ВидеоТоҷикистонҶанг дар Украина

ГОРДОН: РУСИЯ УКРАИНИҲОРО БО ДРОНҲОИ ДАР ТОҶИКИСТОН СОХТАИ ЭРОН МЕКУШАД (ВИДЕО)

Журналисти украинӣ Дмитрий Гордон Тоҷикистонро ба он айбдор кард, ки ҳавопаймоҳои бесарнишини эроние, ки ба таъбири Гордон, “ русҳо баъдан бо онҳо украиниҳоро мекушанд”, дар Тоҷикистон сохта мешаванд. Қаблан Гордон Ӯзбекистонро макони истеҳсоли ин дронҳои эронӣ ном бурд, вале мақомоти расмии Ӯзбекистон инро қатъиян рад карданд. Журналисти украинӣ баъди ин эътироф кард, ки иштибоҳан исми Ӯзбекистонро ба забон овардааст, вале дар асл Тоҷикистонро дар назар дошт.

“Дар асл ман на Ӯзбекистон, балки Тоҷикистонро дар назар доштам. Дар Ӯзбекистон, қарори маълум, корхонаи истеҳсоли ҳавопаймоҳои бесарнишин вуҷуд дорад, вале ягон далели ба Эрон рабт доштани он дар даст нест. Аз ин рӯ, манзури ман Тоҷикистон буд. Ман мехоҳам такрор кунам, ки эрониҳо дар Тоҷикистон дронҳоеро месозанд, ки баъдан русҳо бо онҳо украиниҳоро мекушанд”, — изҳор дошт Дмитрий Гордон дар пахши мустақил дар канали “В гостях у Гордона” дар Ютуб. Ӯ аз вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хост, ки агар ин маълумот дуруст набошад, онро расман рад кунад.

Мақомоти Тоҷикистон то кунун ин изҳороти журналисти украиниро шарҳ надодаанд.  Ҷониби Тоҷикистон ҳамин тавр, гузоришҳои зиёди нашршуда бо аксу видеоҳо дар бораи оғози фаъолияти корхонаи муштараки истиҳсоли ҳавопаймоҳои бесарнишини Эрон дар шаҳри Душанберо ягон бор расман рад ё тасдиқ накардаанд.

Дмитрий Гордон гуфт, ӯ ба ҳеҷ сурат намехост, ки Ӯзбекистонро зери шакк қарор бидиҳад.

 “Ман ӯзбекҳо ва шаҳрвандони Ӯзбекистонро самимона эҳтиром мекунам ва дӯст медорам.  Ин кишвар бо меҳмоннавозӣ, дили гарм ва чеҳраи кушоди мардумаш шуҳрат дорад. Ин кишварест, ки дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон шумори бузурги украиниҳоро паноҳт дода буд. Ва ман мехоҳам бо муҳаббати зиёд бори дигар такрор кунам, ки Ӯзбекистон ба маълумот дар бораи  макони истеҳсоли дронҳои эронӣ, ки ман нашр кардам, рабте надорад!, — гуфт Гордон.

Ӯ ҳамчунин аз сокинони Ӯзбекистон изҳори сипос кард, ки “нисбат ба фоҷиаи Украина, ки имрӯз ба сабаби ҳамлаи Русияи фашистӣ гирифтор шудааст, бефарқ нестанд”.

Моҳи майи соли 2022 гузориш шуда буд, ки дар Тоҷикистон корхонаи муштараки истеҳсоли ҳавопаймоҳои бесарнишини эронӣ, тамғаи Ababil-2 оғоз ба кор кардааст. Бино ба хабарҳо, дар маросими ифтитоҳи ин корхона, сардори Ситоди кулли артиши Эрон Муҳаммад Боқирӣ ва вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо иштирок доштанд.

Рӯзи 26 октябри соли 2022 Дмитрий Гордон  дар мусоҳибааш бо тоҷири маъруфи исроилӣ, яке аз роҳбарони ширкати нафти “ЮКОС” Леонид Невзлин изҳор дошт, ки дронҳои эроние, ки Русия ба зидди Украина истифода мебарад, дар Ӯзбекистон истеҳсол мешаванд.

Алакай рӯзе баъд Кумитаи давлатии саноати ҳарбии Ӯзбекистон дар як изҳорот гуфт “хабарҳои дар бархе расонаҳо нашршуда дар бораи гӯё дар ҳудуди Ӯзбекистон ҷамъу баст шудани ҳавопаймоҳои бесарнишини ҷангии Эронро, ки дар амалиётҳои ҷангӣ дар Украина истифода мешаванд, қатъиян рад мекунад”.

Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон низ ин маълумотро рад кард ва гуфт, Ӯзбекистон бо Эрон ҳамкориҳои ҳарбӣ надорад ва ба ҷамъу басти техникаи ҳарбии Эрон низ машғул нест. Идораи сиёсати хориҷии Ӯзбекистон аз мақомоти Украина хост, то пеши роҳи нашри иттиҳомоти беасосро дар матбуоти Украина бигиранд.

Ин хабар бар асоси маводи сомонаи Газета.Уз таҳия шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button