Хабарҳои кӯтоҳ

ПАДАРУ МОДАРИ 4 ХОНАНДАРО БАРОИ ВИДЕОИ ТУХМШИКАНӢ БА ҶАВОБГАРӢ КАШИДАНД

Милитсияи Душанбе  хабар дод, ки дар пайи нашри видеои тухмшикании хонандагон дар яке аз мактабҳои пойтахти падару модари 4 хонандаро ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидаанд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти РВКД Душанбе, санаи 3-юми ноябри соли 2022 дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр гардид, ки як гурӯҳ хонандагони мактаб шӯхикунон дар сари талабаи дигаре тухм мешикананд. Кормандони милитсия дар натиҷаи санҷиш муайян кардаанд, ки ин ҳодиса ҳанӯз 28-уми сентябри соли ҷорӣ рух дода, талабагони дар навор инъикосфта, хонандагони синфҳои 8-ум ва 10-уми яке аз муаасисаҳои таълимии шаҳри Душанбе мебошанд.
“Зимни пурсиш муайян гардид, ки номбурдагон барои гӯё «табрикот» ва «таҷлили зодрӯз» дар сару рӯи соҳибҷашн тухм мешикананд ва яке аз онҳо ин ҳолатро ба навор гирифта, бо гузашти як моҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кардаанд”, гуфта мешавад дар иттилоия.
 Милитсияи пойтахти Тоҷикистон афзуд, вобаста ба ҳолати мазкур, нисбат ба волидайни 4 хонанда тибқи талаботи моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, бо мақсади андешидани чораҳои дахлдори қонунӣ ба додгоҳ ирсол карда шуд. Дар бораи ин ки додгоҳ ин падару модаронро чӣ ҷазое дод?, дар хабар чизе гуфта нашудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button