ВидеоДин ва боварҳоҶомеа

МУРОҶИАТИ МОДАРИ БИЛОЛҶОНИ НӮҲСОЛА БА МАРДУМИ ДАСТБАХАЙР ВА ХОСАТАН БА РАҲИМИ ҒАРМӢ (ВИДЕО)

Ҳоҷимоҳ  Маҳмадова, модари Билолҷон, як тифли нӯҳсолаи тоҷик, ки дар бемористони Маскав инак чанд вақт боз мунтазири ҷамъ шудани 3 миллион рубл пули ҷарроҳист,  дар як муроҷиатномаи видеоӣ аз ҳамаи мардуми дастбахайр  барои наҷоти фарзандаш аз чанги бемории вазнин дасти ёрӣ хостааст.   Билолҷон аз варами саратони мағзи сар ранҷ мебарад ва ба ҷарроҳии оҷил ниёз дорад. Чунин ҷарроҳӣ барои шаҳрвандони худи Русия бепул будааст, вале азбаски Билолҷон ва волидони ӯ шаҳрванди Тоҷикистонанд, аз онҳо барои анҷоми ҷарроҳии фарзандашон дар бемористони Маскав 3 миллион рубл (ҳудуди 50 ҳазор доллари Амрико) хостаанд, ки чунин маблағ берун аз тавонмандиҳои молиявии ин хонавода аст.

Ҳоҷимоҳ Маҳмадова ашк дар чашм мегӯяд,  баъди муроҷиати қаблиаш ҳамватанон ба корти ӯ 120 ҳазор рубл гузаронданд. Ӯ ба ҳамаи онҳое, ки барояш хайр карданд, изҳори сипос кард ва пеши Худованд дуо кард, ки аҷри ҳар хайри кардаашонро даҳчанд баргардонад. Аммо, гуфт модари ночормонда, ин маблағ барои ҷарроҳии фарзанди ӯ Билолҷон кифоят намекунад ва ба ҳамин далел, ӯ ночор шудааст, то ки бори дигар ба мардуми дастбахайри  тоҷик муроҷиат кунад.

Ҳоҷимоҳ Маҳмадова, ҳамин тавр, дар ин муроҷиаташ алоҳида ба Раҳим Бобоҷонов, соҳибкори шинохтаи тоҷик, ки бо тахаллуси Раҳими Ғармӣ  муроҷиат мекунад ва мегӯяд, бовар дорад, ки Раҳими Ғармӣ, ки бо дасти пурсаховати худ ном баровардааст,  барои наҷоти ҷони фарзанди ӯ дасти ёриашро дареғ нахоҳад дошт.

Онҳое, ки мехоҳанд дар наҷоти Билолҷон саҳм бигиранд, метавонанд хайри худро ба ин рақами корти Сбербанк гузаронанд. Корт ба номи модари Билолҷон Ҳоҷимоҳ Маҳмадова аст:

 Сбербанк 2202 2061 0759 9057 Махмадова Хочимох

Рақами телефони модари Билолҷон: +7 925 656 97 76

 Корти миллӣ Душанбе Сити 5058270343182829

Масъулияти роҳандозии маъракаи ҷамъоварии кумак барои табобати Билолҷонро созмони хайрияи “Баҳори Кӯдакон” (раҳбараш Сарвиноз Сафарова) ба дӯш гиррифтааст.

Рақами телефони Сарвиноз Сафарова: +992 918-57 08 29.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button