ВидеоМарзи Тоҷикистону Қирғизистон

ПУШТИБОНИИ РОҲБАРИ ОППОЗИТСИЯИ ТОҶИК АЗ АФСАРОНУ АСКАРОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР МУНОҚИШАИ АХИР БО ҚИРҒИЗИСТОН (ВИДЕО)

Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари ду соҳмони оппозитсионии феълан дар Тоҷикистон мамнӯъ: Ҳизби наҳзати исломӣ ва Паймони миллӣ, рӯзи 4 октябри соли 2022 дар иҷлосияи анҷумани солонаи САҲА дар Варшава ба як намояндаи Қирғизистон, ки Тоҷикистонро дар муноқишаи хунини моҳи сентябри соли ҷорӣ дар марз бо Қирғизистон ба таҷовузкорӣ (агрессия) айбдор кард, посух дод.

Кабирӣ аз ҷумла гуфт: “Набояд танҳо як тарафро айбдор кард, чунки ҳарду тараф талафот дод. Ва набояд аскарону афсарони Тоҷикистонро айбдор кард, чунки онҳо қарзи худро ҷиҳати аз таҷовуз  ҳимоят кардани Ватан иҷро карданд. Дурусттар мебуд, агар ҷомиаи байналмилалӣ дар бораи ончӣ, ки дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон гузашту мегузарад, таҳқиқоти байналмилалӣ анҷом медод”.

Дар идомаи суханрониаш роҳбари оппозитсияи тоҷик аҳли нишастро аз судури 7 солу 6 моҳ ҳукми зиндони журналист Абдуллоҳ Ғурбатӣ аз сӯи додгоҳ дар Тоҷикистон хабардор кард ва гуфт, дар рзҳои анҷумани САҲА содир шудани ин ҳукм нишон медиҳад, ки ин як ҳукми намоишкорона аст.

“Мақомоти Душанбе бо судури ин ҳукм нишон доданд, ки ба онҳо он ҳама чизе, ки дар бораашон дар анҷумани Варшава мегӯянд, арзише надорад”, – таъкид кард Кабирӣ.

Пуштибонии афсарону аскарони тоҷик дар муноқишаи ахир бо Қирғизистон аз забони роҳбари оппозитсияи тоҷик дар ҳолест, ки дар рӯзҳои он муноқиша бисёриҳо оппозитсияро барои мавқеъгирии хеле тӯлкашида ва норӯшан дар баробари он ҳаводис танқид мекарданд. Троллҳои тарафдори ҳукумат бошад оппозитсияи тоҷикро  ҳатто айбдор мекарданд, ки дар ин муноқиша тарафдори Қирғизистон аст.

Ёдовар мешавем, дар пайи муноқишаи хунини мусаллаҳонаи рӯзҳои 14-17 сентябри соли 2022 дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз ду тараф беш аз 130 кушта ва беш аз 400 захмӣ ба ҷо гузошт.  Қирғизистон аз 63 кушта ва беш аз 200 захмӣ аз тарафи худ хабар дод ва Тоҷикистон аз ҳалокати беш аз 40 нафар ва ҷароҳат бардоштани ҳудуди 200 тани дигар танҳо дар байни сокинони мулкӣ. Душанбе дар бораи талафот дар байни нирӯҳои мусаллаҳи худ иттилои расмие нашр накардааст, вале журналистони тоҷик то имрӯз рӯйхатти дастикам 75 қурбонии муноқишаи ахирро нашр кардаанд. Ҳарду тараф дар оғози муноқишаи моҳи сентябр якдигарро айбдор мекунанд.

 Танҳо дар ду соли охир дар натиҷаи задухӯрдҳои мусаллаҳона дар марзи ду кишвар наздики 200 нафар  кушта шуда, ҳудуди 700 нафар  аз ҳарду ҷониб захмӣ шуданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button