ФарҳангЧеҳраҳо

СОҲИБДИЛЕ АЗ ТАБОРИ ШЕЪР: ШОИРИ ТОҶИК ВОРИС БА СИННИ 60 РАСИД

Эй кош шавад лутфи Худоям зоҳир,

Шоир шавам мисоли Бобо Тоҳир.

То шеъри маро дар сари гўрам хонанд,

Ёрону бародарон ба поси хотир.

Муаллифи ин шеър Ворис рӯзи 13 октябри соли 2022 ба синни мубораки 60 расид!

Одил Нозир 

60-СОЛАГИИ ВОРИС ХУҶАСТА БОД!

Шоир ва журналисти шинохта Ворис 60-сола шуд. Банда акои Ворисро солҳост, ки мешиносам ва эшонро фарди озода ва фарзона дарёфтаам. Ба муносибати мавлуди эшон нӯшбоде гуфтам, ки дар маҷмӯаи “Барги дуо” (мураттиб Муҳммадуллоҳи Табарӣ) ҳам нашр шудааст. Ба орзуи умри дарози устод Ворис нӯшбоди ман ҳам дароз шуд.

Одил НОЗИР

ДАРАХТ БОЯД БУД…

Нӯшбод дар ҷашни камолоти шоир Ворис

Суҳроби Сипеҳрӣ дар яксолагии зодрӯзи фарзандаш мегӯяд: “Азизам, як баҳор, як тобистон, як тирамоҳу як зимистонро дидӣ. Аз ин пас ҳама чиз такрорист!”. Оре, рӯзҳо, ҳафтаҳо, моҳҳо, солҳо такрор мешаванд ва ин такрорҳо умри моро бо худ мебаранд. Ва ҳар чанд ки «зиндагӣ маҳруми такрор асту бас» яке худро дар он комил месозад ва дигаре бо ғафлат худро мебозад.

Бародари бузурги мо Ворис дар давоми зиндагии пур аз шебу фарози хеш барои расидан ба камолоти инсонӣ ва эҷодӣ қадамҳои устувор бардоштаву талошҳои зиёд кардааст. Талошҳои ӯ на барои расидан ба мансабҳои баланд, шуҳрат ёфтан, сарват ғундоштан ва дигар ниёзҳои моддӣ, балки ба хотири тавфиқ ёфтан дар роҳи эҷод будааст, ки Худованд дар қисматаш навиштааст ва, хушбахтона, кӯшишҳои Ворис самар ҳам овардаанд. Беш аз 30 сол аст, ки алоқамандони адабиёт ӯро ба симати шоири рангинхаёл, дӯстодорони телевизион ҳамчун ровии хушбаён, хонандагони матбуот ба ҳайси журналисти чирадаст, аҳли илм чун суханшиносу тазкиранигор мешиносанд ва эътироф мекунанд.

Ворис аввал шоир аст. Аз авоили солҳои навади садаи гузашта ба майдони адабиёт ворид гардид ва нахустин маҷмуаи шеърҳояш – «Рози бараҳнагӣ» – ро соли 1998 ба дасти чоп расонд. Дувумин маҷмуаи ашъораш «Ҷоми гӯё» соли 2001 манзури хонандагон гашт.

Китобе, ки шоирро миёни мухлисони шеъру адаб густардатар муаррифӣ кардааст «Дар чор фасли лаҳзаҳо» мебошад, ки соли 2008 нашр шуд. Шоирест, ки дар баробари таҷриба кардани шеъри суннатӣ майли бештаре ба шеъри сапеду озод дорад ва дар ин самт аз шоирони муваффақи тоҷик ба ҳисоб меравад.

Ворис шоирест, ки аз диёри рангҳову ҳисҳо, дардҳову шодиҳо, ошноиву бегонагиҳо, худсохтану худбохтанҳо, сӯхтану гудохтанҳо омадааст. Шеъри ӯ аз оғози пайравиҳояш ба адабиёти гузашта то таҷрибаҳояш дар шеъри нав марҳилаи пурарзиши рушди инсони ошиқу гирифтореро нишон медиҳад, ки дар печутоби зиндагии модиву ирфонӣ худро меҷӯяд ва дар ин ҷустанҳо аз сарзамини рангҳо то ба берангӣ сафар мекунад. Шоир дар шеърҳои худ бо вожаҳое сабз ба гӯши пайкари ҳис ва андешаи мо пайғоме аз ҳақиқати зиндагиро мерасонад. Ин пайғомҳо он қадар содаву шево ҳастанд, ки ба дили хонанда таъсири амиқ мегузоранд. Дигар вежагии шеъри Ворис, ки банда дарёфтам, ҳикмат аст. Ӯ ба зиндагӣ нигоҳи ҳикматомез дорад. Асрори ҳастиро аз табиат меҷӯяд. Дар шеъраш, махсусан дар шеъри нав, мекӯшад аз одитарин чизҳое, ки дар атроф ҳастанд, омӯзад ва хонандаро водор мекунад, ки ба ашёеи, ки як умр мебинад, бо эҳсоси нав, аз зовияи дигар нигарад. Ворис мекӯшад, хонандааш чун худаш даруннигар бошад. Барои мисол шеъри “Дарахт” – ро мехонем:

Дарахт бояд буд:

Бо барг-барг дуо,

Бо шоха-шоха меваи дил.

Дарахт бояд буд:

Бо решае ба хоки саодат,

Бо қомате ба авҷи ибодат.

Дарахт бояд буд:

Саршор аз хузури тиловат,

Саршор аз қад қомату қиём.

Дарахт бояд буд:

Барои марди мусофир,

Барои мурғи муҳоҷир дар интизори Ҷабраил.

Дарахт бояд буд:

То зиндагист ҷониби Хуршед рӯ намуд,

Бо обу боду оташи айём хӯ намуд.

