ВидеоИлму фанноварӣХабарҳои кӯтоҳ

ДАР НОҲИЯИ ДӮСТӢ БА 30 ОМӮЗГОРИ ҶАВОН БАРОИ СОХТАНИ ХОНА ЗАМИН ДОДААНД

Раёсати маорифи Вилояти Хатлон хабар дод, ки ба ифтихори Иди касбии омӯзгорон дар ноҳияи Дӯстӣ  (собиқ Ҷиликӯл) бо як иқдоми дар ин вилоят бесобиқа якбора ба 30 омӯзгори ҷавон  ҳамчун имтиёз барои сохтани хона замин додаанд. Маросими тақдими сертификати заминҳои наздиҳавлигӣ рӯзи 2 октябри соли 2022 дар дар толори қасри фарҳанги ноҳияи Дӯстӣ баргузор шудааст.

Раёсати маориф тақдими шаҳодатномаҳои замин ба 30 омӯзгорро “ҷолибтарин ва фаромӯшнопазиртарин лаҳза” ва ҳамчунин “беҳтарин тӯҳфа ба омӯзгорони ноҳияи Дӯстӣ” ва “шоистаи намунаи ибрат барои дигар шаҳру навоҳӣ” номида, навиштааст, бо замини наздиҳавлигӣ таъмин гардидани омӯзгорони ҷавон яке аз бандҳои қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо барои омӯзгорони ҷавон” мебошад. Аммо, навиштааст ин ниҳод, дар як рӯз аз як ноҳия бо замин таъмин шудани якбора 30 омӯзгор бори аввал сурат мегирад ва ин “нишонаи баландтарин эҳтиром нисбат ба омӯзгор маҳсуб меёбад”.

Мудири шуъбаи маорифи ноҳия Шаҳноза Маҳмасаидзода иттилоъ додааст,ки ба  ҳар кадом аз ин 30 омӯзгор шаҳодатномаи ҳуқуқи истифодаи замин барои 12 сотих тақдим карда шудааст. Ӯ гуфт, маҳз омӯзгороне ба инобат гирифта шуданд,ки воқеан ба замин эҳтиёҷманд мебошанд ва ҳамзамон, дар таълиму тарбияи шогирдон муваффақ гардидаанд.

Раёсати маорифи вилоят изҳори боварӣ кардааст, ки чун ин ҳавасмандгардонӣ дар самти ҷалби омӯзгорон ба муассисаҳои таълимӣ, бештар намудани талоши онҳо барои ба даст овардани натиҷаҳои баландтар дар озмуну олимпиадаҳои шогирдон ва саҳми арзанда гузоштан дар таълиму тарбияи насли наврас таъсири мусбати худро мерасонад.

“Ин ташаббусе,ки дар ноҳияи Дӯстӣ амалӣ гардид, барои дигар шаҳру навоҳӣ намунаи ибратро мемонад. Умед мебандем,ки дигар раисони шаҳру ноҳияҳо низ барои ҳавасмандгардонии омӯзгорон чунин ташаббусҳои созандаро амалӣ мекунанд”, навиштааст раёсати маориф.

Дар ҳамин ҳол, Шаҳноза Маҳмадсаидзода, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Дӯстӣ дар суҳбат бо Рressa.tj гуфт, ки дар як қарори раиси ноҳия якбора 30 омӯзгори эҳтиёҷманд бо замини наздиҳавлигӣ таъмин шуданд: “Роҳбарияти мақомоти маҳаллӣ пешниҳоди шуъбаи маорифро ҷонибдорӣ кард ва хушбахтона 30 омӯзгор соҳиби замин шуданд. Соли гузашта 3 омӯзгор бо замин барои бунёди хона таъмин шуда буданд. Имсол ин шумора ба 30 нафар расонида шуд”.

Шаҳноза Маҳмадсаидзода афзуд, ки дар оянда боз ҳам ба масъалаи дастгирии омӯзгорон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир хоҳад шуд. Ӯ гуфт, ки “боз барои додани замин ба 60 омӯзгори дигар ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ пешниҳод кардаем. Боварӣ ҳаст, ки марҳила ба марҳила омӯзгорони эҳтиёҷманд бо замин таъмин мешаванд”.

https://www.facebook.com/groups/705767043748759/posts/841131330212329/

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button