ВидеоМарзи Тоҷикистону Қирғизистон

РӮЙХАТТИ 81 ҚУРБОНИИ МУНОҚИШАИ ХУНИНИ РӮЗҲОИ 14-17 СЕНТЯБР ДАР МАРЗИ ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН

Радиои Озодӣ рӯзи 10 октябри соли 2022 бо такя ба маълумоти манобеи гуногун рӯйхатти такмилшудаи қурбониёни муноқишаи хунини мусаллаҳонаи рӯзҳои 14-17-уми сентябри соли 2022 дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистонро нашр кард.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи 7 октябр муовини вазири хориҷаи Тоҷикистон Содиқ Имомӣ дар нишасти муовинони вазирони хориҷаи ОДКБ дар Ереван ҳалокати 59 шаҳрванди Тоҷикистон ва ҷароҳат бардоштани 234 нафар аз тарафи Тоҷикистонро дар ҷараёни муноқишаҳои ахир дар марз бо Қирғизистон тасдиқ карда буд. Ҷониби Қирғизистон аз ҳалокати 63 нафар ва ҷароҳат бардоштани  беш аз 200 тани дигар дар ҷараёни он муноқишаҳо хабар додааст.

Мутаассифона, дар байни қурбониён, сокинони мулкӣ, аз ҷумла занону кӯдакон низ зиёданд.

Мақомоти Тоҷикистон қаблан дар бораи ҳалокати беш аз 40 сокини мулкӣ ва ҷароҳат бардоштани беш аз 200 нафар аз байни мардуми мулкӣ хабар дода буданд.

Дастикам 25 нафари онҳо рӯзи 16 сентябр дар се ҳамла кушта шуданд.

Аз ҷумла 7 нафар, бо шумули 5 узви як оила (бибӣ, ду келин ва ду тифли яке панҷсолаю дуюмӣ шашсола) бар асари ҳамлаи БТР Қирғизистон ба як мошини “Ёрии таъҷилӣ” дар болои пули деҳаи Чорқишлоқ дар канори Исфара кушта шуданд.

Ҳамин тавр, наздикиҳои шоми 16 сентябр, алакай баъди эълони оташбас ҳавопаймои бесарнишини Қирғизистон ба як мактаб ва масҷид дар ҷамоати Овчӣ Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳамла овард. Дар натиҷаи ҳамлаи дрон ба мактаб 6 нафар ба ҳалокат расида, ҳамла ба масҷид 12 кушта ва 20 захмӣ ба ҷо гузошт.

Ба навбати худ, ҷониби Қирғизистон низ нирӯҳои Тоҷикистонро ба ҳамлаҳо ва куштори сокинони мулкӣ айбдор мекунад.

Муноқишаи ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон бо беш аз 120 куштаю беш аз 400 захмиаш хунинтарин муноқиша нафақат дар таърихи муноқишаҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон, балки дар таърихи низоъҳои марзии тамоми Осиёи Марказӣ баъд аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ шумурда мешавад. Ҳарду ҷониб якдигарро дар шурӯи ин муноқиша айбдор мекунанд.  

Дар ду соли охири 2021 ва 2022 муноқишаҳои мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон наздики 200 кушта ва беш аз 750 захмӣ ба ҷо гузоштаанд.

Номи 81 қурбонии низои 14-17 сентябр дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Радиои Озодӣ


Акси баъзе аз қурбониёни даргириҳои 14-17-уми сентябр дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон
Акси баъзе аз қурбониёни даргириҳои 14-17-уми сентябр дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон

Радиои Озодӣ бо истифода аз манобеи худ, хешовандон, шабакаҳои иҷтимоӣ ва мақомоти маҳаллӣ то ин дам номи 81 нафареро гирд овард, ки ҳангоми даргириҳои мусаллаҳонаи 14-17-уми сентябр дар сарҳади Тоҷикистон бо Қирғизистон кушта шудаанд. Ин рӯйхат ғайрирасмӣ аст ва ниҳоӣ нест. Мақомоти Тоҷикистон дар бораи кушта шудани беш аз 40 ғайринизомӣ гузориш дода, шумораи сарбозони ҳалокшударо нагуфтанд.

