Рӯйдодҳои БадахшонСиёсатТоҷикистон

ДОДСИТОНИИ КУЛ КУШТА ШУДАНИ 29 СОКИНИ БАДАХШОНРО ТАСДИҚ КАРД

Маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 7 октябри соли 2022 дар як изҳорот иддаои роҳбари мухолифини тоҷик Муҳиддин Кабирӣ дар бораи кушта шудани наздики 50 мардуми бесилоҳу бегуноҳ дар натиҷаи “куштори оммавӣ алайҳи ақалияти помирӣ” дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро рад карда, дар ҳаводиси ахири Бадахшон як корманди мақомот кушта ва дуи дигар ғарқ шуданд ва  аз  он ҷониб 29 нафар “безарар гардонида шудаанд”.

Додситонӣ ҳамин тавр, хабар дод, ки дар пайи ҳаводиси ахир “нисбати 109 нафар саркардагон ва аъзоёни иттиҳодияҳои ҷиноятӣ бо моддаҳои алоҳидаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз, тафтиш  ва ба суд ирсол  карда шуда, дар натиҷа  ба  77 нафар дар асоси ҳукмҳои судӣ ҷазои сазовор таъин карда шуда, нисбати 32 нафари дигар парвандаи ҷиноятӣ  мавриди  баррасии судӣ қарор доранд. Ҳамзамон 89 нафари тазоҳуротчиён барои майдаавбошӣ ва бетартибиҳои оммавӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ низ кашида шуданд.”

Изҳороти Додситонии кулли Тоҷикистон дар посух ба намояндагони оппозитсияи тоҷик буд, ки аз 27 сентябр то 7 октябр дар шаҳри Варшава дар ҷараёни ҷаласаи солонаи Созмони амният  ва ҳамкорӣ дар Аврупо чанд дафъа масъалаи саркӯби хунини эътирозҳои Бадахшонро матраҳ карда, мақомоти Тоҷикистонро ба қатли омми ақалияти помирӣ айбдор карданд.

Додситонӣ  дар изҳороташ Алим Шерзамонов, сиёсатмадори мухолифи зодаи Бадахшонро иштибоҳан ё амдан ду маротиба “муовини раиси “Ҳизби наҳзати ислом” ном бурда, гуфт,  ки намояндагони мухолифин дар Варшава “нисбат ба ҳукумат ва давлати Тоҷикистон маълумотҳои бардурӯғ ва ақидаҳои иғвоангезонаро баён кардаанд”.

“Аз ҷумла, М. Кабирӣ маълумоти бардурӯғро оиди гӯё «Куштори оммавӣ дар Бадахшон алайҳи ақалияти помирӣ, ки дар натиҷа наздики 50 нафар инсони бесилоҳу бегуноҳ дар як амалиёти низомии Ҳукумат барои саркӯби тазоҳургарон кӯшта шудаву садҳо намояндагони ҷомеъаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла адвокату рӯзноманигорон ва фаъолони мардумӣ зиндонӣ ё фирорӣ гашта бошанд» гузориш додааст, ки он беасос буда, хусусияти иғвоангезӣ ва барангехтани кинаю адовати миллӣ, маҳалгароӣ ва сиёсӣ доштани баромади М. Кабириро нишон медиҳад”, мегӯяд маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон.

Ин ниҳод тазоҳургарон дар Рӯшону Хоруғро ба қасди юбо роҳи зӯрӣ ғасб кардани ҳокимият айбдор кард ва гуфт, ки онҳо “аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо роҳбарии саркардагони гурӯҳҳои ҷиноятии ВМКБ ва тибқи нақшаи қаблан таҳрезинамудаи Кабирӣ М. ва Шерзамонов А.” иттиҳоди ҷиноятиро ташкил намуда, қасди бо роҳи зуроварӣ ғасби ҳокимият, сарнагун сохтани мақомоти давлатӣ ва бо даъвати оммавӣ тағйир додани сохти конститутсионии кишвар, шурӯъ аз 25 марти соли 2022 ба тазоҳуроту ташкил намудани гирдиҳамоиҳои ғайриқонунӣ даст зада, тартиботи ҷамъиятиро мунтазам халалдор сохта, ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ итоат накарда, дар маркази ВМКБ ва ноҳияҳои атрофи он бетартибии оммавиро идома доданд”.

Додситонӣ гуфт, рӯзи 18 май дар пайи бастани роҳи Душанбе Хоруғ Қулма ва ҳамлаи мусаллаҳона ба нирӯҳои давлатӣ, ки бар асари он як афчсар кушта ва 6 тани дигар захмӣ шуданд, “бо мақсади таъмини амнияти шаҳрвандон ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии чинояткорӣ ва рафъи қоидавайронкуниҳои ҷойдошта дар ВМКБ амалиёти зиддитеррористӣ гузаронида шуда, зимни он аз тазоҳуротчиён ва аъзоёни гурӯҳҳои ҷиноятӣ миқдори зиёди силоҳи оташфишон ва лавозимоти ҷангӣ гирифта шуда, 29-нафар безарар гардонида шудаанд”.

