ВидеоИлму фанноварӣ

ИМРӮЗ ОФТОБРО “МЕГИРАНД”. ИН РӮЙДОДИ НОДИРРО АЗ ТОҶИКИСТОН КАЙ МЕТАВОН ДИД?

Олими ҷавони тоҷик Ризои Баҳромзод дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дод, ки рӯзи 25 октябри соли 2022 яке аз ҳодисаҳои ҷолиби астрономӣ – гирифти Офтоб ба амал меояд, ки аз Тоҷикистон ҳам онро мушоҳида карда мешавад.

“Оғози гирифт соати 15:27:58.2, максимуми он дар 16:39:11.6, ва дар соати 17:43:46.7 (ба вақти Душанбе) анҷом меёбад, аммо ғуруби Офтоб пеш аз поёни гирифт ба амал меояд. Дар шаҳри Душанбе дар ҳолати максимум 64,49%-и сатҳи Офтобро Моҳ мепӯшад”, – навиштааст Ризои Баҳромзод. Донишманди тоҷик менависад, ки ҳодисаҳои гирифти Офтобу Моҳ, ки дар осори гузаштагони мо бо номҳои Кусуф ва Хусуф низ истифода шудаанд, ҳодисаи табиӣ буда, ба инсонҳо зарар намерасонанд.

Ин ишораи Ризои Баҳромзода зоҳиран ба давраҳои гузашта аст, ки мавридҳои гирифти моҳ ё офтоб мардумро сахт метарсонд ва барои пешгирӣ аз ҳар гуна офатҳо дар лаҳзаҳои гирифтани моҳу офтоб намоз мехонданд ва ҳатто маросимҳои вижа ҳам бургузор мекарданд. Гуруҳи дигар аз пеш шишапораҳои дар оташ сиёҳ мекарданд, то ки лаҳзаи гирифтани моҳ ё офтобро хубтар бубинанд.

Бино ба иттилои олими тоҷик Масрур Ҳодиев, дар сайёраи Замин ҳар сол асосан 3 (баъзан мумкин аст 4 маротиба) гирифти Офтоб ба амал меояд. Ба ҳисоби миёна дар тӯли 100 сол то 237 гирифти Офтоб шуда, 160-тои он гирифти қисман, 63-гирифти пурра ва 14- гирифти ҳалқамонанд мебошад. Тӯлонитарин гирифти пурраи Офтоб 15-уми январи соли 2010 дар Ҷанубу-Шарқии Осиё рух додаст, ки мудати 11 дақиқа давом намудааст. Диаметри Офтоб аз Моҳ қариб 400-маротиба калон аст, лекин  аз сабаби он, ки масофаи Замину Офтоб, аз масофаи Замину Моҳ 400-маротиба зиёд аст, доираҳои дидашавандаи онҳо  аз Замин ба ҳам баробар метобанд. Яъне дурии Офтобу наздикии Моҳ боиси андозаҳои якхела доштани онҳо аст. 

“Дар эҷодиёти халқ зарбулмасале мавҷуд аст: «Офтобро бо доман пӯшонида намешавад». Ин дуруст аст, вале Офтобро бо танга ҳам пӯшонидан мумкин аст: фақат ба он шарт, ки тангаро бевосита дар назди чашм нигоҳ дорем. Дар ин ҳолат доираи танга ба доираи ба назар намоёни Офтоб баробар гардида Офтоб аз назар нопадид мегардад”, менависад ин олими тоҷик дар як мақола, ки дар сомонаи “Равшанфикр” нашр шудааст.

 Масрур Ҳодиев меафзояд, ки ҳангоми гирифти Офтоб асосан се ҳолат вуҷуд дорад:

             -гирифти қисман;

             -гирифти пурра;

             -гирифти ҳалқашакл;

  Гирифти Офтоб, навиштаи ӯ, падидаи астрономиест, ки сояи Моҳ ҳангоми ҳаракати хеш қисман ва ё пурра сатҳи Офтобро мепӯшонад. Яъне дар ин ҳолат Моҳ дар байни Офтоб ва Замин ҷой мегирад. Албатта ин ҳодиса дар он ҳолат ба амал меояд, ки агар тарафи норавшани Моҳтоб ба суи Замин нигаронида шуда бошад, (яъне Моҳро аз Замин дида нашавад).

  Дар ин ҳолат ба мушоҳиди дар Замин буда таасуроте ба вуҷуд меояд ки гӯё Офтоб бо қурс ё  диски сиёҳе пӯшонида мешавад. Ана ҳамин падидаро гирифти Офтоб мегӯянд. Диаметри сояи Моҳ дар сатҳи Замин аз 270 км зиёд нест ва он аз рӯи як тасмаи борик ҳаракат мекунад, одамоне, ки дар ин минтақа зиндагӣ мекунанд, метавонанд гирифти офтобро мушоҳида кунанд. Суръати миёнаи ҳаракати сояи Моҳ дар сатҳи Замин ба 1км/с баробар аст. Азбаски Моҳ аз руи мадори эллипсӣ ҳаракат мекунад, масофаи байни Замину Моҳ ва Офтоб тағйир меёбад. Диамтери сояи Моҳ дар рӯи Замин мутаносибан дар ҳар гирифт гуногун буда, аз якдигар фарқ мекунад. Агар мушоҳид дар зери сояи Моҳ қарор дошта бошад, пас гирифти пурраи Офтобро мебинад. Дар ин ҳолат сояи Моҳ ба пуррагӣ сатҳи Офтобро мепӯшонад ва эҳтимол аст, ки сайёраҳову ситораҳои осмон намудор гарданд. Гирифти пурраи Офтоб тақрибан якчанд дақиқа давом мекунад. 

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button