  1. Раҷабалӣ Шарифов, 25-сола, аз ҷамоати Сарвати Истиқлоли ноҳияи Кушониён. Моҳи октябри соли 2021 ба таври ихтиёрӣ ба хидмат рафтааст. Ҳангоми муноқиша дар сарҳад бо Қирғизистон захмӣ шуда, рӯзи 23-юми сентябр даргузашт (Манобеи расмӣ)Раҷабалӣ ШарифовРаҷабалӣ Шарифов
  2. Беҳзод Холмаматов, 37-сола, соҳиби се фарзанд, аз деҳаи Қӯрғончаи ноҳияи Ҷаббор Расулов. Рӯзи 16-уми сентябр ба тири снайпер кушта шудааст
  3. Олимҷон Буттаев, аз Мачитон, шаҳри Ваҳдат (Манобеи расмӣ)
  4. Султонбек Рамаев, аз деҳаи Сафедоб, шаҳри Ваҳдат (Манобеи расмӣ)Султонбек РамаевСултонбек Рамаев
  5. Зиёратшоҳ Сафаров, сарбоз, аз вилояти Хатлон (Манобеи расмӣ)
  6. Муҳаммад Баротов, сокини деҳаи Меҳвари ҷамоати Чубеки ноҳияи Мирсаид Алии Ҳамадонӣ. (Манбаъ: Мақомоти расмӣ)
  7. Абдулбафо Абдурақибзода, 23-сола, аз ҷамоати Чоркӯҳи Исфара. Соли 2021 ба сафи нерӯҳои мусаллаҳ пайвастааст. Бояд ба наздикӣ падар мешуд. (Манбаъ: Сокинони деҳа, хешовандонаш)
  8. Насрулло Аскаров, 19-сола, сокини Кӯлканди ноҳияи Исфара. Дар қисми низомии Офтобрӯя хидмат мекард. Рӯзи 16-уми сентябр дафн кардандНурулло АскаровНурулло Аскаров
  9. Раҳмиддин Холов, 22-сола, аз деҳаи Афзалии ҷамоати Бохтариёни ноҳияи Кушониён. Баъди 5 моҳи хидмат дар сафи нерӯҳои мусаллаҳ ва дар қисми низомии 0215-и КДАМ дар Исфара, 16-уми сентябр дар муноқиша дар марз бо Қирғизистон кушта шуд. (Манбаъ: Мақомоти расмӣ)Раҳмиддин ХоловРаҳмиддин Холов
  10. Шодмон Ҳусейнов, 21-сола, аз деҳаи Абдураҳмони Ҷомии ҷамоати Заргари ноҳияи Кушониён. Баҳори соли гузашта ба сафи нерӯҳои мусаллаҳ даъват шудааст. Рӯзи 16-уми сентябри соли 2022 дар муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон кушта шуд. (Манбаъ: Мақомоти расмӣ)
  11. Эркин Абдусатторзода, 38-сола, аз шаҳри Гулистон (Қайроққум), подполковники милитсия. Падари чаҳор фарзанд. Рӯзи 16-уми сентябри 2022 дар ҷараёни муноқиша дар марз кушта шудааст. (Манбаъ: Мақомоти расмӣ)
  12. Маҳмадҷон Маҳмадов, аз ҷамоати Заргари ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон. Хатмкардаи Донишкадаи олии Нерӯҳои сарҳадии КДАМ-и Тоҷикистон. Рӯзи 16-уми сентябр дар марз кушта шудааст. (Манбаъ: Мақомоти расмӣ)Маҳмадҷон МаҳмадовМаҳмадҷон Маҳмадов
  13. Зайниддин Холбоев, сарбоз аз деҳаи Зарбдори ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон. Сарбози қисми низомии 0215 дар Исфара. (Манбаъ: Мақомоти расмӣ)Зайниддин ХолбоевЗайниддин Холбоев
  14. Собирҷон Қувватов, 33-сола, аз ҷамоати Худоёр Раҷабови ноҳияи Восеъ. Рӯзи 16-уми сентябр ҳангоми хидмат дар Исфара кушта шудааст (Манбаъ: Мақомоти расмӣ)