Дарахт бояд буд:

Бо сӯраҳои сабз…

Дар ин шеър дарахт инсон аст, бо барг-барг дуо ва шоха-шоха меваи дил, ки умед аст ва аз хоки саодат ба авҷи ибодат сар кашида. Ин шеър хеле зебост ва дилнишину муассир.

Ворис имрӯзҳо дар кишвари мо яке аз парчамдорони шеъри нав ё сапед аст. Дар чунин навъи шеър, ки аз шоир маҳорати баландро талаб мекунад, ӯ тавфиқ ёфтааст. Шеъри сапеди ӯ маҳсули диди шоирона ба зиндагӣ ва бардоштҳои ғайриодии ӯ ҳастанд. Шеърҳои ӯ пеши назари хонанда манзараи томро ҷилвагар мекунанд, манзараи рангину қашангро.

Ду пора шеъри ӯро мехонем, ки муваффақияти шоири шеъри нав аст:

Дилам андуҳеро мемўид

Нафасам пора – пора мешикаст

Нигоҳам њавзи рўшани њузне буд

Ки дар умқаш

чароғаке роњи дардамро

мунаввар мекард.

(“Мусофир”)

***

Модарам боғест

Рўи ҷонамози пургули хеш.

Ва ман

Як хўша ангури ғазал

Дар боғ.

(“Модар”)

Дар сурудани шеъри суннатӣ, махсусан дар ғазал, Ворис чирадаст аст. Ӯ ки адабиёти классикиро ба хубӣ фаро гирифта, асрори сухани Ҳофизу Саъдӣ, Бедилу Мавлоно ва дигар бузургонро шинохтааст, мекӯшад дар ғазал ҳарфи тоза бигӯяд. Ғазалҳояш ҳавои классикиро доранд ва дар баробари ин, дилнишин ҳастанд.

Ман ба танҳоӣ дар ин кулба, ки одат кардам,

Рӯ ба меҳроби дили хеш ибодат кардам.

З-атри ӯ маст шудам дар шаби танҳоиям,

Он қадар бо маю маъшуқ ҳаловат кардам….

Саҳар афтов заду он шаби райҳониро,

Ман ба ашки сари ҳар мижа таҳорат кардам…

Ворис табъи равони шоирӣ дорад. Лаҳзаҳои одии ҳаёт метавонанд манбаи илҳомаш бошанд. Рӯзе дар Фейсбук навишт: “Аз паҳлуи коргоҳи мо – «Шарқи озод» рӯди Варзоб мисли як мисра ашке ҷорист. Аз рӯи имкон нисфирӯзиҳо ҳамроҳи ҳамкорон қад-қадди рӯд қадам мезанем. Мо, аслан, ба тамошои ду мурғи дарё, ду мурғи ошиқ меравем, ки ба оби рӯдхона шино мекунанду дар фазояш парвоз менамоянд. Вуҷуди онҳо ба рӯди Варзоб ҳусн мебахшад. Шеъри зерин илҳом аз он парандаҳост.

Шиновар ба мавҷ аст мағруру зебо,

Ҳамон мурғи ошиқ, ҳамон мурғи дарё.

Шоир чунон шефтаву шайдои мурғи дарё мешавад, ки орзу мекунад, то дили ошиқаш мавҷе шавад, то боли мурғи дарёро бибӯсад.

Тамошо кунӣ гар навори диламро,

Ба ҷуз мурғи дарё набинӣ ту он ҷо.

Ворис на танҳо шоири хуб, балки яке аз мубаллиғони хуби адабиёт низ мебошад. Аз оғози фаъолияти журналистиаш, ки аз ҳафтаномаи «Омӯзгор» шуруъ шуда, дар ҳафтаномаи «Наврӯзи Ватан», Радиои «Тоҷикистон», ҳафтавори «Адабиёт ва санъат», Телевизиони «Симои мустақили Тоҷикистон», ҳафтаномаи «Ҳамроз» ва рӯзномаи «Садои мардум» идома меёбад, ӯ ҳамеша масъули бахши адабу ҳунар будааст. Табиист, ки дар дарозои 30 сол пайваста барои тарғиби адабиёти асил ва ҳунари асил талош варзидааст. Барои мисол чанд сол қабл барномаи “Шоми ғазал” бо ширкати ӯ хеле машҳур шуда буд.

Ҳамон даврон бо акои Ворис ва ҷамъи ҳамкасбон ба зодгоҳи одамушшуаро Рӯдакӣ сафар доштем. Раҳораҳ аз Душанбе то Панҷакент ва дар шаҳру деҳоти ин сарзамини адабпарвар ҳар ҷо пиёда мешудем, мардум акои Ворисро гирд гирифта мегуфтанд:

– Шумо Вориси шоир. Мо барномаи “Шоми ғазал” – ро бо иштироки шумо тамошо мекунем. Касе Ҳофизи лисонулғайб, Аттор, Саъдӣ, Муҷахрафӣ, Соиб ва Сайидоро дар пояи шумо дарк карда, шарҳ дода наметавонад…

Дуруст ҳам мегуфтанд, мардуми сухансанҷи Панҷакент. Ворис воқеан, ҳам адабиёти классикии моро ба хубӣ омӯхтааст ва андӯхтаҳояшро ҳам дар шеъраш ҳам дар навиштаҳои публитсистиву журналистиаш ва ҳам дар барномаҳои телевизиониву суҳбатҳои одиаш ба хубӣ истифода мекунад. Дилхоҳ навиштаи Ворисро хонанда мутолиа кунад, дарк менамояд, ки онро шоир навиштааст.

