ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

МАСТӢ САБАБИ МАРГИ СОКИНИ ҒОЗИЁН ШУД

Як сокини 44-солаи кӯчаи ба номи А. Бобоҷонови ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд аз дуди ғализи сӯхтани кӯрпачаи хонааш ба ҳалокат расидааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки ин ҳодиса субҳи 22-уми октябри соли 2022 рух додааст.

Бино ба хабари нашршуда, ин сокини ҷамоати Ғозиён дар ҳоли мастӣ сигор кашидаву дар ин асно хоб бар ӯ ғалаба кардааст ва аз сигори дасташ кӯрпачаи хона сӯхтаву дуди он соҳибхонаи масти шаробро ба ҳалокат расондааст.

Гуфта мешавад, ки зану фарзанди марҳум дар Русия қарор доранд ва ӯ дар хона танҳо зиндагонӣ мекард. 

Ҷасади марди ҳалокшударо барои ташхис ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд. 

Тафсилоти дигари ҳодиса дастрас нест.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button