ВидеоНомаҳо ба президентЧеҳраҳо

ПАДАРҶОНАМ – ПЕШВОИ ХАЛҚИ ТОҶИК! ОЗОДА РАҲМОН 70-СОЛАГИИ ПАДАРАШРО БО ЯК ПАЁМИ ВИДЕОӢ ТАБРИК ГУФТ (ВИДЕО)

Озода Раҳмон, духтари дуюми президенти кунунии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки аз соли 2016 инак қариб 7 сол боз роҳбарии дастгоҳи иҷроияи президентро ҳам дар даст дорад, шоми 5 октябри соли 2022 бо нашри як навори 12дақиқагӣ падарашро ба муносибати расидан ба синни мубораки 70 табрик гуфт. Ин дуюмин видеост, ки Озода Раҳмон нашр мекунад. Видеои аввали ӯ 5 октябри соли 2017 ба муносибати 65солагии падараш нашр шуда буд.

Табрикоташро Озода Раҳмон бо қироати шеъре дар васфи падар ҳусни оғоз бахшид, ки бо ин мисраъҳо шурӯъ мешаванд:

Шаҳсутуни аҳди имонам, Падар!

Қалъаи номусу виҷдонам, Падар!

Гарчӣ такрор аст ҳарфи меҳри ман,

Меҳри нотакрори давронам, Падар!

Озода Раҳмон дар табрикоташ аз корномаи 30 соли президентии падараш васф карда, аз ҷумла мегӯяд, ки сиёсатмадорони олам мактаби сиёсии ӯро меомӯзанд ва аз он панд мегиранд. Озода Раҳмон мегӯяд, ки маҳз падари ӯ Эмомалӣ Раҳмон ба оташи ҷанги бародаркуш дар кишвар нуқтаи таммат гузошт ва ба Тоҷикистон сулҳу ободӣ овард.

Озода Раҳмон паёми табрикиашро бо як шеъри дигари пурэҳсос дар бораи падараш ба поён расондаааст, ки аз ҷумла чунин мисраъҳо доранд:

Чӣ бошад зиндагӣ? Донӣ ҷавобаш,

Ба зарҳал ҳаст номат дар китобаш.

Туро созам ба ин умед табрик,

Падарҷонам – пешвои халқи тоҷик!

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 5 октябри соли 2022 ба синни 70 расид. 30  сол пеш, вақте ки ӯ бори аввал ба мақоми раҳбари аввали Тоҷикистон расид, ҳамагӣ 40 сол дошт. Тарафдоронаш хатми ҷанги хунини бародаркуш дар солҳои 90 ва эҳёи давлатдории нави тоҷиконро ба номи Эмомалӣ Раҳмон пайванд медиҳанд ва бар инанд, ки  Тоҷикистон дар даврони раҳбарии ӯ гулгул шукуфт. Мухолифонаш баракс Эмомалӣ Раҳмонро барои шахспарастӣ, сохтани як низоми худкома ва чашм пӯшидан ба коррупсияи саросарӣ, ки дар натиҷаи он аксари мансабҳои “равғанин” ва тиҷоратҳои пурфоида дар Тоҷикистон ба дасти хешовандони наздики худи президент ва атрофиёнаш афтодааст, танқиду мазаммат мекунанд.

Озода Раҳмон, духтари дуюми Эмомалӣ Раҳмон 44 сол ва 5 фарзанд дошта, аз соли 2016 раҳбари дастгоҳи иҷроияи президент мебошад. Ҳамсари ӯ Ҷамолиддин Нуралиев то моҳи июни соли ҷорӣ муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button