Вориси шоир қалби ҳассос дорад. Аз ҳар дидаву шунидааш, гоҳо аз шунидаҳои сода ҳам ба ваҷд меояд. Як нақли ӯ, аз ёдам намеравад:

“Дар деҳаи Деҳлолои кӯҳистони Муъминобод меҳмони Абдухолиқ Мирзозода будем. Баъди намози шом ҳамсояҳо дар хонаи он дӯст ҷамъ омаданд. Суҳбати ширине оғоз гашт. Дар миёни ҷамъ пирамарде баландболо, бо рише нуқраӣ, ҷелаку курта ва дастори сапед дар бар менишаст. Вақте сухан дар бораи таъриху забони миллӣ рафт, ӯ риштаи суханро ба даст гирифту гуфт:

– Дар даврони қадим, ки солу моҳу рӯзашро ба ҷуз Худованд касе намедонад, Заминро ба ҳафт ҳиссаи баробар тақсим карданд ва ба ҳар ҳиссае забонеро ҳоким таъин намуданд. Он замон забони тоҷикӣ низ дар миёни дигар забонҳо маълуму машҳур ва ҷойгоҳи баланде дошт. Аз рӯи эҳтиром аз вай пурсиданд, ки дар кадом ҳиссаи Замин подшоҳӣ кардан мехоҳӣ? Забони тоҷикӣ маркази Заминро интихоб кард. Аз ҳамон даврон то имрӯз забони тоҷикӣ дар маркази Замин ҳукм меронад. Бинобар ҳамин, фаромӯш накунед, ки забони моро Худованд дар шумори забонҳои хос офаридааст.

– Ин ривоят дар Муъминобод машҳур аст? – пурсидам аз он пирмард.

– Ин қиссаро дар ин ҷо одамони солдида нағз дар хотир доранд, – гуфт ӯ ва суханашро идома дод. – Агар дуруст фикр кунед, ҳақиқат доштани ин ривоятро ба осонӣ ҳис мекунед. Қаламрави забони тоҷикиро борҳо бегонагон ғасб карданд, вале касе ҷуръат накард, ки забони моро аз тахт фурорад. Балки ба он ҳатто бегонагон эҳтиром қоил буданд. Онҳо забони моро дарӣ, яъне забони дарбор, забони маснаднишин ном ниҳоданд. Исломро низ тоҷикон қуввату мадор бахшиданд, – ширину ботамкин сухан мегуфт ӯ, – аз шаш муҳаддиси бузурги ислом панҷтоаш тоҷик буданд. Кифоя аст, ки номи Имом Бухориву Имом Тирмизиро ба забон гирем”.

Албатта, фарзияи “миёнаи Замин” бофтаву афсонае беш нест, вале он шоири худшиноси моро ба ваҷд овардааст, зеро дар меҳвари ин қисса забон меистад, забоне, ки Ворис ба он арҷ мегузорад.

Дар бораи эҷодиёти адиби чирадаст Ворис сухан гуфта, намешавад, хислатҳои ҳамида ва неки эшонро васф накард. Бародари мо шеваи роҳ рафтан, дарси зиндагӣ карданро аз рӯди Алмосӣ омӯхтааст: поку зулол, пуртуғёну пурнаво. Мисли он рӯд дар худ печидаву бо мавҷҳои зиндагӣ қиём намуда, бо ғуруре саршор аз худшиносиву дилогоҳӣ миёни мо кору фаъолият дорад. Эшон дӯсти бовафо, рафиқи шафиқ, инсоне дилогоҳу дардошно ҳастанд. Ҳузурашон дар маҳофилу маҷолис нуру зиё меафканад.

Дар поёни ин навишта, боз ҳам як нақли акои Ворисро ба ёд меорам: “Соли 2006 ҳамроҳи нависанда Равшани Махсумзод ва Шоири халқии Тоҷикистон Озар Салим ба Эрон сафар кардем. Дар он сафар ба Ҳамадон рафтем, дар меҳмонхонаи «Бобо Тоҳир» ҷой гирифтем. Дар рўбарўи меҳмонхона дар боғи зебое оромгоҳи Бобо Тоҳири Урён – он шоир ва орифи бузург ҷой дошт. Дар девори мақбара таронаҳои шоир ҳаккокӣ шуда буданд. Зоирон он таронаҳоро мехонданду ёди шоирро гиромӣ медоштанд. Ҳамон ҷо дар пои мақбараи он бузургвор дар дафтари ёддоштҳоям рубоии зеринро навишта будам:

Эй кош шавад лутфи Худоям зоҳир,

Шоир шавам мисоли Бобо Тоҳир.

То шеъри маро дар сари гўрам хонанд,

Ёрону бародарон ба поси хотир.”

Ин орзуи Вориси ҷавон ба шеъраш аст. Гарчанде шеърхониро чун поси хотир дар сари гӯраш орзу мекунад, вале барои як шоир орзуи баде нест… Инак, баъди тай кардани шебу фарози зиндагӣ, корвони умри Ворис ба қуллаи 60 расид. Яъне, ба камолоти умр. Шояд имрӯз орзуҳои Ворис ба дигар шева садо диҳанд, вале бовар дорам, ки ӯ чун ҳар як эҷодкори дигар, ба шеъраш таманниёти нек, орзуи ҷовидонагӣ талаб мекунад. Банда ҳам, баъд аз он ки аз даргоҳи Худованд ба бародари бузургам орзуи умри дароз, сиҳатии тану ҷон ва саодати рӯзгорро талаб мекунам, ба шеъраш умри ҷовидон мехоҳам.

