Хабарҳои кӯтоҳ

ҚАЛЛОБӢ БО ПУЛИ ХОНА ВА АЗ МОШИНИ “МЕРСЕДЕС” 10 ҲАЗОР СОМОНИРО ДУЗДИДАНИ ЯК ЗАН

Сокини 39-солаи қаблан барои авбошӣ судшудаи шаҳри Хуҷанд ба он гумонбар мешавад, ки бо ваъдаи дар Душанбе гирифтани додани манзил аз як сокини ноҳияи Ғафуров 22 ҳазору 700 доллар гирифта, ӯро фиреб дода, гаштааст.

ххххххххххх

Зани 30-солаи сокини шаҳри Ваҳдат, ки пеш низ барои дуздӣ суд шудааст, ба он гумонбар мешавад, ки шаби 22 октябр дар ҳудуди ноҳияи Ҷайҳун аз дохили мошини як сокини  ин ноҳия 10 ҳазор сомонӣ пули нақдро дуздидааст.

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 054.11.2022

Ошкор шудани қаллобӣ вобаста ба манзили истиқоматӣ

10

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 39-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров муроҷиат намудааст, ки моҳи июни соли 2022, марди 39-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, ки пеш бо моддаи 237 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 22 ҳазору 700 доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе, хиёбони Айнӣ, аз биноҳои навсохтмон дар масоҳати 70-метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ гирифта, ҳуҷҷатгузорӣ карда медиҳад, аммо то ҳол ба ваъдаашро иҷро накарда, маблағҳои гирифтаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Дуздии маблағ аз дохили автомашинааш “Мерседес-Бенс”

005

Ба ШВКД дар ноҳияи Ҷайҳун бо ариза марди 41-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 22-юми октябри соли 2022, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили автомашинааш тамғаи “Мерседес-Бенс”, ки дар ҳудуди ноҳияи мазкур беназорат меистод, 10 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 30-солаи сокини шаҳри Ваҳдат, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button