  15. Шӯҳрат Наҷмиддинзода, зодаи ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон, соли 1989 ба дунё омадааст. Сокини кӯчаи Обшорон. Оиладор, соҳиби як фарзанд. Корманди Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар Ворух. (Манбаъ: Мақомоти вилояти Хатлон)Шӯҳрат НаҷмиддинзодаШӯҳрат Наҷмиддинзода
  16. Сафаралӣ Ҳасани 23-сола аз ноҳияи Восеъ, рӯзи 14-уми сентябр, ҳангоми даргирӣ дар сарҳад кушта шуд. (Манбаъ: Радиои Озодӣ)Сафаралии ҲасанСафаралии Ҳасан
  17. Нусратулло Фатҳулло, 25-сола, сокини деҳаи Гулистони ноҳияи Кушониён. Падари ду фарзанд ва ҳамсараш интизори тифли саввум. (Манбаъ: Фейсбук ва хешовандонаш)Нусратуллои ФатҳуллоНусратуллои Фатҳулло
  18. Олимназар Холиқназаров, зодаи Бадахшон, падари як фарзанд. Подполковник. Модараш Гулдаста Орумбекова аз наздикони вазири собиқи фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода. (Манбаъ: Фейсбук ва манобеи ҳукуматӣ)Олимназар ХолиқназаровОлимназар Холиқназаров
  19. Хирадманд Усмонзода, аз ноҳияи Айнӣ, деҳаи Вашан. 28 сол дошт, як фарзанд дорад. (Манбаъ: Фейсбук)Хирадманд УсмонзодаХирадманд Усмонзода
  20. Майор Ғолиб Абдунабиев, афсари Кумитаи амнияти миллӣ. Сокини деҳаи Навободи ҷамоати Лоиқ Шералӣ, шаҳри Панҷакент. (Манбаъ: Фейсбук ва дӯстонаш)
  21. Тағоймуродзода Шуҳратҷони Ҳикматулло, 24-сола. Сокини деҳаи Роҳи сотсиализми ҷамоати деҳоти Каленини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ. Бояд баъди адои хидмат моҳи октябр ба хона бармегашт. Манбаъ: (Мақомоти расмӣ, Инстаграм)
  22. Назрулло Олимов, 20-сола, ноҳияи Вахши вилояти Хатлон. (Манбаъ: Мақомоти расмӣ)Назрулло ОлимовНазрулло Олимов
  23. Салоҳиддин Муъминов, 22-сола аз ноҳияи Вахш. (Манбаъ: Мақомоти расмӣ, Фейсбук)Салоҳиддин МуъминовСалоҳиддин Муъминов
  24. Шӯҳрат Абдулҳаев, сокини Хатлон. (Манбаъ мақомоти расмӣ)Шӯҳрат АбдулҳаевШӯҳрат Абдулҳаев
  25. Саидмуъмин Абдуллоев, зодаи деҳаи Кангурти ноҳияи Темурмалик, ронандаи фармондеҳи Гвардияи миллӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳалок шудааст. (Манбаъ: Фейсбук ва хешовандонаш)
  26. Ҳодибой Султонов, лейтенанти калони милитсия, корманди Шуъбаи корҳои дохилӣ дар шаҳри Исфара ҳангоми даргириҳо дар рӯзи 16-уми сентябри соли 2022 ҳалок шуд. (Манбаъ: Мақомоти расмӣ)
  27. Фирдавс Худойбердиев 20-сола, зодаи шаҳраки Ҳаёти нави ноҳияи Ёвон дар задухӯрдҳои сарҳадӣ ҳалок шуд. Соли 2020 ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон пайваста, орзуи дар оянда низомӣ шуданро доштааст. (Манбаъ: Фейсбук ва мақомоти расмӣ)
  28. Раҳматшоҳи Шамсизод, 22-сола, аз деҳаи Меҳробод (Қурбоншаҳид)-и ноҳияи ВосеъРаҳматшоҳи ШамсизодРаҳматшоҳи Шамсизод
