ВидеоДин ва боварҳо

БОЗДОШТИ ДУБОРАИ РАҲБАРИ СОБИҚИ САЛАФИҲОИ ТОҶИКИСТОН ДОМУЛЛО МУҲАММАДӢ

Муҳаррамов Муҳаммад Раҳматуллоевич, маъруф ба Муҳаммадӣ Раҳматуллоҳ ва Домулло Муҳаммадӣ, ки як вақтҳо “раҳбари салафиҳои Тоҷикистон” ном бурда мешуд, баъди як соли раҳоияш аз зиндон, дубора аз ҷониби мақомоти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дастгир шудааст.  Пайвандонаш дар маҳаллаи Чоряккорон дар канораҳои ғарбии шаҳри Душанбе мегӯянд, дар бораи сабаби боздошташ маълумот надоранд. Мақомот ин масъаларо шарҳ намедиҳанд.

Бародараш Юсуф Муҳаррамов рӯзи 7-уми ноябри соли 2022 ба Радиои Озодӣ гуфтааст:  Муҳаммадиро соати 10-и рӯзи дуюми ноябр ба Кумитаи давлатии амнияти миллӣ даъват карданд ва баъдан ба писараш хабар додаанд, ки боздошт шудааст.”

Ӯ афзуд, танҳо ҳаминро медонад, ки бародарашро барои “суҳбат дар кадом масъалае ё маъвизае” дастгир кардаанд, вале ҷузъиёт барояшон маълум нест.

Муҳаммадӣ Раҳматуллоҳ соли 2016 ба 8 соли зиндон маҳкум гардида, бино ба нақли Юсуф Муҳаррамов, бародари Муҳаммадӣ Раҳматулло,  соли 2021 дар чорчӯби қонуни афв ба озодӣ баромад.

“Дар ҷое кор намекард, шиноснома низ надошт. Ба масҷид намерафт. Дар хона буд. Гоҳгоҳе ба кӯча мебаромад, тамом,” – нақл кардааст Юсуф Муҳаррамов. Вай илова кардааст, ки баъди боздошт дигар бародарашро надидаанд: Ба мо гуфтанд, ки ӯ дар боздоштгоҳ аст ва танҳо рӯзи 8-уми ноябр дида метавонем.”

Муҳаммадӣ Раҳматуллоҳ 49 сол ва 4 фарзанд дошта, риштаи шариати Донишгоҳи байналмилалии исломии Покистонро хатм кардааст.Домулло Муҳаммадӣ дар даҳаи аввали солҳои 2000-ум, дар авҷи фаъолияти пайравони равияи “Салафия” дар Тоҷикистон ба майдон омад ва яке аз сухангӯёни асосии салафиҳо дар баҳсҳои мазҳабии тарафдорони ин равияи навбаромад бо рӯҳониёни суннатӣ буд.

Салафиҳо аз пайравони равияҳои суннатӣ асосан бо чанд вижагиҳои зоҳирӣ, аз ҷумла пӯшидани шиму эзорҳои кӯтоҳи аз буҷулаки по боло, гузоштани риши дароз, баланд гуфтани “омин” дар миёнаи намоз,  ва  ҳам бо амалҳое, чун кандани санги мазорҳо фарқ мекарданд. Онҳо ҳамин тавр, бо рӯҳониёни суннатӣ вориди баҳсҳои шадид шуда, ин рӯҳониёнро ба гумроҳ кардани мардум ва истифодаи дин ҳамчун абзори таъмини зиндагии хуш барои худу наздиконашон айбдор мекарданд.

Дар соли 2009 дар пайи авҷ гирифтани ин баҳсҳо, Додгоҳи олии Тоҷикистон фаъолияти ҷараёни Салафияро расман манъ кард ва соли 2014 ин равияро ба рӯйхатти сиёҳи созмону ҳаракатҳои ифротӣ шоми кард.

Қабл аз боздошти қаблиаш Домулло Муҳаммадӣ дар маъракаи ба зидди ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ба роҳ андохтаи мақомот фаъолона иштирок дошт ва дар расонаҳои маҳаллӣ чандин мақола нашр кард, ки дар онҳо таъсиси ҳизби диниро дар Ислом нозарур ва ҳизби наҳзатро “муздури хориҷиён” номида буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button