Хабарҳои кӯтоҳ

БОЗДОШТИ ДУ НОБОЛИҒ БАРОИ ДУЗДИИ ДУ ДУЧАРХАИ ГАРОНБАҲО ДАР ДУШАНБЕ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон рӯзи 22 октябри соли 2022 аз ошкор шудани боз як ҳодисаи дуздӣ дар пойтахт, шаҳри Душанбе хабар дод.

Бино ба иттилои ин ниҳод, ба ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 36-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки шаби 12 ба 13-уми октябри соли 2022, тахминан соати 01:20 шахсони номаълум бо тариқи пинҳонӣ аз ошёнаи 7-уми бинои истиқоматии онҳо 2-адад дучархаи гаронбаҳоро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 11 ҳазору 500 сомонӣ, ё тақрибан 1100 доллари Амрикоро ташкил додааст.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия, ду ноболиғи 17-сола, ҳарду сокинони шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани  ин ҷинояти дуздӣ дастгир карда шудаанд.
Оид ба ин ҳолат тафтишот идома дорад.

Дуздӣ яке аз ҷиноятҳои аз ҳама роиҷ дар Тоҷикистон ба шумор рафта, тақрибан чоряки тамоми ҷиноятҳои дар кишвар содиршударо ташкил медиҳад. Аз ҷумла дар нимаи аввали соли 2022 дар Тоҷикистон 2858 ҷинояти дуздӣ сабт шудааст. Дар ҳамин давраи як соли қабл дар ҷумҳурӣ 3566 ҷинояти дуздӣ сабт шуда буд. Вале ба бовари бисёриҳо, шумораи воқеии ҷиноятҳои дуздӣ хеле бештар аз ин рақамҳои расмист. Дар бисёр мавридҳо онҳое, ки ҳадафи дуздӣ қарор мегиранд, ба мақомот муроҷиат намекунанд. Мавридҳое ҳам ҳаст, ки ба гуфтаи сокинон, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба хотири зиёд нашудани шумораи ҷиноятҳои нокушода шикоятҳои шаҳрвандонро дар мавриди дуздидану молу пулашон  сабт намекунанд.

Моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дуздӣ ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи аз 500 то  2000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда баробари 64 сомонӣ, ё ҳудуди 6 доллари амрикоист) ваё ҳукми зиндон ба муҳлати аз чанд моҳ то 12 солро пешбинӣ мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button