ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҚАЛЛОБӢ БО ДУ МОШИНИ “МЕРСЕДЕС” ВА “ТОЙОТА КОРОЛЛА” ДАР ДУШАНБЕ ВА ДУЗДИИ ОҲАНПОРА ДАР ТУРСУНЗОДА

Сокини 30-солаи Душанбе ба он гумонбар мешавад, ки аз як сокини пойтахт як мошини тамғаи «Мерседес-Бенс-350МL» –и арзишаш 30 ҳазор доллар ва як мошини «Тойота Королла», арзишаш 12 ҳазор долларро гирифта, фурӯхт, вале пулашро то ҳол надодааст.

хххххххххххххх

Сокини 35-солаи шаҳри Турсунзода ба он гумонбар мешавад, ки рӯзи 18-уми октябри соли 2022, бо роҳи пинҳонӣ аз як корхона дар ин шаҳр ба маблағи 6 193 сомонӣ оҳанпора дуздидааст.

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 25 октябри соли 2022

Ба даст овардани маблағ бо роҳи азонихудкунӣ

037

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 50-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки марди 30-солаи сокини шаҳри Душанбе дар давоми солҳои 2019-2021, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, шартномаи даҳонӣ баста, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс-350МL» бо арзиши 30 ҳазор доллари амрикоӣ ва 1-адад автомашинаи тамғаи «Тайота Королла» бо арзиши 12 ҳазор доллари амрикоиро гирифта, фурӯхта ваъда додааст, ки дар муддати кӯтоҳ маблағашро бармегардонад. Аммо маблағи гирифтаашро ба манфиати худ сарф намуда, ба ҷабрдида ба маблағи умумии 42 ҳазор доллари амрикоӣ зарари калони моддӣ расонидааст.
Нисбат ба ин ҳолат тафтишот идома дорад.

Ошкор шудани дуздӣ аз корхона

i

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 35-солаи сокини шаҳри Турсунзода ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 18-уми октябри соли 2022, бо роҳи пинҳонӣ ба яке аз корхонаҳои шаҳри мазкур даромада, аз он ҷо оҳанпораҳои гуногунро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 6 ҳазору 193 сомониро ташкил медиҳад.
Оид ба ин ҳолат тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button