ВидеоҶанг дар Украина

ПУЛИ ҚРИМРО ТАРКОНДАНД (ВИДЕО+АКС)

Соати шаши субҳи шанбе, 8 октябри соли 2022 пули Қрим, як ишооти аз лиҳози стратегӣ барои Русия хеле муҳим ва як василаи асосии таъмини нирӯҳои артишаш дар ҷануби Украинаро тарконданд. Аксҳо ва видеоҳо аз ҷои ҳодисаро сокинону расонаҳои маҳаллӣ нашр карданд.

Нашрияи Kerch.fm хабар дод, ки роҳ оташ гирифта, як қатори боркаши роҳи оҳан низ дар даруни дуду оташ аст. Гуфта мешуд, ки як қисми роҳ низ чаппа шудааст. Баъдани маълум шуд, ки ду қисмат ё пролёт хароб шудааст.

Корхонаи фаръии давлатии федералии “Роҳҳои оҳани Қрим” (ФГУП “Крымская железная дорога”) иддао кард, ки гӯё “як тсистернаи сӯзишворӣ дар қисмати қафои қатори боркаш даргирифтааст ва сабаби ҳодиса таҳқиқ карда мешавад. Дар натиҷаи ин ҳодиса, ҳаракати қаторҳои роҳи оҳан ва мошинҳо тавассути пули Қрим қатъ карда шуд, вале ҳаракати киштиҳо аз тарақи гулӯгоҳи Керч идома дорад. Мақомот гуфтанд, барои равуои мошинҳо паромро ба кор меандозанд.

Мушовири раҳбари нимҷазираи аз сӯи Русия аз соли 2014 ишғолшудаи Қрим Олег Крючков гуфт, “дар бораи сабабу оқибатҳои ҳодиса ҳарф задан барвақт аст”.   Вале баъдтар раиси парлумони Қрим Владимир Константинов изҳор дошт, ки пули Қримро “вандалҳои украинӣ” хароб кардаанд. Президенти Русия Владимир Путин амр дод, ки комиссияи давлатӣ таъсис дода шавад. Дар робита ба таркиш дар пули Қрим парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд.

 Дар Кумитаи миллии зиддитеррори Русия ба нашрияи русии РБК гуфтаанд, ки дар пули Қрим  як мошини боркаш таркида, боиси ба коми оташ рафтани 7 вагони маводи сӯхти як қатори боркаш  шудааст.

Мушовири президенти Украина Михаил Подоляк изҳор дошт, ки таркиш дар пули Қрим танҳо “оғози кор” аст. Ӯ дар як матлаб ба забони англисӣ дар Твиттер навишт: “Қрим, пул, оғоз. Тамоми иншооти ғайриқонунӣ бояд вайрон карда, шуда, ҳамаи чизҳои дуздидашуда ба Украина баргардонда шаванд, ҳамаи заминҳои ишғолкардаи Русия пас гирифта шаванд”.

 Подоляк қаблан пули Қримро як сохтмони ғайриқонунӣ номида, мақомҳои ҳарбии Украина гуфта буданд, ки дар аввалин фурсат ин пул барои артиши Украина “ҳадафи №1” хоҳад шуд.

Дар ин видео метавон натиҷаҳои таркишу сӯхтор дар пули Қримро ба хубӣ дид:

Президенти Русия Владимир Путин баъди тасарруфи нимҷазираи Қрим дар соли 2014 ҷиҳати бунёди пуле, ки Русияро бо ин нимҷазира мустақиман бипайвандад, амр дода буд. Пули Қрим моҳи майи соли 2018 бо як маросими пуртантана, ки дар он Путин шахсан иштирок кард ва ҷараёни ин маросим тавассути ТВҳои давлатии Русия мустақиман намоиш дода шуд, мавриди баҳрабардорӣ қарор дошта шуд.

Нашрияи “Ведомости” моҳи феврали соли 2017 хабар дода буд, ки хароҷоти сохтани пули Қрим беш аз 300 миллиард рубл, ё  тақрибан 5 миллиард доллаpро ташкил медиҳад. Соли 2018 коргардон Тигран Кеосаян, шавҳари раҳбари шабакаи телевизионии “RT” Маргарита Симонян ҳатто филми ҳунарие бо номи  “Пули Қрим. Бо меҳр бунёд шудааст” ба навор гирифт, вале ин филм тамошобини чандоне ҷамъ оварда натавонист.

Пули Қрим ҳоло барои таъмини нирӯҳои артиши Русия дар ҷануби Украина истифода мешавад.

Манбаъ: “Настоящее Время”

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button