ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДУЗДИИ 33 ҲАЗОРУ 700 ДОЛЛАР АЗ САНДУҚИ ОҲАНИНИ ҶДММ “ПАЙВАНД”

Марди 45-солаи сокини пойтахт ба он гумонбар мешавад, ки шаби 22 октябр, тахминан соати 21:30, пинҳонӣ ба дохили корхонаи ҶДММ «Пайванд», воқеъ дар кӯчаи Чортеппа даромада, аз дохили сандуқчаи оҳанин (сейф) 33 ҳазору 700-доллари амрикоиро дуздидаааст.
хххххххххххххх

Сокини 34-солаи қаблан ҳам барои қаллобӣ судшудаи Хуҷанд ба он гумонбар мешавад, ки бо роҳи фиреб аз сокини 34-солаи ноҳияи Б.Ғафуров мошини  тамғаи «Тойота – Кемри»-и арзишаш 175 ҳазор сомониро гирифта, ба дигар кас фурӯхтааст.

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 24 октябри соли 2022

Дастгир гардидани марди 45-сола бо ҷурми дуздӣ

032

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Сино, марди 45-солаи сокини пойтахт ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷиноятӣ дуздӣ, дастгир карда шуд.
Ӯ ба он гумонбар мешавад, ки шаби 22-юми октябри соли 2022, тахминан соати 21:30-дақиқа, бо роҳи пинҳонӣ ба дохили корхонаи ҶДММ «Пайванд», воқеъ дар кӯчаи Чортеппаи шаҳри Душанбе даромада, аз дохили сандуқчаи оҳанин (сейф) 33 ҳазору 700-доллари амрикоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Оид ба ин ҳолат тафтишот идома дорад.

Ба даст овардани маблағи муфт бо роҳи қаллобӣ

035

Зимни анҷом додани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД дар шаҳри Хуҷанд марди 34-солаи сокини шаҳри мазкур, ки пеш бо моддаи 247 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷиноятӣ қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, моҳи октябри соли 2022, бо роҳи фиреб ба боварии марди 34-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров даромада, 1-адад автомашинаи тамғаи «Тойота Кемри», ки арзишаш 175 ҳазор сомониро ташкил медиҳад гирифта, автомашинаи мазкурро ба дигар шаҳрванд фурӯхта, маблағи ба даст овардаро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button