ВидеоҶанг дар Украина

ПОСУХИ ТАРКИШИ ПУЛИ ҚРИМ? ҲАМЛАҲОИ МУШАКИИ РУСИЯ БА БЕШ АЗ 10 ШАҲРИ УКРАИНА (ВИДЕО+АКС)

Рӯзи душанбе, 10 октябри соли 2022,  беш аз 10 шаҳри Украина ҳадафи ҳамлаҳои мушакии артиши Русия қарор гирифтанд.  Ин ҳамлаҳои мушакӣ ҳамагӣ ду рӯз баъди таркондани пули Қрим буд, ки роҳбарони Русия масъулияти он таркишро ба дӯши мақомоти вижаи Украина бор карданд.

Бино ба хабарҳо, мушакҳо аз ҷумла дар шаҳрҳои Киев, Запороже, Днепр, Лвов, Житомир, Харков, Николаев, Одесса ва Полтава таркидаанд. Пулиси миллии Украина хабар дод, ки бар асари ҳамлаҳои Русия 10 нафар кушта шуда, тақрибан 60 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Сарфармондеши нирӯҳои мусаллаҳи Украина Валерий Залужний хабар дод, ки дар умум Русия ба муқобили  Украина беш аз 80 мушак андохтааст, вале нирӯҳои зиддиҳавоии Украина беш аз 40 мушакро зада гардондаанд.

Ситоди кулли артиши Украина баъдан хабар дод, ки зарбаҳо ба қаламрави Украина аз баҳри Кспий ва аз Нижний Новгород зада шудаанд.

Анна Маляр, муовини вазири мудофиаи Украина гуфт, зарбаҳо аз соати 06:20 то 11:15 давом карда, шаҳрҳои Киев, Лвов, Прилуки, Хмелнитский, Днепр, Нежин, Житомир ва Харков ҳадафи ҳамлаи артиши Русия қарор гирифтаанд. Ба ҷуз аз 83 мушак, артиши Русия ҳамчунин аз 17 ҳавопаймои бесарнишини навъи камикадзе тамғаи “Шаҳид 136”, ки сохтаи Эронанд, истифода кардааст. Ин дронҳо, ба гуфтаи хонум Маляр, аз қаламрави Беларус ва нимҷазираи ишғолшудаи Қрим ба самти Украина ба парвоз даромадаанд.

Вазорати мудофиаи Русия изҳор дошт, ки Русия субҳи 10 октябр “ба иншооти фармондеҳии ҳарбӣ, алоқа ва энергетикаи Украина бо силоҳҳои дурпаровзи дақиқ зарбаи фарогир зад”. Президенти Русия Владимир Путин низ бо айни шева баёнот дод.

Хабари ҳалокати шаҳрвандонро бар асари ҳамлаҳои мушакии Русия президенти Украина  Владимир Зеленский ҳам тасдиқ кард.

Баъдан мушовири вазири дохилаи Украина Антон Герашенко хабар дод, ки бар асари ҳамлаҳо дар Киев 5 нафар кушта ва 12 нафар захмӣ шудаанд. Мушовири дигари вазири дохилаи Украина Ростислав Смирнов гуфт, танҳо дар ноҳияи Шевченкои шаҳри Киев  8 нафар кушта ва 24 нафар маҷруҳ шудаанд. Вазири фарҳанг ва сиёсати иттилоотии Украина Александр Ткаченко хабар дод, ки бар асари ҳамлаҳои биноҳои филармония, осорхонаҳои Богдан ва Варвара Ханенко, ҳамчунин осорхонаи шоири машҳури украинӣ Тарас Шевченко хароб шудаанд.

Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Украина Матти Маасикас аксеро нашр кард, ки чӣ гуна дар кӯчаҳои Киев мошинҳо оташ гирифтаанд. Лаҳзаи ҳамла ба Киев ҳатто дар пахши мустақими ББС дида мешуд.

Ба сабаби таркишҳо истгоҳҳои метрои Киев ҳамчун паноҳгоҳ хидмат карда истодаанд ва ҳаракати қаторҳо дар хатти сурхи метро қатъ карда шудааст.

Бино ба хабарҳо, бар асари ҳамлаи мушакӣ дар Запороже як хонаи истиқоматии бисёрқабата вайрон шудааст. Ба тарафи Запороже беш аз 10 мушак андохтаанд.

Ҳамин тавр, субҳи 10 октябр шаҳрҳои Днепр, Житомир, Хмелнитский, Харков, Николаев, Одесса ва ҳатто Лвов, ки дар ғарби Украина ҷойгир шуда, аз хатти ҷабҳаи ҷанг хеле дур аст, ҳадафи ҳамлаҳои мушакии артиши Русия қарор гирифтаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button