сатҳи озодии матбуот таъсири манфӣ хоҳад расонд ва имкон дорад, ки Тоҷикистон имсол дар рӯйхатти сиёҳи давлатҳои саркӯбгари матбуоти озод қарор бигирад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button