  29. Саврон Худойбердиев, хатмкардаи Донишкадаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ. Дар хати сарҳад дар ҷараёни даргириҳо бо марзбонони Қирғизистон кушта шудааст. (Манбаъ: Фейсбук)Саврон ХудойбердиевСаврон Худойбердиев
  30. Содирбек Неъматзода, 25-сола, сокини деҳаи Истошони ҷамоати Лангари ноҳияи Мастчоҳ. 17-уми сентябр дар зодгоҳаш дафн карда шуд. Соҳиби як фарзанди ноболиғ. (Манбаъ: Мақомоти расмӣ)
  31. Нурмуҳаммад (Атоев) Холзода, 32-сола. Дар деҳаи Ҳадишаҳр, ҷамоати Иван-тоҷики ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ таваллуд шудааст. Соли 2012 ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват шуда, соли 2014 баъди адои хидмат дар шуъбаи Кумитаи амнияти миллӣ дар шаҳри Конибодом ба кор шуруъ кардааст. Оиладор соҳиби ду фарзанди ноболиғ. (Манбаъ: Мақомоти расмӣ)Нурмуҳаммад Атоев (Холзода)Нурмуҳаммад Атоев (Холзода)
  32. Аловиддин Мирзоев, 36-сола, афсар. Дар муноқишаҳои марзии миёни Тоҷикистону Қирғизистон кушта шуд. Сокини деҳаи Искодари ноҳияи Айнӣ. Падари се фарзанд. (Манбаъ: Мақомоти расмӣ, Фейсбук)Аловиддин МирзоевАловиддин Мирзоев
  33. Мансурҷон Қаюмов, зодаи деҳаи Кангурти ноҳияи Темурмалик, лейтенант.Мансурҷон ҚаюмовМансурҷон Қаюмов
  34. Шералӣ Раҳимзода, афсари нерӯҳои марзбонӣ. Зодаи деҳаи Кеврони ноҳияи Дарвоз. (Манбаъ: Видеои ҷаноза аз Фейсбук, мақомоти расмӣ)Шералӣ РаҳимзодаШералӣ Раҳимзода
  35. Зикруллои Амрулло, 20-сола, сокини шаҳраки Вахши ноҳияи Вахш. Қарор буд, баъди адои хидмати дусола ба хона баргардад. Дар зодгоҳаш ба хок супурда шуд.
  36. Бахтовар Мирзоев, 25-сола. Сокини ҷамоати деҳоти “Гулистон” и ноҳияи Левакант. (Манбаъ: Мақомоти ноҳияи Левакант)Бахтовар МирзоевБахтовар Мирзоев
  37. Муҳаммад Одинаев. Сокини шаҳраки Бахти ноҳияи Зафаробод. Соҳиби як фарзанд. Марзбон ва Хатмкардаи Донишгоҳи неруҳои марзбонӣ. Рӯзи 16-уми сентябр дар Ворух кушта шудааст. Манбаъ: Хешовандонаш ва Ютуб
  38. Шамсулло Ҳайдаров, 42-сола. Сокини деҳаи Тоҷикистон-2, ноҳияи Фархор. (Манбаъ: Раъно Раҳимзода, сардори идораи кор бо занони Хатлон)
  39. Меҳриддин Миралиев, аз деҳаи Тутои ҷамоати деҳоти Балхобии ноҳияи Муъминобод. 39-сола ва афсари нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон. (Манбаъ: Фейсбук)Меҳриддин МиралиевМеҳриддин Миралиев
  40. Ибодуллои Убайдулло, 31-сола, аз шаҳри Леваканди вилояти Хатлон. (Манбаъ: Фейсбук)Ибодуллои УбайдуллоИбодуллои Убайдулло
  41. Неъматуллои Раҳматулло, афсар аз маҳаллаи Энергетикаи шаҳри Норак. (Манбаъ: Фейсбук)
  42. Сабриддин Ҷумъаев, афсари нерӯҳои марзбонӣ, ки дар вилояти Суғд хидмат мекард. Зодаи деҳаи Қазноқ, ҷамоати Нусратулло Махсуми ноҳияи Рашт. Дар зодгоҳаш бо ҳузури мақомоти расмӣ дафн шудааст. (Манбаъ: Фейсбук ва хешовандонаш)Маросими видоъ бо Сабриддин Ҷумъаев дар РаштМаросими видоъ бо Сабриддин Ҷумъаев дар Рашт