Фурқат Саидзода 

  · 

Соҳибдиле аз табори шеър

Замоне дар бинои “Ошёни булбулон” бо устод Ворис ҳамкор будем. Устод сармуҳаррири идораи барномаҳои фарҳангии Радиои тоҷик ва банда овозхони ансамбли давлатии “Шашмақом” ба номи Ф.Шаҳобови Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ будам. Боре дар саҳни ҳавлии коргоҳ бо шуморе аз ҳунармандон машғули сӯҳбат будем. Устод Ворис ҳамроҳи нафаре аз ҷониби студияи сабти овоз омаданд ва дасти ҳар якеро фишурда дар охир рӯ ба рӯ бо ман самимона аз ҳолу аҳволам пурсон шуданд. Ростӣ, то ин лаҳза аз ашъори ноби устод огаҳӣ доштам, аммо намедонистам, ки ҳамдиёрем.. Баъдан барои сӯҳбат пиромуни ҳунару ҳунарварӣ ба студияи радио даъват карданд ва аз дарду доғи ҳунар ба шунавандагон гуфтем. Ва ҳамин сӯҳбати самимӣ моро қарин гардонид ва дигар рӯзе набуд, ки ба суроғаш наравам. Ҳар субҳ дар утоқи кории устод Ворис ҳарфи мо аз ватандориву хештаншиносӣ ва шеъру мусиқӣ буд. Гоҳе барои дарку фаҳми баъзе аз шеъру ғазалҳое, ки дар асарҳои Шашмақом ҷо ёфтаанд, душворӣ мекашидам ва хушбахтона ин мушкил ҳам баъди ошноӣ бо устод Ворис рафъ шуд. Ҳар ғазале, ки пешниҳоди устод месохтам, оромона, шоирона ва бо як ҷаҳон маънӣ шарҳу эзоҳ медоданд. Чун шеърҳо орифона буд ва дар қолаби оҳангҳои классикӣ танинандоз мегардид, устод дархост ва таъкид мекарданд, ки мо бояд дарду мафҳуми шеърро ба сомеъон бирасонем. Ин нишастҳо бо нафари соҳибдил гомҳои минбаъдаамро дар роҳи ҳунари асил устувортар карданд.

Ҳамнишиниҳои қобил кард Афлотун маро,

Хосият ин медиҳад ҳар кас, ки бо доно нишаст…

Баъдан дар ҳамкорӣ бо устод ва ашъори пурғановати мондагораш чаҳор тарона “Маҳтобӣ манӣ”, “Дилбари ҷон”, “Пайғом” ва “Худоро шукр хоҳам гуфт” рӯи тораоҳанг омад ва ба самъи дилбастагони ҳунари асил расид. Бояд зикр кунам, ки ҳунармандони шинохтаи гурӯҳҳои эҷодии Хонаи Радио, аз қабили Нигина Рауфова, Қурбоналӣ Абдуллоев (равонашон шод), Шамсиддин Муҳиддинов, Муҳаррама Шарифова, Дилшод Гулов, Шоҳида Ҳошимова ва дигарон аз ашъори устод Ворис фаровон истифода мебурданд ва ҳамкории қавии эҷодӣ доштанд. Теъдоди зиёде аз шеърҳои ин устоди шеъру сухан, ки аз ҷониби овозхонони дастаҳои ҳунарии касбиву ҳаваскор иҷро гардидаанд, аксар дар хазинаи мондагори миллат маҳфузанд ва бузурггии шеъри Ворисро бозгӯ мекунанд. Барномаҳои зиёдеро дар радио роҳандозӣ мекарданд. Гоҳе ровӣ буданду гоҳе қиссагӯ, гоҳе мусоҳиб буданду гоҳе сӯҳбаторо, гоҳе аз фарҳанги ҳазорсола мегуфтанду гоҳе аз тамаддуни башар, хуллас ҳар барномае созмон медоданд, сутуданӣ буд ва ҳоло ҳам садои шевову мондагори устод Ворис дар қалбҳои шунавандагон маъво дорад. Баъдан чанде дар Симои Мустақили Тоҷикистон (СМТ) фаъолият карданд ва он ҷо ҳам ваҳдату якпорчагӣ, ватандориву хештаншиносӣ ва оромиву суботро талқин мекарданд. Замони кор дар рӯзномаи “Садои мардум” ба истиқболи бузургдошти Рӯзи Шашмақом сӯҳбати хотирмоне доштем. Устод Ворис аз дунёи пурфасонаи мусиқии ниёкон, ки дар ҳавояш ба камол расида буд, бо дилбастагӣ суол мекарду аз посухҳои банда руҳаш болида мегашт. Ба маврид аст, ки аз барномаи “Шоми ғазал”-и телевизиони Сафина, ки гӯяндагии чанде аз ин барномаро бар ӯҳда дошт, ёдовар шавем. Устод Ворис дар ин намоиши адабӣ-мусиқӣ тамошогарро ба дунёи пурасрори шеъри ирфонӣ роҳнамун месохт ва мусиқиро ҳамдаму муниси шеър ба ҷилва медод. Дар ин маврид Амир Хусрави Деҳлавӣ мегӯяд:

Мутрибе мегуфт, Хисравро, ки эй ганҷи сухан,

Илми мусиқӣ зи ҷинси назм некӯтар бувад….

Ҳангоми бемории ҳамагири КОВИД-19 шеъри устод Ворис “Даво кунем”, ки бо дард барои матонату ҷонбозиҳои шабонарӯзии табибони ҳозиқ иншо карда буд, ҳамчун гимни табибон аз ҷониби ромишгар Эмомалӣ Файзов нағмапардозӣ шуда, бо садои шевои табиби ҷавон Фараҳноз Саидова пешниҳоди дардмандону беморони дилшикаста гардид ва ин шеъру оҳанг ба хонаҳои сарди мардум гармӣ бахшид.

Ба ҳаққи иззати Ватан,

Ба ҳаққи меҳри мову ман.

Ба ҳаққи номи Буалӣ,

Давои мо, давои тан.

Ба обу хоки мо нигар,

Ба дасти поки мо нигар.

Миёни маргу зиндагӣ,

Ба қалби чоки мо нигар.

