ВидеоМуҳоҷирон

БОЗДОШТИ 29 МУҲОҶИРИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ВА ТУРК БАРОИ ЗАНОЗАНӢ ДАР МАСКАВ

РЕН ТВ хабар дод, ки шоми 24 октябри соли 2022 дар як сохтмон дар хиёбони Мичурини шаҳри Маскав байни муҳоҷирон занозании гурушӣ рӯй додааст ва кормандони пулис дар пайи ин ҳодиса 29 нафарро дастгир кардаанд.

Бино ба иттилои ин нашрия, дастгиршудагон муҳоҷирон аз Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Туркия буда, ба пулис гуфтаанд, ки сабаби муноқиша муносибатҳои хусуматомез шудааст.

Дар робита ба ин ҳодиса тафтиш идома дорад. Иштирокчиёни занозаниро феълан бо иттиҳоми майдаавбошӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашондаанд. РЕН ТВ мегӯяд, касе дар ин занозанӣ осеби ҷиддӣ набардоштааст. Тафсилоти дигари занозанӣ то ин соат маълум нест.

Хиёбони Мичурин дар ғарби шаҳри Маскав ҷойгир шуда, ба қаламрави ҳавзаи маъмурии Ғарбии пойтахти Русия дохил мешавад. Хиёбон  ба номи боғдори машҳури рус Иван Мичурин номгузорӣ шудааст. Қисмати ҷанубии ин хиёбон солҳои 1983—1992 ба шарафи собиқ котиби идеологии КПСС(Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ) кӯчаи Пелше ном дошт.

Мавридҳои афзояндаи занозаниҳо байни муҳоҷирон мояи нигаронии ҷиддии мақомоти Русия шудааст. Моҳи августи соли 2021 дар пайи як силсила занозаниҳои байни муҳоҷирон дар минтақаҳои гуногуни Русия, ВКД ин кишвар ҳушдор дод, ки аз ин ба баъд муҳоҷиронро барои дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, аз ҷумла барои иштирок дар занозаниҳо бераҳмона ба кишварҳои зодгоҳашон ихроҷ карда, аз ҳаққи убури марзи Русия маҳрум мекунанд.

Моҳи декабри соли 2021 ВКД Русия хабар дод, ки алакай беш аз 400 муҳоҷирро маҳз барои иштирок дар занозаниҳои оммавӣ ихроҷ кардаанд. Аксари онҳоро ба муҳлати то 40 сол аз ҳаққи убури марзҳои Русия маҳрум карданд.

Ҳамчунин, моҳи марти соли ҷорӣ дар пайи як занозании гуруҳӣ дар сохтмони корхонаи коркарди гази Амур дар шаҳри Амурск 82 коргари қирғиз ва 54 коргари тоҷикро аз кор ронданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button