  43. Саидҷалол Расулзода, афсар, ноҳияи Восеъ. (Манбаъ: Ютуб)
  44. Фатҳиддин Ҷаъфарзода, сокини шаҳри Ваҳдат. (Манбаъ: Фейсбук)
  45. Сорбон Худойбердизода, 22-сола. Зодаи деҳаи Хишевакт, ҷамоати Ростровути ноҳияи Деваштич. Сорбон хатмкардаи Донишкадаи олии Нерӯҳои сарҳадии КДАМ дар шаҳри Исфара хидмат мекард. Зимни даргириҳои марзӣ 14-уми сентябр ҳалок шуд. (Манбаъ: Фейсбук)Сорбон ХудойбердизодаСорбон Худойбердизода
  46. Абдураҳим Нуров, 23-сола. Сокини деҳаи Нусратулло Махсуми ҷамояти Яккатути ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ. Марзбон. Рӯзи 16-уми сентябр дар муноқиша дар марз кушта шуд. Манбаъ: (Хешовандонаш ва мақомоти расмӣ)
  47. Муҳаммадҷон Пиров 29-уми апрели соли 1988 таваллуд шудааст. Оиладор соҳиби 3 фарзанд буд. Аз деҳаи Правдаи ҷамоати Иттифоқи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ. (Манбаъ: Мақомоти расмӣ)Муҳаммадҷон ПировМуҳаммадҷон Пиров
  48. Ҷамшед Набиев, муовини фармондеҳи қисми ҳарбии 3502 оид ба техника ва аслиҳа буд. Соҳиби 3 фарзанд. Сокини маҳаллаи Симиганҷи шаҳри Ваҳдат. Рӯзи 20-уми сентябр ба хок супурда шуд. Аз тири снайпер ба ҳалокат расидааст.
  49. Ибодулло Рӯзиев, 20-сола. Сокини деҳаи Дӯстии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ. Рӯзи 18-уми сентябр дар Исфара тир хӯрда, 19-уми сентябр даргузаштааст. (Манбаъ: Фейсбук ва хешовандонаш)Ибодулло РӯзиевИбодулло Рӯзиев
  50. Некрӯз Исломов, 19-сола аз ноҳияи Хуросон. Рӯзи 17-уми сентябр ҳангоми хидмат кушта шудааст. (Манбаъ: Фейсбук, мақомоти расмӣ)Некрӯз ИсломовНекрӯз Исломов
  51. Аслан Менеқулов, 19-сола, сарбоз, шаҳри Бохтар. (Манбаъ: Мақомоти расмӣ)Аслан МенеқуловАслан Менеқулов
  52. Муҳибулло Аббосов, сокини ҷамоати Зарзамини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров. Соҳиби се фарзанд. Рӯзи 16-уми сентябр дар назди масҷиди ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кушта шудааст.Муҳибулло АббосовМуҳибулло Аббосов
  53. Савринисо Ҳоҷибоева, 60-сола, ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров​
  54. Набиҷон Аҳмедов, ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
  55. Солеҳҷон Раҳимов, пизишки 45-солаи ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
  56. Насриддин Ҳайдаров, сокини ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
  57. Ғуломҷон Акбаров, сокини ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
  58. Абдусалом Абдушукуров, сокини ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
  59. Абдувосит Сатторов, сокини ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