Даво кунем, даво кунем.

Даво кунем, даво туро.

Зи дарду ғам раҳо кунем,

Зи дарду ғам раҳо туро…

Ҳар сӯҳбати устод Ворис бароям омухтанӣ буду ҳаст, зеро комаш пур аз шаҳди сухани ноб аст ва маҳфилаш гиромӣ.

60 солагӣ муборак шоири ширинкалом ва шӯридадил!

Cӯҳроби Зиё 

13 октябри соли 2022 Ворис (Ӯрун Калонов), шоир ва рӯзноманигори соҳибноми мо 60 сола мешавад. Тақрибан ду моҳ пеш Муҳаммадуллоҳи Табарӣ, рӯзноманигор ва муҳаққиқи театр иқдоми хайреро пеш гирифт ва барои таҳияи китобе дар бораи шахсият ва фаъолияти эҷодии Ворис даст ба кор шуд. Ин ибтикори Муҳаммадуллоҳи азизро дӯстон, ҳамкорон ва ҳампешаҳои Ворис истиқбол карданд. Дар остонаи 60-умин солгарди таваллуди Ворис ин маҷмуъаи мақолаҳо таҳти унвони “Барги дуо” ба нашр расид.

Мураттиб ва муҳаррири ин китоб Муҳаммадуллоҳи Табарӣ дар матлабе ба номи “Раҳнаварде хастаю дилдодае танҳо” ҳадаф аз таҳияи ин маҷмуъаро “ба доираи ҳарчи васеътари хонандагон ошно намудани Ворис, кӯшиши баҳо додан ба ашъори ӯ ва муайян сохтани ҷойгоҳаш дар адабиёти муосири тоҷик” унвон карда.

Дар “Барги дуо” 25 тан аз шоирону нависандагон ва пажӯҳишгарону рӯзноманигорону ҳунармандон ба баррасии абъоди гуногуни осори Ворис, вижагиҳои шеъри ӯ, ҳунари суханварӣ ва рӯзноманигориаш пардохтаанд. Аз ҷумла, Исмоил Лашкарӣ, устоди забон ва адабиёти форсӣ дар Афғонистон дар матлабе ба номи “Шоири боматонат ва якрӯ” руҷуъе карда ба шеъри муосири муосири тоҷик ва Ворисро дар канори Озар Салим, Гулноз Тоҳириён, Абдуҷаббор Суруш, Сиёвуши Ҷунайдӣ, Беҳрӯзи Забеҳулло, Адибаи Хуҷандӣ… аз насли севвуми шоирони тоҷики даврони истиқлоли Тоҷикистон хондааст…

Дар лобалои мақолаҳо ва матолиби маҷмуъа 20 шеъри Ворис низ ба нашр расида, ки ба ин васила хонандаи китоб ҳамзамон бо намунаҳои ашъори ӯ ошно мешавад.

Банда ҳам дар бораи шахсияти Ворис ва дилбастагии ӯ ба шеъру сухан матлабе навиштам, ки ба ҳиммату лутфи мураттиб ва муҳаррири “Барги дуо” ба ин маҷмуъа ворид шуда.

Зимнан, сипос аз Одили Нозир, дӯсти хубам ва рӯзноманигори маъруф, ки дар шумораи ҳафтаи гузаштаи нашрияи “Тоҷикистон” фишурдаи матлаби маро чоп кард.

Имрӯз дидам, ки бархе аз дӯстон матлабҳои навиштаашонро барои ин китоб дар сафҳаи фейсбукашон бознашр кардаанд. Ман ҳам аз ин кори онҳо пайравӣ мекунам ва аз муаллифони дигар хоҳиш дорам шеъру мақолаҳои навиштаашонро дар сафҳаи фейсбукашон бигзоранд, зеро китоби “Барги дуо” танҳо бо теъдоди 100 нусха ба нашр расида ва бидуни шак дастраси ҳамаи алоқамандони осори Ворис ва дӯстони соҳибҷашн нахоҳад шуд.

Бо табрики 60-умин солгарди таваллуди Ворис ин навиштаро ин ҷо мегузорам. Барои соҳибҷашни гиромӣ орзуи саодату сарбаландӣ ва тандурустию умри дароз дорам.

*****

Инсоне вораста ва озодзода

Ҳамеша фикр мекардам, ки Ворисро хуб мешиносам. Ба ҳар ҳол солиёни зиёдест, ки бо ҳам дӯстем, аз суфраи ҳамдигар нону намак хӯрдаем, дар лаҳзаҳои ғаму шодӣ талош мекунем ҳамдигарро танҳо нагзорем ва дӯстони муштараки зиёде дорем, ки ҳалқаи пайванди моро устувортару пойдортар месозанд. Бо ин ҳама, вақте тасмим гирифтам дар бораи Ворис матлабе бинависам, ба ин натиҷа расидам, ки дар бораи ин дӯсти суханвару гавҳаршиноси худ хеле кам медонам. Ба худ гуфтам, ки барои иншои матлабе дар бораи Ворис ҳадди ақал ниме аз сифоти инсонӣ ва вижагиҳои ҳирфаии ӯро бояд дошт ва танҳо он гоҳ ҳаққи маънавии қазовати корномаи ӯро метавон ба даст овард. Вагарна, ин навишта на ба дарди Ворис мехӯрад ва на ба дарди дӯстоне, ки ҳиммат баланд доштаанд ва дар остонаи баҳори 60-умин солгарди таваллуди ӯ таҳияи китоберо аз шеъру матлабу хотироти ширини дӯстону ҳампешаҳо дар бораи Ворис дар назар гирифтаанд. Ба ҳар ҳол талош кардам дар ин матлаб Ворисро аз равзанаи дидгоҳи худам ба худи ӯ ва дигарон муаррифӣ кунам.

