ВидеоМуҳоҷиронХабарҳои кӯтоҳ

БА ШАХТАИ ЛИФТ АФТОД… МАРГИ ҶАВОНИ ТОҶИК ДАР ЯК СОХТМОН ДАР КАНОРИ ПЕТЕРБУРГ

Як шаҳрванди 26-солаи Тоҷикистон шоми 6 ноябри соли 2022 бар асари як ҳодисаи нохуш дар як сохтмон дар кӯчаи Шувалови шаҳри Муринои вилояти Ленингради Русия ҷон бохтааст.

Бино ба хабарҳо, ин ҷавони тоҷик дар ин сохтмон кор мекард ва ба сабаби ҳанӯз номаълум ба шахтаи лифт афтодааст. Ҷасади ӯро шоми 6 ноябр, тақрибан соати 19:30 дар даруни шахтаи лифт дар қабати чоруми бино пайдо кардаанд.

Ҷасадро барои ташхис ба морг фиристодаанд. Ташхиси тиббию додгоҳӣ бояд сабаби дақиқи марги муҳоҷири тоҷикро муайян кунад. Барои муайян кардани сабабҳои ин ҳодиса низ санҷишҳо ба роҳ андохта шудаанд.

Ин ҷавони тоҷик моҳи феврали соли 2022 бо мақсади кор ба Русия омада, дар шаҳри Петебрг сабти номи муваққат доштааст.

Шаҳри Мурино дар канорашои шимолу шарқии Санкт-Петербург ҷойгир шудааст

Ҳар сол беш аз як миллион нафар, ё тақрибан нисфи аҳолии қобили кори Тоҷикистон барои таъмини зиндагии хонаводаҳои худ ба хориҷ ва асосан ба Русия ба мардикорӣ мераванд. Ҳар сол дар Русия ба иллатҳои гуногун то 1000 нафар аз муҳоҷирони тоҷик, аксаран дар синни ҷавон, ба зиндагӣ падруд мегӯянд. Яъне ҳар рӯзи муҳоҷират дар Русия ҷони то се муҳоҷири тоҷикро мегирад…

Худованд равони ҳамаи муҳоҷирбачаҳои тоҷики шаҳидшударо шод гардонад!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button