ВидеоМинтақа ва ҷаҳонМуҳоҷирон

БОЗДОШТИ ДУ ЗОДАИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҶАРАЁНИ “АМАЛИЁТИ ЗИДДИТЕРРОР” ДАР ДОҒИСТОН (ВИДЕО)

Субҳи якшанбе, 31 марти соли 2024 нирӯҳои ФСБ Русия дар ду ноҳияи шаҳри Махачқалъа, пойтахти ҷумҳурии Доғистони Русия ва шаҳри бо пойтахт ҳамҷавори Каспийск “амалиёти зиддитеррористӣ” доир карданд. Ин амалиёт соати шаши субҳ оғоз ёфта, то соати 10 тӯл кашид ва бо боздошти 3 нафар бо иттиҳоми омодагӣ ба амалҳои террористӣ анҷомид.

Кумитаи миллии зиддитеррористии Русия (НАК) хабар дод, ки дар ҷараёни амалиёт касе аз сокинони мулкӣ ва аз ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ осеб надидааст.

“Ҳангоми кофтукоб аз маҳалли боздошти ҷинояткорон силоҳи автомат, тирҳо ва бомби худсохт пайдо карда шуд”,— гуфтааст НАК. Баъдан маркази робитаҳо бо ҷомиаи ФСБ видеои лаҳзаҳои кофтукоб ва ёфтани силоҳу маводи таркандаро нашр кард.

Доғистон ҷумҳурии аксаран кӯҳистониест дар минтақаи Қафқози шимолии Русия, ки дар соҳили баҳри Хазар (Каспий) ҷойгир шудааст.

Як манбаъ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Доғистон ба хабаргузории РИА Новости гуфтааст, ки ду нафар аз боздоштшудаҳо зодагони Осиёи Марказианд. Манбаи нашрияи русии “Коммерсант” гуфтааст, ки дар ҷараёни “амалиёти зиддитеррористӣ” дар Доғистон як сокини худи ин ҷумҳурӣ ва ду зодаи Тоҷикистон ба даст афтодаанд.

Ба иттилои манбаи “Коммерсант”, ду зодаи Тоҷикистонро аз манзили иҷораашон дар Махачқалъа бидуни ягон муқовимат ва сару садо дастгир карданд, вале дар бинои бисёрқабатаи истиқоматӣ дар Каспийск, мақомоти қудратӣ маҷбур шудаанд, ки сокинони манзилҳои ҳамсояро кӯчонда, сипас бо силоҳҳои дудиро ба кор баранд ва шишаҳои манзили воқеъ дар қабати панҷуми биноро зада, бишикананд. Танҳо баъди ин марди зодаи Доғистон, ки дар ин хона иҷоранишин буд, таслим шудааст.

Силоҳу маводи таркандаро аз хонаи ӯ ёфтаанд. Маълум нест, ки мақомот аз хонаи иҷораи ду зодаи Тоҷикистон дар Махачқалъа чӣ ёфта бошанд ва дар умум, онҳоро ба чӣ айбдор мекунанд?

Манбаи “Коммерсант” гуфтааст, ки дастгиршудаҳо дар  Махачқалъа ва Каспийск кори сохтмон мекарданд ва ҳамчунин ба амалиётҳо бо криптовалюта машғул буданд, вале дар айни замон “дар ҷамъомадҳои тундравони динӣ низ фаъол буданд”.

Дар ҳамин ҳол, Телеграм-каналҳои маҳаллӣ навиштаанд, ки тоҷикҳои дастгиршуда дар корхонаи партовкашонии шаҳри Махачқалъа кор мекарданд.

Боздоштҳо дар Доғистон дар пайи ҳамлаи террористии рӯзи 22 март дар толори консертҳои “Крокус Сити Ҳолл” дар шаҳри Красногорск дар канори Маскав сурат гирифт. Масъулияти он ҳамларо, ки 144 кушта ба ҷо гузошт, созмони террористии ДОИШ ба дӯш гирифт. Аз 11 нафари боздоштшуда бо иттиҳоми даст доштан дар ҳамлаи Красногорск дастикам 8 нафараш аз Тоҷикистонанд. Аз ҷумла ҳамаи он 4 нафаре, ки тафтишот омилони ҳамла мешуморад.

Дар ҷумҳурии Доғистон, бино ба омори ВКД ин ҷумҳурӣ, ҳудуди 400 шаҳрванди Тоҷикистон расман сабти ном шудаанд.

Ҳанӯз маълум нест, ки боздоштҳо дар Доғистон бо ҳамлаи Красногорск рабт дорад ё на?, вале раҳбари Доғистон Сергей Меликов дар Telegram-каналаш таъкид кардааст, ки “ин ҷинояткорон дар чорчӯби тақвияти чораҳои амниятӣ дар пайи ҳамлаи террористӣ дар канори Маскав ошкор карда шуданд”.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button