ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

СЕ САДАМАИ МАРГОВАР ДАР РОҒУН, ҲИСОР ВА Ҷ.РАСУЛОВ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзҳои 7 ва 8 октябри соли 2022 дар се садамаи нақлиётӣ дар канори шаҳрҳои Роғуну Ҳисор ва дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 3 нафар, аз ҷумла як кӯдаки чорсола ба ҳалокат расида, дасти кам 5 каси дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Аз ҷумла субҳи 8-уми октябри соли 2022, тахминан соати 05:50, ронандаи мошини тамғаи «Опел-Фронтер», Қодиров Давлатманд Маҳмадалиевич, соли таваллудаш 1997, сокини шаҳри Роғун, ҳангоми ҳаракат дар деҳаи Саройи ноҳияи Файзобод қоидаи ҳаракат дар роҳро вайрон намуда, ба қисмати ақиби мошини “Камаз-5320”, таҳти идораи ронанда Фозилов Қадриддин Баҳриддинович, соли таваллудаш 1996, сокини ноҳияи Лахш (собиқ Ҷиргатол) бархӯрдаааст. Ронандаи “Опел” пас аз ин тоб хӯрда, ба самти муқобили роҳ баромадаааст ва ба мошини тамғаи “Лексус RX-350”, ки ба Саидов Тоҷиддин Миъроҷидинович, соли таваллудаш 1993, сокини шаҳри Роғун тааллуқ дорад, бархӯрдааст. Дap натиҷа, ронандаи мошини тамғаи «Опел-Фронтер», Қодиров Давлатманд Маҳмадалиевич ва бародараш Қодиров Назаралӣ Маҳмадалиевич, соли таваллудаш 1979, сокини шаҳри Роғун ва ҷиянаш Қодирзода Беназири Дилшод, соли таваллудаш 2004, ҷароҳатҳои ҷисмонт бардошта, Қодиров Назаралӣ ҳангоми ба беморхона бурдан дар роҳ ҳалокат расидааст.
Ҳамчунин, 8-уми октябри соли 2022, тахминан соати 10:50, ронандаи мошини тамғаи “Тойота Королла”, Содиқов Соҳибназар Маҳмадшарифович, соли таваллудаш 2001, сокини шаҳри Ҳисор, ҳангоми ҳаракат аз кӯчаи М.Турсунзода ба самти бозори “Самоҳ”-и шаҳри мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, бо мошини тамғаи “Тойота Королла”, таҳти идораи Ибрагимов Имомалӣ Раҷабович, соли таваллудаш 1990, сокини шаҳри мазкур бархӯрда, сипас пиёдагардон: Бобоева Бӯригул Холовна, соли таваллудаш 1968 ва хурдсол Бобоназаров Аминҷон Алишерович, соли таваллудаш 2018ро пахш кардааст. Аминҷони хурдсол дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, ронандаи мошини “Тойота Королла”, Содиқов С.М. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудааст.
Инчунин, 7-уми октябри соли 2022, тахминан соати 15:30, ронандаи мошини тамғаи «ДЭУ-Тико», Марасулова Дилфуза Ғаниевна, соли таваллудаш 1975, сокини ноҳияи Спитамен, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ», дар ҳудуди Ғулакандози ноҳияи Ҷ.Расулов, қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон намуда, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромадаааст ва ба мошини тамғаи «Лексус RC-350», таҳти идораи Ҳаитов Қобил Кенҷаевич, соли таваллудаш 1960, сокини шаҳри Душанбе, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири мошини тамғаи «ДЭУ-Тико», Умарқулов Шавкат Аҳрорович, соли таваллудаш 1962, сокини ноҳияи Спитамен, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат  расидааст. Ронандаи “ДЭУ-Тико” Марасулова Д.Ғ. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

БАРОИ МАЪЛУМОТ

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин маълумоти ВКД, ки рӯзи 19 июл нашр шуд, дар 6 моҳи аввали соли 2022 дар Тоҷикистон 482 садама рӯй дода, дар ин садамаҳо 180 нафар ба ҳалокат расида ва 509 нафар ҷароҳат бардоштаанд. 

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button