  60. Муҳаммадҷон Болтуев, сокини ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
  61. Қирғизбой Қирғизбоев, сокини ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
  62. Умедҷон Султонов, сокини ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
  63. Каромат Зуҳурова (Сатторова), пизишк, ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
  64. Абдувоҳиди Абдуқаюм, сокини ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, корманди Сарраёсати молияи вилояти Суғд
  65. Бишарифа Воҳидова, 8-сола, ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров. Рӯзи 16-уми сентябр кушта шудааст (Манбаъ: Идораи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров)Бишарифа ВоҳидоваБишарифа Воҳидова
  66. Пайрав Шоҳҳасанов, сокини ҷамоати Ворухи Исфара
  67. Муродҷон Юсуфов, сокини ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара
  68. Мунаввархон Маҳмудова, 62-сола, сокини ҷамоати Чилгазии шаҳри ИсфараМунаввархон МаҳмудоваМунаввархон Маҳмудова
  69. Аҳмадҷон Собиров, 3-сола, аз маҳаллаи лангари Чоркӯҳи Исфара. Наздиконаш гуфтанд, рӯзи 16-уми сентябр кушта шудааст. Падараш, Акмалҷон Собиров, захмӣ ва дар бемористон аст.
  70. Абдураҳим Каримов, 47-сола, аз маҳаллаи Қарабоғи ҷамоати Сурхи Исфара. Рӯзи 16-уми сентябр дар муноқиша дар марз кушта шудааст. Соҳиби 5 фарзанд. (Манбаъ: Хешовандонаш)
  71. Муҳайёхон Файёзова, 53-сола, ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара
  72. Дилноза Баҳромзода, 29-сола, ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара
  73. Садоқат Уктамзода, 25-сола, ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара
  74. Асмоа Амриддинзода, 6-сола, ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара
  75. Имрон Илҳомзода, 5-сола, ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри ИсфараИмрон ва АсмоаИмрон ва Асмоа
  76. Баҳром Ҳакимови 51-сола, муаллим, деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри ИсфараБаҳром ҲакимовБаҳром Ҳакимов
  77. Камолиддин Ашӯров, пизишк, навбатдори “Ёрии таъҷилӣ”, ҷамоати Сурхи шаҳри ИсфараКамолиддин АшӯровКамолиддин Ашӯров
  78. Ҳасанбой Валиев, ронандаи мошини “Ёрии таъҷилӣ”, ҷамоати Сурхи шаҳри Исфара
  79. Олимбой Аббосов, 58- сола, аз деҳаи Сомониёни Чоркӯҳ. Рӯзи 16-уми сентябр кушта шудааст. (Манбаъ: Сокинони деҳа, хабарнигорон)
  80. Беҳрӯз Қодирзода, сокини ҷамоати Чоркӯҳи Исфара. Рӯзи 16-уми сентябр кушта шудааст. (Манбаъ: Корбарон ва сокинони деҳа, хабарнигорон)
  81. Ҳоҷирахон Раҳмонова, 16-сола, аз деҳаи Чорқишлоқ, ҷамоати Чоркӯҳи ИсфараҲоҷирахон РаҳмоноваҲоҷирахон Раҳмонова

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button