Додситон аз кушода шудани парвандаҳо ба зидди 109 нафар ва алакай “ҷазои сазовор” гирифтани  77 нафар дар робита ба ҳодисаҳои Бадахшон хабар дода, гуфт, “доир ба ҳолатҳои таҳти фишору шиканҷа қарор гирифтани рӯзноманигорон ё зиндониёни сиёсӣ ягон арзу шикоятҳо ворид нашуда, аъзои оилаҳои онҳо низ доири он  муроҷиат накардаанд”.

Аммо, афзуд додситонӣ, намояндагони мухолифин, аз ҷумла Кабирӣ, Шерзамонов, Муҳамадиқболи Садриддин ва аъзои ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” “бо ғаразҳои нопоку супориши хоҷагонашон дар ҷаласаи САҲА ақидаҳои иғвоангезонаи худро иброз дошта, дар сомонаҳои интернетӣ барқасдона паҳн намуданд”.

Додситонии кулли Тоҷикистон, Кабирӣ, Маҳмадиқболи Садриддин дигар мухолифини сиёсиро ба он айбдор кард, ки “дар кишварҳои аврупоӣ фаъолияти ғаразноки худро вусъат дода, қасди халалдор намудани сохти конститусионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва субботу амнияти мардум, ба даст овардани ҳокимият ва барпо кардани давлати теократӣ дар Тоҷикистонро идома дода, аз ҳама роҳу воситаҳо истифода бурда истодаанд”.

Кабирӣ ва Шерзамон чандин бора иддаои мақомоти Тоҷикистон дар бораи даст доштанашон дар тарҳрезии эътирозҳои Бадахшонро рад карда, гуфтаанд, ки ин як эътирози худҷӯши мардум буд, ки ҳукумат бо истифода аз силоҳҳои ҷангӣ ва нирӯҳои “спетсназ” саркӯбаш кард.

Матни пурраи изҳороти Додситонии куллро дар зер мутолиа кунед:

Маълумотҳои бардурӯғи иғвоангезон дар САҲА 2022

Аз 27 сентябр  то 7 октябр дар шаҳри Варшава ҷаласаи  Созмони амният  ва ҳамкорӣ дар Аврупо, мониторинги  шабакаҳои иҷтимоӣ-интернетӣ доир гардид, ки  дар он раиси Паймони миллии Тоҷикистон Кабирӣ М., муовини раиси “Ҳизби наҳзати ислом” Шерзамонов А. ва аъзоёну фаъолони ҳаракати “Гурӯҳи 24” иштирок намуданд.

Дар ҷаласаи мазкур, масъалаи озодии сухан ва васоити ахбори омма дар Тоҷикистон, инчунин ҳодисаҳои тазоҳуроти Бадахшон баррасӣ гардида, чанд нафар аъзоёни мухолифини сиёсии Тоҷикистон маърӯза карда, нисбати Ҳукумат ва давлати Тоҷикистон маълумотҳои бардурӯғ ва ақидаҳои иғвоангезонаро баён кардаанд.

Аз ҷумла, М. Кабирӣ маълумоти бардуруғро оиди гӯё «Куштори оммавӣ дар Бадахшон алайҳи ақалияти помирӣ, ки дар натиҷа наздики 50 нафар инсони бесилоҳу бегуноҳ дар як амалиёти низомии Ҳукумат барои саркӯби тазоҳургарон кӯшта шудаву садҳо намояндагони ҷомеъаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла адвокату рӯзноманигорон ва фаъолони мардумӣ зиндонӣ ё фирорӣ гашта бошанд» гузориш додааст, ки он беасос буда, хусусияти иғвоангезӣ ва барангехтани кинаю адовати миллӣ, маҳалгароӣ ва сиёсӣ доштани баромади М. Кабириро нишон медиҳад.

Мақомоти низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқи кишвар бар зидди гурӯҳи тазоҳуротгарони ноҳияи Рӯшон ва шаҳри Хоруғи ВМКБ, ки мақсади ғасби ҳокимиятро дошта, аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо роҳбарии саркардагони гурӯҳҳои ҷиноятии ВМКБ ва тибқи нақшаи қаблан таҳрезинамудаи Кабирӣ М. ва Шерзамонов А. иттиҳоди ҷиноятиро ташкил намуда, қасди бо роҳи зуроварӣ ғасби ҳокимият, сарнагун сохтани мақомоти давлатӣ ва бо даъвати оммавӣ тағйир додани сохти конститутсионии кишвар, шурӯъ аз 25 марти соли 2022ба тазоҳуроту ташкил намудани гирдиҳамоиҳои ғайриқонунӣ даст зада, тартиботи ҷамъиятиро мунтазам халалдор сохта, ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ итоат накарда, дар маркази ВМКБ ва ноҳияҳои атрофи он бетартибии оммавиро идома доданд.

