ВидеоНомаҳо ба президентҲуқуқи инсон

АДОЛАТИ “ТОҶИКӢ”: ЖУРНАЛИСТ АБДУЛЛОҲ ҒУРБАТӢ БА 7 СОЛУ 6 МОҲИ ЗИНДОН МАҲКУМ ШУД

Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе рӯзи 3 октябри соли 2022 мурофиаи парвандаи пурсарусадои журналист Авазмад Ғурбатов, маъруф бо тахаллуси Абдуллоҳ Ғурбатиро ба поён расонд ва ӯро ба 7 солу 6 моҳи маҳбаси низомаш сахт маҳкум кард. Маркази мустақили ҳуқуқи инсон, ки дар ин қазия ҳимояти ҳуқуқии Абдуллоҳ Ғурбатиро ба дӯши худ гирифта буд, хабар дод, ки додгоҳ журналистро бар асоси ҳар се банди айбнома: қисми якуми моддаи 328, қисми якуми моддаи 330 ва қисми дуюми моддаи 307, иловаи 3 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон дар таҳқир ва латтукӯби намояндаи ҳокимият ва узвият дар созмони мамнӯъ гунаҳкор шинохт.

Адвокат Абдураҳмон Шарипов, ки ба намояндагӣ аз Маркази мустақили ҳуқуқи инсон дар ин мурофиаи пурсарусадо аз ҳуқуқи Абдуллоҳ Ғурбатӣ ҳимоят мекунад, гуфт, ки онҳо аз ин ҳукм ба додгоҳи болоӣ шикоят хоҳанд бурд.

Абдураҳмон Шарипов хабар дод, ки рӯзи 4 октябр пеш аз судури ҳукм, додгоҳ ба Абдуллоҳ Ғурбатӣ барои ироаи сухани охиринаш навбат дод.

 “Дар сухани охиринаш Авазмад Ғурбатов худро дар мавриди ин се иттиҳоми ба зиддаш эълоншуда бегуноҳ донист ва ҳар навъ иртиботи худ бо ягон гуруҳи ифротиро низ рад кард. Авазмад Ғурбатов аз додгоҳ хост, ки ӯро бегуноҳ барорад ва сафед кунад”, – хабар додааст адвокати журналист Абдурахмон Шарипов.

Ҳафтаи гузашта айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳ хоста буд, ки Абдуллоҳ Ғурбатиро ба 8 соли зиндон маҳкум кунанд. Аммо адвокати Абдураҳмон Шарипов рӯзи 3 октябр дар сухани ниҳоияш ба бегуноҳии нафари таҳти ҳимояти худ исрор варзида, аз додгоҳ хост, ки Ғурбатиро комилан сафед кунад ва рост аз толори додгоҳ ҷавобаш диҳад.

Адвокат гуфт:  “Додгоҳ (рӯзи 4 октябр) қарорашро эълон кард. Додгоҳ Авазмад Ғурбатовро бар асоси ҳар се банди айбдном гунаҳгор донист ва дар маҷмӯъ ӯро ба 7 солу 6 моҳи маҳрумият аз озодӣ бо адои ҳукм дар маҳбаси низомаш сахт маҳкум кард”.

Мурофиаи парвандаи Ғурбатӣ дар толори боздоштгоҳи №1 пушти дарҳои баста доир шуд. Касе сабаби ба мурофиа роҳ наёфтани намояндагони матбуот ва ҷомиаи шаҳрвандиро шарҳ надод. Ба ин мурофиа аз наздикон танҳо ҳамсари ӯ Мубораки Қосим роҳ дода шуд. Мубораки Қосим дар поёни ҳафтаи гузашта дар як номаи саркушода аз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хост, то ба қазияи падари фарзанди ягонааш дахолат кунад ва нагузорад, ки ҳаёти ӯро бисӯзонанд. Муборак Қосим навишта буд, ки шавҳараш ягон гуноҳ надорад.

Абдуллоҳ Ғурбатӣ, ки ба журналисти дигари тоҷик Далери Имомалӣ дар таҳияи гузоришҳои видеоӣ пиромуни масоили доғи Тоҷикистон ҳамкорӣ мекард, рӯзи 15 июни соли ҷорӣ, ҳамагӣ чанд соат баъди Далери Имомалӣ ба ҳабс гирифта шуд. Ӯро аввал ба таҳқиру латтукӯби корманди милитсияи ноҳияи Шоҳмансур ва баъдан ҳамчунин ба ҳамкорӣ бо мухолифин айбдор карданд. Худи Ғурбатӣ ин иддаоро қотеъона рад мекунад ва мегӯяд, на узви ҳизби наҳзат асту на милисаро ягон чӯртӣ задааст.

Абдуллоҳ Ғурбатӣ ва Далери Имомалӣ дар пайи нашри чанд гузориши видеоии интиқодӣ нисбат ба прокурори ноҳияи Шоҳмансур дастгир шуданд. Ба бахти бади хабарнигорон, прокурори Шоҳмансур писари вазири адлия ва домоди раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон будааст…

Дар моҳҳои охир  дар Тоҷикистон дастикам 12 журналисту блогер ба ҳабс гирифта шудаанд. Аз ҷумла 6 журналист ва блогери зодаи Бадахшон (Улфатхоним Мамадшоева, Муҳаммади Султон, Хушом Гулям, Рамзесс Шогунов, Мақсуд Ғаёсов ва Комчек Мирзоев), журналистон Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, блогери пуртамошобин Усмон ва рэпсаро Ралик. Дуи охир ба даҳрӯзӣ ҳабси маъмурӣ  маҳкум шуданд, вале Муҳаммади Султон, полковники мустаъфии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (собиқ КГБ) ва журналист, ахиран ба 7 соли зиндон маҳкум шуд. Ва акнун Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба 7 солу 6 моҳи зиндон маҳкум шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button