ВарзишВидео

ТЕМУР РАҲИМОВ ДАР ГРАНД СЛАМИ АБУ ЗАБӢ САЗОВОРИ НИШОНИ БИРИНҶӢ ШУД (ВИДЕО+АКС)

Паҳлавони маъруфи тоҷик Темур Раҳимов дар мусобиқаи гуштини дзюдо “Гранд Слами Абу Забӣ” медали биринҷӣ ба даст овард.
Мусобиқаи Гранд Слами Абу Забӣ (АМА) аз 21 то 23 октябри соли 2022 бо иштироки 414 варзишгар (239 мард, 175 зан) аз 65 давлат баргузор шуд.
Темур дар вазни +100кг рақобатро аз ҳаштякфинал шуруъ карда, аввал бар варзишгари Ӯзбекистон Бекмурод Олтибоев, дар чорякфинал бар намояндаи Озарбойҷон Ҷамол Ғамзатхонов пирӯз гардид, вале дар нимфинал аз варзишгари Чех Лукаш Крпалек, ки дар ниҳоят медали тиллои ин вазнро ба даст овард, шикаст хӯрд. Темур сипас дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм Мариус Физел аз Словакияро мағлуб намуд. Дар ин вазн медали нуқра насиби Ҷур Спикерс аз Нидерланд, медали дигари биринҷӣ насиби Иней Маринич аз Словения гардид.
Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби дзюдои Тоҷикистон иборат аз 10 нафар – 2 зан, 8 мард дар мусобиқа ширкат карданд. Дар вазни -90кг ду варзишгари тоҷик натиҷаи нисбатан беҳтар нишон доданд – Ҷаҳонгир Маҷидов ҷои панҷум, Комроншоҳ Устопириён ҷои ҳафтумро касб намуданд. Боқӣ паҳлавонони тоҷик дар Абу Забӣ ноком шуданд.
Ин сеюм медали Темур Раҳимов дар мусобиқаҳои Гранд Слам дар соли 2022 мебошад. Ӯ дар Гранд Слами Тел-Авив ва Гранд Слами Анталия низ медали биринҷӣ ба даст оварда буд. Ҳамчунин, имсол дар чемпионати ҷаҳонии дзюдо ҷои панҷум, дар Чемпионати Осиё ҷои дуюмро сазовор гардидааст ва феълан дар радабандии ҷаҳонии дзюдо дар вазни беш аз 100 кг дар зинаи аввал қарор дорад.
Сайри ҷаҳонии дзюдо соли 2022 бо Гранд Слами Боку (4-6 ноябр), Гранд Слами Токио (3-4 декабр) идома ёфта, ва бо мусобиқаҳои ситораҳои дзюдо дар Йерусалим (Байтулмуқаддас, 20-22 декабр) ба анҷом мерасад.

Бар асоси хабари сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button