Хабарҳои кӯтоҳ

ДУЗДИИ ҚУБУРҲОИ ОҲАНИН АЗ ПОЙГОҲИ ОБКАШИИ ҶАМОАТИ САРИКИШТӢ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон рӯзи 7 октябр аз ошкор шудани дуздии 5 қубури оҳанин аз пойгоҳи обкашии ҷамоати Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ хабар дод.

Бино ба ин гузориш, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ бо ариза марди 29-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 5-уми сентябри соли 2022, тахминан соати 18:30-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз пойгоҳи обкашӣ, воқеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Сарикиштии ноҳияи мазкур 5-адад қубурҳои оҳанини дарозиашон 8 метрро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 60 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия мардони 39 ва 42-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ба дастгиршудагон бар асоси моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои дуздӣ аз 2 то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button