Ба ёдам намеояд, бори нахуст дар чӣ шароите бо Ворис ҳамсӯҳбат шудаам. Замони донишҷӯӣ (1981-1986) дар донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз донишҷӯёне, ки як сол аз мо бузургтар буданд, шунида будам, ки Ворис (Он солҳо ӯро бештар бо ному насаби Урун Калонов мешинохтанд-С.З.) соли 1980 ба факултети филологияи тоҷики ин донишгоҳ пазируфта мешавад, аммо дар соли нахуст таҳсилро канор мегузорад. Соле баъд, Ворис донишҷӯи факултети забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон мегардад ва соли 1985 аз ин даргоҳи илму дониш фориғ мешавад.

Дар даҳаи 1990 ба шарофати Алӣ Ҷура, ҳамдеҳа ва дӯсти деринам дар бораи Ворис бештар донистам ва бо ӯ аз наздик ошно шудам. Он солҳо Ворис дар радиои Тоҷикистон оғоз ба кор карда буд. Дар як муддати кӯтоҳ бо садои бисёр дилнишин ва лаҳни зебои суханвариаш дар қалби ҳазорон тан аз дӯстдорони каломи бадеъ ва сухани ноб маскан гирифт. Ӯ солҳои тӯлонӣ сармуҳаррири идораи “Адабиёт ва ҳунар” дар радиои Тоҷикистон буд ва бо ҳамкоронаш барномаҳои ҷолибу шуниданӣ таҳия мекарданд. Аслан дар замони шӯравӣ ҳам барномаҳои радиои кишвар нисбат ба телевизиони Тоҷикистон мухотабони зиёдтаре доштанд. Як далели ин амр агар муҳтавои нағзи барномаҳои радио бошад, далели дуюм сатҳи болои ҳирфаии журналистони он буд. Ворис ҳам содиқона кори бузургонеро идома медод, ки умри худро сарфи равнақи кори радио ва боло бурдани маҳбубияти ин расона карда буданд. Намедонам чӣ боис шуд, аммо дар поёни даҳаи 1990 риштаи иртиботи Ворис бо радиои Тоҷикистон гусаста шуд ва ӯ аз ин расона рафт…

Дар корномаи рӯзноманигории ӯ, ҳафтаномаҳои “Омӯзгор”, “Наврӯзи Ватан”, радиои “Ватан”, телевизиони СМТ ва нашрияи “Ҳамроз”… аз дигар расонаҳоест, ки Ворис муддате дар онҳо фаъолият карда. Ҳамзамон, то як сол пеш Ворис дар канори Назри Яздон ва Рустам Ваҳҳобзода, шоирони маъруфи мо муҷрии барномае дар телевизиони “Сафина” ҳам буд ва басо шабҳое ки бо “Шоми ғазал”-и онҳо барои бинандаҳои ин телевизион маҳтобӣ шудаанд ва басо соатҳое ки мухотабони ин барнома аз сӯҳбатҳои пурмуҳтавои онҳо файзи маънӣ бардоштаанд. Лаҳни баёни Ворис ва ҳунари суханвариаш воқеъан сутуданист ва аз ин назар кам касонеро мешавад дар сатҳу пояи ӯ қарор дод.

Акнун чанд соле аст, ки Ворис хабарнигори “Садои мардум”, нашрияи порлумони Тоҷикистон аст. Сабки нигориши шоирона ва истифодаи вожаю ибороти дилчасп барои баёни андешаҳои зебо ва бикр ҳамеша навиштаҳои ӯро дар саҳифаҳои “Садои мардум” аз мақолаҳо ва матолиби дигар мутамойиз мекунад.

Ахиран як гузориши ӯро ба номи “Муъҷизашаҳре дар домони кӯҳҳо” (1 августи соли 2022, №95(4515)) аз маҳалли бунёди неругоҳи Роғун хондам ва ба ҳунари нигорандагӣ ва тасвирпардозиаш аҳсан гуфтам. Ин гузориш ё ба истилоҳи рӯзноманигорӣ-репортаж бо ин тасвири гӯё оғоз меёбад:

“Роҳи мо рӯ ба хуршед аст. Мо ба саломи офтоб меравему ӯ ба истиқболи мо меояд. Лонаи ин мурғи зарринбол дар дили кӯҳистон аст, ҳамон кӯҳистоне, ки мардуми сарбаланди тоҷик зиндагӣ мекунанд. Ҳамон ҷое, ки чашмасорон аз дили санг мерӯянд, обшорон ишқи қуллаҳои осмонбӯсро месароянд, рӯдҳои сармаст рӯзгори кӯҳистониёнро шеър месозанд.”

Дар бораи ҳунари шоирии Ворис дӯстони дигар бидуни шак ибрози андеша кардаанд ва маъзурам, ки чизи тозае ба гуфтаҳои онҳо наметавонам биафзоям. Медонам, ки маҷмуъаҳои ашъораш ба номҳои “Рози бараҳнагӣ”, “Ҷоми гӯё”, “Дар чор фасли лаҳзаҳо” ва “Гургу кабутар-осмону дашт” ба зевари табъ ороста шудаанд. Ӯ “Тазкираи Ворис”-ро таҳия карда, ки намунаҳое аз ашъори шоирони ҳавзаи адабии Ҳисорро дар бар мегирад. Мехоҳам ба ин нукта таъкид кунам, ки ба пиндори банда дар гуфтани шеър Ворис мутобиқи фармудаи бузургворе амал мекунад, ки фармуда: “Шоири асил аз олами маъноҳо ба олами вожаҳо меравад, на аз олами вожаҳо ба маъноҳо.”