18 майи соли 2022, соатҳои 0730 дақиқа бо мақсади амалӣ кардани нақшаҳои ҷиноии худ аъзоёни гурӯҳҳои ҷиноятӣ, роҳи мошингарди аҳамияти байналмилалидоштаро баста, ба сӯи хизматчиёни ҳарбӣ аз силоҳҳои гуногуни оташфишон тир холӣ намуданд, ки дар натиҷаи ҳуҷуми мусаллаҳонаи онҳо як афсар аз тири силоҳи оташфишон дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, 6 нафар афсару прапоршикҳо захм бардошта, бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ гаштаанд. Дар ин давра чанд нафар корманди милитсия низ аз ҷониби аъзоёни гурӯҳҳои ҷиноӣ лату кӯб шуда, ҷароҳаҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ гирифта, 2 нафар фавтиданд (ба дарё ғарқ шуданд).

Бо мақсади таъмини амнияти шаҳрвандон ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии чинояткорӣ ва рафъи қоидавайронкуниҳои ҷойдошта дар ВМКБ амалиёти зиддитеррористӣ гузаронида шуда, зимни он аз тазоҳуротчиён ва аъзоёни гурӯҳҳои ҷиноятӣ миқдори зиёди силоҳи оташфишон ва лавозимоти ҷангӣ гирифта шуда, 29-нафар безарар гардонида шудаанд.

Аз тарафи Прокуратураи генералӣ, вобаста ба таҳқиқи ҳодисаҳои мазкур гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ таъсис дода шуда, дар ин давра нисбати 109 нафар саркардагон ва аъзоёни иттиҳодияҳои ҷиноятӣ бо моддаҳои алоҳидаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз, тафтиш  ва барои моҳиятан баррасӣ намудан   ба суд ирсол  карда шуда, дар натиҷа  ба  77 нафар дар асоси ҳукмҳои судӣ ҷазои сазовор таъин карда шуда, нисбати 32 нафари дигар парвандаи ҷиноятӣ  мавриди  баррасии судӣ қарор доранд.

Ҳамзамон 89 нафари тазоҳуротчиён барои майдаавбошӣ ва бетартибиҳои оммавӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ низ  кашида шуданд.

Дар ин муддат чанде аз тазоҳуротчиён ва рӯзноманигорон низ барои содир намудани ҷиноятҳои гуногун, яъне узвият ва ҳамкорӣ доштанашон  бо созмонҳои экстремистӣ-террористии фаъолияташ мамнуъ боздошт гардида, доир ба ҳолатҳои таҳти фишору шиканҷа қарор гирифтани рӯзноманигорон ё зиндониёни сиёсӣ ягон арзу шикоятҳо ворид нашуда, аъзои оилаҳои онҳо низ доири он  муроҷиат накардаанд.

Аммо, роҳбари ташкилоти террористӣ-экстремистии “Паймони Миллии Тоҷикистон” Муҳиддин Кабирӣ, муовини роҳбари “Ҳизби наҳзатии Ислом” Алим Шерзамонов, аъзои фаъоли он Муҳамадиқболи Садриддин ва аъзоёни ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”, ки нисбати онҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, оқибати ҷавобгарии ҷиноятиро дарк намуданд, бо ғаразҳои нопоку супориши хоҷагонашон дар ҷаласаи САҲА суханронӣ карда ақидаҳои иғвоангезонаи худро иброз дошта, дар сомонаҳои интернетӣ барқастона паҳн намуданд.

Ҳоло он, ки  дар асоси ҳалномаҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти “Паймони Миллии Тоҷикистон” аз соли 2019, “Ҳизби наҳзатии Ислом” аз соли 2015 ва ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” аз соли 2014 ташкилотҳои террористӣ-эстремистӣ эътироф гардида, фаъолияти онҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст. Инчунин сомонаҳои интернетии ба онҳо тааллуқдошта баста шуда, нашр ва паҳн кардани видеонавору аудиосабтҳои онҳо низ манъ гардидааст.

Бо қарори Суди Олии Федератсияи Россия аз 14 сентябри соли 2022 бошад,  Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эътироф гардида, фаъолияти он дар ҳудуди Федератсияи Россия манъ шудааст.

Кабирӣ М., Маҳмадиқболи С. ва дигар мухолифини сиёсӣ ин ҳолатҳоро дарк намуда, дар кишварҳои аврупоӣ фаъолияти ғаразноки худро вусъат дода, қасди халалдор намудани сохти конститусионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва субботу амнияти мардум, ба даст овардани ҳокимият ва барпо кардани давлати теократӣ дар Тоҷикистонро идома дода, аз ҳама роҳу воситаҳо истифода бурда истодаанд.

      Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button