ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳон

ДАР БИШКЕК БОЗ МИТИНГИ ЭЪТИРОЗӢ. ИН ДАФЪА БА ЗИДДИ БА ӮЗБЕКИСТОН ДОДАНИ ОБАНБОРИ КАМПИРОБОД (ВИДЕО)

Рӯзи 24 октябри соли 2022 дар шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон раҳпаймоии эътирозӣ бо талаби ба Ӯзбекистон надодани обанбори Кампиробод ва аз ҳабс озод кардани сиёсатмадорону фаъолоне, ки ба ташкили бетартибиҳои оммавӣ ва ҳатто кӯшиши ғасби ҳукумат айбдор мешаванд, доир шуд. Тазоҳургарон дар назди ҳайкали Михаил Фрунзе ҷамъ шуда, аз он ҷо ба самти майдони Ала-Тоо раҳсипор шуданд.

Фаъоли қирғиз Улан Усойун ба радиои Азаттык, ки низ дар ин раҳпаймоӣ иштирок дошт, гуфт, ки онҳо хостори қатъи таъқиботи сиёсӣ мебошанд.

 “Мо дар раҳпаймоии осоишта қарор дорем ва ҳамагӣ ду шиор дорем: “Кампиробод ба Қирғизистон тааллуқ дорад!” ва “Озодӣ ба тамоми сиёсатмадорону блогерҳои ҳабсшуда”. Мо танҳо ҳамин талабҳоро пеш гузоштаем”,– изҳор дошт Улан Усойун.

Субҳи 23 октябр мақомоти амниятӣ ва ҳифзи ҳуқуқи Қирғизистон дар манзилҳои даҳҳо тан аз сиёсатмадорони мухолиф ва фаъолон кофтукоб гузаронда, бисёрии онҳоро бо иттиҳоми тайёрӣ ба бетартибиҳои оммавӣ ва  нақшаи ғасби ҳукумат дастгир карданд. Омбудсмени  Қирғизистон Атир Абдраҳматова хабар дод, ки то ин соат боздошти 21 нафар бо иттиҳоми ташкили бетартибиҳо тасдиқ шудааст.  

Аз ҷумла раиси собиқи парлумони Қирғизистон Қанатбек Исоев  бо қарори додгоҳи ноҳияи 1 майи шаҳри Бишкек барои як моҳ дар боздоштгоҳи КДАМ ҶҚ ба ҳабс гирифта шудааст. Дастикам 17 нафари дигарро феълан барои 48 соат боздошт кардаанд. Дар байни онҳо вакилони собиқи парлумон Равшан Ҷээнбеков ва Асия Сасиқбоева,  додраси собиқи Додгоҳи Қонуни асосӣ Клара Сооронқулова, узви собиқи Комиссияи марказии интихобот Гулнора Ҷӯрабоева, собиқ додситони кулли Қирғизистон Азимбек Бекназаров, сиёсатмадорон Жениш Молдакматов, Бектур Асанов, фаъолон Эрлан Бекчоро, Али Шабдан, Перизат Суранова, Улуғбек Маматаев, Гулнора Ҷӯрабоева, Таалай Мадеминов, Чингиз Капаров, Атай Бейшенбек, Рита Карасартова ва журналист Айданбек Акмат уулу низ ҳастанд.

ВКД Қирғизистон гуфт, бар асоси моддаи 36-278  бо иттиҳоми тайёрӣ ба бетартибиҳои оммавӣ бо кӯшиши минбаъдаи ғасби ҳукумат парвандаи ҷиноятӣ кушода шудааст. ВКД бидуни ироаи ҷузъиёт ҳамчунин хабар дод, ки “дар рафти тафтиш далелҳое ба даст омад, ки афроди алоҳида ба ташкили бетартибиҳои оммавӣ ва ғасби ғайриқонунии ҳукумат омодагӣ мегирифтанд”.

Рӯзи 10 октябр кумитаи равобити байналмилалӣ, мудофиа, амният ва муҳоҷирати Жогорку Кенеш, парлумони Қирғизистон созишномаи таъйин ва аломатгузории марзи Қирғизистон бо Ӯзбекистонро тасдиқ кард. Бар асоси он, обанбори Кампиробод (Андиҷон), ки соли 1983 сохта шудааст, бо 4 ҳазору 485 гектар замини зери он ба ихтиёри Ӯзбекистон мегузарад ва Қирғизистон дар иваз 19 ҳазору 699 гектар замин мегирад.  Раиси КДАМ Қирғизистон Қамчибек Тошиев гуфт, ин обанборро ду кишвар муштаракан идора ва истифода хоҳанд кард.

Аммо рӯзи 15 октябр дар Узген дар як қурултой фаъолон ва тарафдорони оппозитсияи қирғиз кумитаи ҳимоят аз обанбори Кампирободро ташкил карданд.  Дар Узген раҳпаймоии эътирозии мухолифони ба Ӯзбекистон додани ин обанбор низ доир шуд.

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов  рӯзи 22 октябр дар мусоҳиба бо хабаргузории “Кабар” гуфт, “иғвогарон” мардумро дар ин масъала гӯл зада истодаанд ва ӯ хуб медонад, ки дар паси эътирозҳо киҳо истодаанд. Ҷабборов иддао кардааст, ки масъалаи марзҳои баҳсӣ бо Ӯзбекистон 99% ба фоидаи Қирғизистон ҳал шудааст.

Вале роҳбарони оппозитсия ба ин табодули заминҳо назари дигар доранд.

Ӯзбекистону Қирғизистон 1378 километр марзи муштарак доранд. Тайи беш аз 30 соли гузашта аз суқути Шӯравӣ ду кишвар натавонистанд хатти марзи худро пурра муайян кунанд.  Соли 2017 раванди таъйин ва аломатгузории марзи ин ду кишвар аз ҷо ҷунбид ва ҷонибҳо  85% ин марзҳоро таъйин ва аломатгузорӣ карданд. То аввали соли 2022 танҳо 230 километр марзи Қирғизистону Ӯзбекистон бо наздики 50 қитъаи баҳсӣ аломатгузориношуда боқӣ монда буд, аз ҷумла обанбори баҳсии Кампиробод.

Қирғизистон бо Хитой, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳаммарз аст. Бишкек марзҳояшро бо Қазоқистону Хитой пурра таъйин ва аломатгузорӣ кард, вале бо Тоҷикистону Ӯзбекистон то ҳол ин раванд ба анҷом нарасидааст. Моҳи сентябри соли 2022 дар қитъаҳои баҳсии марзи Қтирғизистон бо Тоҷикистон даргириҳои сахте сурат гирифт, ки бо беш аз 140 кушта ва ҳудуди 750 захмиаш хунинтарин муноқиша дар таърихи муноқишаҳои марзии тамоми Осиёи Марказӣ баъд аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ дониста мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button