Шояд ба далели кам гуфтану дурри маънӣ суфтан аст, ки таронаю шеърҳои ӯ дар миёни овозхонону ҳунармандони мо замоне маҳбубияти зиёде доштанд ва иштибоҳ нест агар бигӯям, ки ба даҳҳо шеъру сурудааш оҳанг баста шуда ва пайваста дар радиоҳо ва телевизионҳои кишвар садо медиҳанд.

Шунидаам, ки чанд сол пеш дар канори шоироне аз кишварҳои гуногуни дунё дар ҳаштумин ҷашнвораи байналмилалии фарҳангию ҳунарии Имом Ризо дар шаҳри Машҳади Эрон ширкат варзида ва барандаи Ҷоизаи ин ҷашнвора шудааст. Ворис бо ин дурахшиш шӯҳрати шеъри тоҷикон-ҳамдиёрони устод Рӯдакӣ, падари шеъри порсиро дар Эрон боло бурд ва собит кард, ки воқеъан вориси воқеъии ин устураи таъриху адаби муштараки мост.

Ба андешаи банда, як вижагии Ворис дар қиёс бо бисёре аз адибони мо ин аст, ки аз тасаввуф ва ирфон огоҳии кофӣ дорад ва ин вежагиро дар шеъраш бармало метавон мушоҳида кард.

Соле қабл, дар авҷи бедодгарии вируси куруно Ворис беш аз як моҳ бо марг дасту панҷа нарм кард ва ба қавли худаш андаке монда буд, ки туъмаи ин бало шавад. Садояшро ки дар телефон мешунидӣ, фикр мекардӣ охирин соатҳои зиндагиаш боқӣ монда. Шукр, ки Худованди маннон тараҳҳум кард ва ин дӯсти азизи моро аз вартаи воқеъии марг наҷот дод. Ҳамин моҳе қабл, ки дар ҷашни домодии писари хурдиаш ҳузур пайдо кардем, дидем, ки оташаки шодию дилгармӣ ба зиндагӣ дубора дар чашмони ҳамеша маҳзун ва андешамандаш пайдо шуда ва умеду эътимоди ӯро ба оянда қавитар карда. Кош ин руҳия ва дилгармӣ ба эҷоду зиндагӣ ҳамнишини ҳамешагии Ворис бошанд.

Чанд рӯз пеш, аз канори роҳи Ҳисор-Душанбе, дар деҳаи Мортеппа Абдуғаффор Убайдуллоев, аз собиқадорони матбуот ва радиои Тоҷикистонро дар мошин савор кардам. Дар роҳ ба сӯи пойтахт аз ину он сӯҳбат кардем ва дар ин миён аз Ворис ёдовар шудем. Абдуғаффор гуфт, ки “бо Муҳаммадҷон Мирзошоев, рӯзноманигори зиндаёди тоҷик дар моҳи марти соли 1991 ҳафтаномаи “Наврӯзи Ватан”-ро таъсис додем. Аз ҳамкорамон Ворис, ки он вақт мо ӯро бо номи Урун Калонов мешинохтем, пурсидам, ки маънои номат чист. Гуфт, ки маънои ин калима ворис аст. Гуфтам агар чунин аст, беҳтар нест исматро Ворис бигзорӣ? Ҳамин тавр Урун Калонов Ворис шуд.”

Ҳарчӣ бошад, ин дӯсти арҷманд ва суханвари мо номи хуберо ба унвони тахаллуси шоирии худ баргузида, зеро ӯ аз ворисони воқеъии миллати куҳани мост ва худи ӯ аз хонадоне бархоста, ки ба илму хираду дониш пайванде ногусастанӣ дорад.

Дар бораи Ворис гуфтану аз амаки риёзидони ӯ, академик Нусрат Раҷабов ёдоварӣ накардан, кори дурусте нест. Ин донишманди бузурги тоҷикро дар Амрико ва Урупо беҳтар аз мо мешиносанд. Маркази байналмиллалии биографии Кембриҷи Британияи Кабир соли 2007 Нусрат Раҷабовро ба китоби “2000 чеҳраи машҳуртарини интеллектуалии қарни 21” ва Институти биографии Амрико соли 2007 ӯро ба китоби “500 нафар бузургтарин ашхоси болаёқати қарни 21” шомил карданд. Академик Нусрат Раҷабов барои дастовардҳои илмиаш дар соли 2011 марди соли Амрико ва худи он сол барандаи медоли тиллои Русия шуда буд. Худованд ба ин фарзанди фарзонаи миллати мо умри дарозро насиб бигардонад!

Чанд сол пеш дар осоишгоҳи Хоҷаобигарм бо устод Раҷабов чанд рӯз ҳамнишину ҳамсӯҳбат будам. Ин донишмандро, ки дар илми риёзӣ шӯҳрати ҷаҳонӣ дорад, мисли Ворис як инсони вораста ва озодзода дарёфтам. Шахсиятҳое ки чашми тамаъ ба касе намедӯзанд, чоплусӣ ва тамаллуқро дӯст надоранд ва ҳар чӣ дар зиндагӣ ба даст овардаанд, дар ивази заҳмату сухтану сохтанҳои худи онҳост. Яъне инсонҳое наҷиб, шариф, донишманд ва фурӯтану басо заминӣ! Инсонҳое ки ҳазрати Ҷомӣ дар сифоти онҳо гуфта “Хоксорон чамани хуррамиянд…”

Чунин инсонҳоро мисли гавҳараки чашм бояд ҳифз кард, зеро онҳо манбаъи нуру зиё ҳастанд ва ҷомеъа ба рӯшангарии онҳо ҳамеша ниёз дорад.

30-31 августи соли 2022

Намунаҳо аз ашъори Ворис:

ДАР БАҒАЛ ХУРШЕД МЕОЯМ

Рустамам!

Исфандиёрам,

Зардуҳиштам,

Орашам…

Ҳарки ҳастам,

Аз Хуросонам!

