ВидеоИқтисодТоҷикистонЧеҳраҳо

ҲАМАГӢ 53 СОЛ ДОШТ… ДАРГУЗАШТИ ВАЗИРИ СОХТМОН ВА МЕЪМОРИИ ТОҶИКИСТОН МАҲМАДСАИД ЗУВАЙДЗОДА

Кумитаи меъморӣ ва сохтмони ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 22 октябри соли 2022 хабар дод, ки раиси ин кумита Зувайдзода Маҳмадсаид Маҳмуд имрӯз дар синни 53 аз олам даргузашт. Аҳли Кумита ба наздикон ва пайвандони марҳум изҳори тасаллият намуда, аз Худованди муттаол барои онҳо сабри ҷамил хостаанд.

Дар номаи таслияти Кумитаи сохтмон ва меъморӣ дар бораи иллати даргузашти Маҳмадсаид Зувайдзода дар чунин синни ҷавон чизе гуфта нашудааст. Вале дар гуруҳи “Данғара Сити”  Лашкар Шарифзода навиштааст, ки раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон субҳи 22 октябри соли 2022  “бар асари беморӣ” даргузаштааст. Бино ба иттилои Шарифзода, намози ҷанозаи марҳум вақти намози пешин дар маҳаллаи Гипроземи шаҳри Душанбе баргузор шуда, сипас ӯро барои ба хок супурдан ба зодгоҳаш, деҳаи Шаршари ноҳияи Данғара мебаранд.

Маҳмадсаид Зувайдзода, ки чанд сол муовини якуми Рустами Эмомалӣ дар шаҳрдории Душанбе буд, яке аз мансабдорони хушном ва шоистаи ҳукумати имрӯза дониста мешуд. Марҳум бо хоксорию фурӯтании худ фарқ мекард ва бо вуҷуди мансабҳои баландаш бо ҳама як хел: бо камоли эҳтиром муносибат дошт. Дар давраи кораш дар шаҳрдории Душанбе ӯро “дасти рости Рустами Эмомалӣ” низ ном мебурданд.

Зувайдзода Маҳмадсаид Маҳмуд 2 марти соли 1969 дар деҳаи Шаршари ноҳияи Данғара таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Аз соли 1987 то соли 1989 дар сафи Артиши шӯравӣ адои хизмат намудааст. Соли 1989 ба техникуми сохтмонии шаҳри Душанбе дохил шуда, онро соли 1991 бо ихтисоси техники бинокор хатм намудааст.
Соли 1999 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ ва соли 2011 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимиро бо ихтисоси муҳандис-сохтмончӣ хатм намудааст.
Фаъолияти меҳнатиашро аз соли 1991 дар Раёсати сохтмонии «Монолит-2»-и ҶСК «Монолитстрой»  оғоз карда, дар вазифаҳои усто, муҳандис оид ба таъминот, саркор, сармуҳандис ва сардори ҳамин корхона кор кардааст. Моҳи сентябри соли 2006 ба вазифаи мудири ҶСК «Монолитстрой», (аз моҳи январи соли 2007 номи ҶСК «Монолитстрой» ба ҶСК «Сомон-Тоҷиксохтмон» иваз карда шуд) таъин шуда, то моҳи январи соли 2009 кор кардааст.Аз 16 январи соли 2009 ба вазифаи мудири кулли ҶСК «Тоҷиксемент» таъин шуда, то соли 2013 фаъолият намудааст.
Бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2013 мудири идораи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи президент таъин шуда, 12 январи соли 2017, ҳамзамон бо таъйини Рустами Эмомалӣ ба мақоми шаҳрдори пойтахти Тоҷикистон бо фармони президент, муовини аввали раиси шаҳри Душанбе таъин шуд. Аз 18 ноябри соли 2020 бо қарори ҳукумат, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд.

Маҳмадсаид Зувайдзода бо ордени «Шараф» дараҷаи 1 ва унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон» сарфароз гардонида шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button