ВидеоДин ва боварҳоҶомеа

ЯК МӮСАФЕДИ 83-СОЛА АЗ НОҲИЯИ РӮДАКӢ АЗ ФАРЗАНДАШ БА ДОДГОҲ ШИКОЯТ БУРДААСТ

Маҳмасаид Давлатов, соли таваллудаш 1939, сокини деҳаи Чорсӯи ҷамоати Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ ба додгоҳи ин ноҳия аз писари худаш Муҳаммадюнус шикоят бурдааст.  Даъвогар дар аризагии даъвогиаш навиштааст, ки писараш ӯро нигоҳубин намекунад, баракс ҳатто латтукӯб  мекунад ва мехоҳад хонаеро, ки ӯ дар вақташ сохта буду писараш Муҳаммадюнус соли 2000 бо роҳи фиреб ба номи худ кард, аз писараш гирифта, ба ӯ баргардонанд.

Маҳмасаид Давлатов манзилеро, ки дар асоси шаҳодатномаи туҳфа аз 16 июни соли 2000, №1-п370 ба фарзанди дар ин қазия ҷавобгараш ҳадя гардидааст, дар вақташ ӯ бино карда буд, вале писараш Муҳаммадюнус “аз бесаводӣ ва гумроҳии ман истифода бурда, 16 июни соли 2000 манро бо роҳи фиреб ба нотариуси давлатии ноