АфғонистонВидеоТоҷикистон

СИЁСАТМАДОРИ ТОҶИК ГУЛБУДДИН ҲИКМАТЁРРО “РӮБОҲИ ЛАНГИ ТИРХӮРДА” ВА “МУРҒ” НОМИД (ВИДЕО)

Гулбиддини Ҳикматёр, як фармондеҳи собиқи ҷиҳодӣ, ки ҳоло аз режими нави Толибон ҳимоят мекунад, гуфтааст, агар Тоҷикистон ҷангеро дар Афғонистон доман бизанад, ин ҷанг ба худи Тоҷикистон кашида хоҳад шуд. Ҳикматёр аз Тоҷикистон ва мардумаш хостааст, нагузоранд, ки кишварашон ба Украина ваё Афғонистони дувум мубаддал бишавад.

Саидҷаъфар Усмонзода, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон ва вакили парлумони ин кишвар, дар як вокуниши тунд ба ин суханони Ҳикматёр дар посух ба суоли хабарнигори афғон гуфт, ки дар Тоҷикистон Ҳикматёрро “рӯбоҳи ланг”е медонанд, ки ҳарфаш арзише надорад. Ӯ бо ишора ба давраҳое, ки Ҳикматёр аз режими қаблии Толибон дар миёнаи солҳои 90 ба Тоҷикистон фирор карда буд, гуфт:

“Гулбиддини Ҳикматёр дар солҳои 90 ҳамчун як рӯбоҳи ланги тирхӯрда ба Тоҷикистон омада буд. Бо супориши ҳамин президенти мо, мо ӯро шифо додем, дору кардем пои ҳамин рӯбоҳи лангро. Имрӯз боз мехоҳад, ки ба мо таҳдид кунад? Ӯ барои мо сифр аст, як мурғ аст, ҳичӣ аст. Сифр аст! Мо таҳдиди Гулбиддинро ҳамчун таҳдиди як рӯбоҳ медонем. Умуман барои мо ягон хатар надорад.”

Саидҷаъфар Усмонзода дар идомаи суханонаш гуфт, дар Тоҷикистон ҷамъияте бо номи ҷамъияти шикорчиён амал мекунад, ки 350 ҳазор узв дорад. Усмонзода гуфт, ҳазорон нафари ин шикорчиён тирпарронӣ бо камонҳои снайпериро баланд ва метавонанд ҳар ҳадаферо дар фосилаи ҳатто чанд километр нишон бигиранд ва бизананд.

“Ин шикорчиҳо оҳуро аз чанд километр мезананд. О магар шиками ғафси Гулбиддинро зада наметавонанд? Ё тирашон ба пешонии паҳни ӯ намерасад?”  – гуфт раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон бо як лаҳни тунд.

Ҳикматёр, ки баъди ба дасти Толибон афтодани қудрат дар Афғонистон дар моҳи августи соли 2021 аз режими нави ин ҳаракати тундрав пуштибонӣ кард ва дар иваз имоматии як масҷиди ҷомеъро дар Кобул ба ӯ доданд, дар мавъизаҳои пеш аз намози ҷумъааш алакай чандин дафъа  аз ҳукумати кунунии Тоҷикистон барои пуштибонии Душанбе аз Ҷабҳаи муқовимати миллӣ  интиқод карда, ҳатто чанд дафъа таҳдид карда буд, ки ҷангҷӯёни Толибон метавонанд ба мухолифини мусаллаҳи тоҷик пойгоҳ бидиҳанд ва вазъро дар Тоҷикистон ба ҳам бизананд.

Ӯ қаблан гуфта буд, ки дар солҳои 90 ӯро  дар Тоҷикистон бо хоҳиши Аҳмадшоҳи Масъуд ҳамчун гаравгон дар ҳоли нимаасорат нигоҳ медоштанд.  Ҳикматёр наздики як сол дар Тоҷикистон ба сар бурд ва сипас ба Эрон рафт. Ҳикматёр аз онҷо танҳо соли 2017, баъди 16 соли суқути режими қаблии Толибон тавонист ба Афғонистон баргардад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button