ВидеоҲуқуқи инсонҶомеа

МИЛИТСИЯ: САОДАТ ҚУЛИЕВАРО БАРОИ 39 ҲАЗОР ДОЛЛАР ПУЛ КУШТААНД (3 АКС)

Маркази матбуоти милитсияи шаҳри Душанбе  рӯзи 7 октябри соли 2022 бархе тафсилоти қатли Саодат Қулиева, як сокини 68-солаи маркази пойтахтро шарҳ дод. Милитсия гуфт, ин зани солхӯрдаро рӯзи 28 сентябр  дар манзилаш дар кӯчаи Ф.Ниёзӣ Эмма Кадзова, сокини 65-солаи кӯчаи Яккачинор “аз сабаби нофаҳмиҳои молиявӣ” бо 19 зарбаи корд кушта, сипас 39 ҳазор доллари ҷабрдидаро гирифта, фирор кардааст. Саодат Қулиева 13 сол боз бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон барои пайдо кардани қотилони писараш табиби саратоншинос Хуршед Бобокалонов даъвою судбозӣ дошт ва бо талаби адолат ҳатто ба Кумитаи ҳуқуқи башари СММ нома навишта буд.

Эмма Кадзова, ки дар ҳабс қарор дорад, барои шарҳи ин қазия дастрас нест, вале бино ба тасвири милитсияи Душанбе, куштори Саодат Қулиева ба чунин қарор сурат гирифтааст:

“28-уми сентябри соли ҷорӣ, ҷасади шаҳрванд Қулиева Саодат Эргашевна, санаи таваллудаш 25.04.1954, дар манзили истиқоматиаш, воқеъ дар кӯчаи Ф.Ниёзии ноҳияи И.Сомонӣ, бо аломатҳои марги маҷбурӣ ёфта шуд.

Бо мақсади муайян ва дастгир намудани нафари гумонбар аз ҳисоби кормандони милитсия ва Прокуратураи ноҳияи И.Сомонӣ гурӯҳи оперативӣ-тафтишотӣ созмон дода шуда, як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронида шуд.
Дар натиҷа, 2-юми октябри соли ҷорӣ ҳамчун гумонбар дар содир намудани ин ҷинояти махсусан вазнин, шаҳрванд Кадзова Эмма Владимировна, санаи таваллудаш 03.02.1957, истиқоматкунандаи н.Сино, кӯчаи Яккачинор дастгир карда шуд.
Зимни санҷиш муайян гардид, ки 28-уми сентябр ҳангоми дар манзили истиқоматии ҷабрдида қарор доштанаш, аз сабаби нофаҳмиҳои молиявӣ байни гумонбаршаванда – Кадзова Эмма ва марҳум Қулиева Саодат муноқиша ба амал омадааст.
Дар натиҷа, гумонбаршаванда Кадзова Эмма дар ҳолати қаҳру ғазаб бо корди ошхонагӣ 19 маротиба ба узвҳои бадани марҳум Қулиева Саодат зарба зада, бо бераҳмии махсус ӯро ба ҳалокат расонида, 39 ҳазор доллари амрикоии ҷабрдидаро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Дар натиҷаи пешбурди корҳои тафтишотӣ аз гумонбаршаванда ҳамчун далели шайъӣ 39 ҳазор доллари амрикоӣ ва аз ҷои ҳодиса олоти ҷиноят, як адад телефони мобилӣ ва корди ошхонагӣ ёфта гирифта шуд. Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Кадзова Эмма Владимировна тибқи талаботи моддаи 104 қисми 2 банди “е” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, ӯ дар ҳабси пешакӣ қарор дорад”.

Қисми дуюми моддаи 104 барои куштор бо бераҳмии махсус ҳамчун ҷазо аз 15 то 25 соли зиндон ваё ҳабси умрбодро пешбинӣ мекунад.

Номи Саодат Кулиева замоне расонаӣ гардид, ки писараш Хуршед Бобокалонов, мудири қабулгоҳи Маркази бемориҳои саратон аз сӯи кормандони милитсия дар маркази Душанбе боздошт гардида, дар роҳ ба сӯи шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷон бохт.

Ин ҳодиса 27 июни соли 2009 ба вуқӯъ пайваст, вале бо гузашти бештар аз 13 сол омилони марги Хуршед Бобокалонов ошкор ва касе барои марги ӯ ба ҷавобгарӣ кашида нашудааст.

Саодат Кулиева пас аз марги писараш ба додситонии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар Душанбе шикоят бурд ва дар робита ба  марги писари ӯ парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Баъдан борҳо ин парванда пӯшида ва дигарбора боз мегардид. Модари Хуршед Бобокалонов даъво дошт, ки ҳангоми иҷрои маросими шустушӯи ҷасад хешовандон дар бадани писараш осори захмҳои ҷисмониро пайдо кардаанд.

Мақомот мегуфтанд, Хуршед Бобокалонов ба иллати бемории қалб ва баста шудани роҳҳои нафасаш ҷон додааст ва гӯё маст ҳам буд. Пайвандонаш ин фарзияи мақомотро рад  мекарданд ва исрор меварзиданд, ки ӯ дар натиҷаи латтукӯб кушта шудааст.

Парвандаи марбут ба марги Хуршед Бобокалонов аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон чандин баставу пӯшида гардид ва Саодат Қулиева ба пайдо кардани адолат дар кишвар ноумед шуда, пас аз ноком мондани муроҷиатҳои пай дар паяш дар соли 2015 ба Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид  нома навишт ва дар номааш аз ҷумла навишта  буд,  ки “либоси писарам дар хун олуда буд, дар баданаш захмҳои зиёде ба назар мерасид, биниаш кӯфта шуда, аз захми пушти сар ва манаҳаш хун мерехт…”

Дархости ӯ аз ҷониби СММ қонеъ гардид ва дар ин бора Комиссия оид ба иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии Дастгоҳи иҷроияи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври хаттӣ Саодат Кулиеваро хабардор ҳам кард. Аммо додгоҳи ноҳияи И.Сомонӣ 8-уми июни соли 2022 бори дигар даъвои Саодат Қулиева ба ВКД ва Додситонии кулли Тоҷикистон рад кард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button