ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҶАНҶОЛИ ДУ МӮСАФЕДИ ҲАМСОЯ ДАР ВОСЕЪ БО ОДАМКУШӢ АНҶОМ ЁФТ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз ошкор шудани як ҳодисаи одамкушӣ дар ноҳияи Восеъ хабар дод. Мутаассифона, шоми шанбе, 24 сентябри соли 2022 дар инҷо муноқиша ва занозании байни ду марди солхӯрдаи ҳамсоя бо марги яке аз онҳо анҷом ёфтааст.

 Бино ба иттилои ВКД, дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 63-солаи сокини ноҳияи Восеъ бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки боиси марг гардидааст, дастгир карда шуд.
“Номбурда, 24-уми сентябри соли 2022, тахминан соати 18:30, бо ҳамсояаш, марди 60-солаи сокини ноҳияи мазкур ҷангу ҷанҷол намуда, бо мушт ба сари номбурда задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ба замин афтида, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст”, гуфта мешавад дар иттилоияи ВКД.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Бар асоси қисми сеюми моддаи 110 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ба марди дастгиршуда барои қасдан расондани зарари вазнин ба саломатӣ, ки аз беэҳтиётӣ сабаби марги ҷабрдида шудааст, ҳамчун ҷазо аз 12 то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button