ВидеоҶомеа

ЗИКРИЁ ОДИНАЕВ БАРОИ ЛАТТУКӮБИ ТИФЛИ ХУРДСОЛАШ АЗ ҲАМА УЗР ПУРСИД (ВИДЕО)

Зикриё Одинаев, як сокини 47-солаи Душанбе, ки видеои тифли хурдсолашро бераҳмона латтукӯб кардани ӯ  чанд рӯз пеш дар Интернет паҳн шуда, мавҷи вокунишҳои манфиро ба бор овард,  рӯзи 12 октябри соли 2022 бо нашри як видеои кӯтоҳ, аз ҳама барои ин рафтори бадаш узр пурсид.

Зикриё Одинаев, ки дар ин навор ҳамон фарзанди озордодааш Муҳаммад дар даст зоҳир шуд, аз ҷумла гуфт: “Ман падари Муҳаммад. Дина нисбат ба ҳамин фарзандам бераҳмона рафтор кардам. Аз ҳама бахшиш мепурсам. Мефаҳмам, ки ҳама гизала шудед. Барои ҳамин аз ҳама бахшиш мепурсам. Ин дигар такрор намешавад. То вақте ҳастаму ҳаст”.

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе қаблан хабар дод, ки корманди милитсияи пойтахти Тоҷикистон  марди кӯдакозорро муайян ва дастгир карда, ҷазо додаанд. Вале милитсияи Душанбе гуфт, азбаски Зикриё Одинаев баъди ҷудо шудан аз ҳамсараш ва тақсими 4 фарзанд тарбия ва таъминоти ду кӯдаки хурдсолро бар дӯш дорад, ӯро танҳо ҷарима бастаанд ва ба таври қатъӣ огоҳ кардаанд, ки дигар ба чунин ҳолат роҳ надиҳад ва фарзандонашро ба сурати шоиста тарбия кунад.

“Дар натиҷаи пешбурди як қатор корҳои оперативӣ-санҷишӣ муайян карда шуд, ки марди дар навор инъикосёфта шаҳрванд Одинаев Зикриё Гулмадович, санаи таваллудаш 18.02.1975, зодаи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ буда, муваққатан истиқоматкунандаи н.Фирдавсӣ, кӯчаи М.Маҳмадалӣ мебошад. Зимни пурсиш муайян карда шуд, ки номбурда аз ҳамзистӣ бо собиқ ҳамсари худ соҳиби 4 фарзанд гардида, бинобар сабаби нофаҳмиҳои оилавӣ аз ҳам ҷудо  шудаанд ва 2 фарзанди хурдсол зери тарбия ва нигоҳубини ӯ қарор доранд.  Бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбати шаҳрванд Одинаев Зикриё маводи лозима тартиб дода шуда, бинобар сабаби зери тарбия ва таъминоти ӯ қарор доштани кӯдакони хурдсол ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ татбиқ карда шуда, ҷиҳати такрор наёфтани чунин ҳолат ва таъминоту тарбияи шоистаи фарзандон ба таври қатъӣ огоҳонида шуд”, гуфта мешуд дар иттилоияи РВКД шаҳри Душанбе.

Аммо бисёриҳо ҷаримаро ҷазои хеле сабук барои рафтори бераҳмонаи ин падар мешуморанд.

Тавре қаблан хабар додем, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва Интернет видеое нашр шудааст, ки дар он лаҳзаҳои як кӯдаки хурдсоли зоҳиран се ило чорсоларо бераҳмона латтукӯб кардани як марди миёнасоли мӯшҳояш мошубиринҷ бо ришу мӯйлаби кӯтоҳ сабт шудааст.

Дар видеое,  ки қисмати аввалаш тавассути видеокамераҳои назоратӣ сабт шудааст, дида мешавад, ки ин мард аввал кӯдакро дар як гӯшаи хилват бераҳмона латтукӯб мекунад ва сипас аз як дасташ кӯдакро боло бардошта, бидуни андешаи он ки дардаш медиҳад, ӯро ҳамчунон роҳ ба роҳ зада-за то ба пеши мошинаш  меорад ва инҷо ҳам кӯдакро бо зарда ва бе ягон тараҳҳум ба бордон (багажник) мепартояд.  Мард ба латтукӯби кӯдак дар дохили бордони мошин ҳам идома медиҳад ва як ҷавоне, ки чеҳрааш наменамояд, дигар тоқат накарда, телефонаш дар даст ба пеши ин марди бераҳм меояд ва бо ӯ ҷанҷол мекунад, ки чаро кӯдаки бечораро зада истодааст? Он мард мегӯяд, ки кӯдак эзорашро ҷазир карда буд ва барои ҳамин, ӯро задааст.

Ҷавон аз гиребони мард мегирад ва мегӯяд, медонӣ, ки барои ин метавонанд ба ҷавобгарӣ бикашандат? Вале мард ба ҳарфҳои ӯ эътиборе намедиҳад.

Ин ҳама муддат садои гиряи кӯдак ба гӯш меояд ва ӯ чанд дафъа ба дурбини камера ҳам меафтад, ки чашмону рухсораҳояш аз ашк тар шудааст ва беист мегиряд.

Ҷавоне, ки идомаи ин ҳодисаро алакай бо камераи телефонаш ба навор мегирифт, рангу тамға рақами мошини он мардро ҳам сабт мекунад:  Мошини сабукрави “Тойота”-и рангаш сафед ва рақами қайди давлатиаш 9005МА01.

Аз сабти видеокамераҳои назоратӣ дида мешавад, ки ҳодиса 10 октябри соли 2022, байни соатҳои 11:20 то 11:30 рӯй додааст.

Бисёриҳо дар зери ин видео аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ талаб кардаанд, ки ин мардро, ҳатто агар падари он кӯдак бошад, пайдо карда, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ бикашанд.

Қонунгузории Тоҷикистон барои азобу уқубати кӯдак метавонад ҳатто падару модари ӯро ба ҷавобгарӣ бикашад. Моддаи 117 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои азобу уқубати кӯдак ҳамчун ҷазо аз 3 то 7 соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Барои чунин амал бар асоси Кодекси оила  дар Тоҷикистон волидонро метавонанд аз ҳаққи падару модарӣ ҳам маҳрум карда, тифлашро ба ятимхона бисупоранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button