Мурғи заринболи хуршед аз Бадахшон аст.

Он Бадахшон, ки баландии Хуросон аст.

Андар ин хок,

Андар ин доираи афлок

Ман ҳамон Симурғи мағрурам,

Оташам, пайғамбарам, нурам.

Шаҳраги хуни ману аҷдоди ман

Аз Ҳариву аз Хуҷанду ҳам зи Хатлон аст,

Шуълае, ки аз дилам хезад,

Оташи ишқ, оташи имону армон аст,

Оташи рахшандаи лаъл асту марҷон аст,

Оташи равшангари шоми Хуросон аст,

Оташи фарёди таърихи ниёкон аст.

Он ки ахгар гаштаву дар сина пинҳон аст,

Сўзи ишқи Кобулу Балху Самангон аст…

***

Нақши роҳи сарнавишти Тоҷикистонам,

Он ки дар ҳар коху девору дари Суғд аст,

Мисли нақши тешаи Фарҳод дерин аст,

Мисли нақши хомаи Беҳзод озин аст.

Ин ҳамон нақши пари симурғи Дастон аст,

Ин ҳамон нақши дили мардони майдон аст.

Эй, ки мепурсӣ нишонамро

Аз Хуросонам!

То ки Шарқу Ғарбро

бо машъали ҷонам бияфрўзам,

Дар бағал хуршед меоям.

Мисли он шамсе, ки умри ҷовидон дорад,

Паркашон ҷовид меоям.

З-он, ки хуршеди дили ман Тоҷикистон аст,

Тоҷикистони дили ман аз Хуросон аст.

Эй оташи нуҳуфтаи ҷон дар вуҷуди ман,

Эй шуълаҳои саркаши буду набуди ман.

Он Помирам, ки хонаи хуршед дар ман аст,

Наврўзи ишқу оташи ҷовид дар ман аст.

Ман санги лаълу ёқуту алмосу гавҳарам,

Ман қомати ғурури Ватан, меҳру боварам.

хххххххххххх

ШАБ

(Порае аз манзумаи «Нома ба шаб»)

Оҳ, эй шаб!

Эй шаби на сарду на гарми муҳаббат,

Эй шаби урёни чодарпеч.

Чодари номуси модарҳову хоҳарҳои маҳтобӣ,

Чодари ғам,

чодари ашк,

чодари лабханди бетобӣ.

Чодаре аз оташи пинҳон,

Чодари ҷон, чодари виҷдон.

Бо ту худро сахт мепечанд чун дарё,

Бо ту худро сахт мепечанд чун хуршед бо дунё.

Печаки ишқ астӣ, эй чодар

Печаки печида андар қомати бовар.

Оҳ, эй шаб!

Эй ҳарири чодари сад ранҷ!

Дар навори чашмҳои захмии ту

ахтарон аз сўз мерахшанд,

Бо ғами ҷонсўз мерахшанд.

Мечаканд охир як-як мисли айнак

Гўиё аз халтаи маҳтобии зардоб,

Гўиё аз халтаи бетобии маҳтоб.

Оҳ, эй шаб!

Дар миёни даштҳои каҳкашони ту

Як пари коҳе наметобад.

Як пари коҳе, ки рўи чашми худ монам,

То ки чашми хаспарам бе хас намонад.

То ки дар ғози мизони кўчаҳоят,

Умри ман печидаву чун хас намонад…

Оҳ, эй шаб!

Мерасад бонге аз он соат

Моҳ андар чодари шарму ҳаё печида меояд,

Аз чаманҳои баланди осмон гул чида меояд.

Мерасад бўи ғазал аз моҳ,

Гармии меҳри бағал аз моҳ.

Мерасад як осмон лабханд

Мастии рўзи азал аз роҳ…

ххххххххххх

ИШҚИ ШУЪЛАБОР

Биё, эй ҳамзамон, аз шавқи ҳамсўӣ ғазал хонем,

Ғазал хонему меҳр орему қадри ҳамдигар донем.

Бубин з-ин ишқ боғе сабзҷону борвар дорем.

Дар он боғ ошёневу чу шоҳин болу пар дорем.

Ба ҳар тарфе назар созӣ гуле рўидааст он ҷо,

Ба ҳар тарфе гуле мисли диле рўидааст он ҷо,

Ки сози ҳамдилӣ барпо шавад дар боғсори мо,

Зи нози ҳамдили гулгун шавад хоки диёри мо.

Биё, эй ҳамзамон, аз шавқи ҳамсўӣ ғазал хонем,

Ки дар боғи муҳаббат ҷуз гули тавҳид намерўяд,

Дили муштоқи мо ҳам ҷуз гули тавҳид намебўяд.

Биё, пас ҳамраҳу ҳамсозу ёри меҳрубон бошем,

На чун ангушти танҳогард,

муште пуртавон бошем.

Бубин, дунёи моро ҳар куҷо шўре ба сар дорад,

Фақат бар донишу бар зўри бозуҳо назар дорад.

Биё, эй ҳамзамон, аз шавқи ҳамсўӣ ғазал хонем,

Ки тухми бовари мо ҳамчуноне байзаи заррин

Пар орад аз дили мову ба дилҳо ошён монад

Ва номи мову кори мо

Ба дунё ҷовидон монад.

Биё, эй ҳамзамон, аз шавқи ҳамсўӣ ғазал хонем,

Ки ҷуз ваҳдат набошад корсозу чорасози дил.

Ки ҷуз ваҳдат набошад оташе бар сўзу сози дил.

Биёву пас парафшон кун ливои ошноиро,

Ба лабханди саҳар овар паёми рўшноиро.

Биё, эй ҳамзамон,

эй ҳамзабон,

эй ҳамтабори мо,

Ватанро соз нуронӣ зи ишқи шуълабори мо.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button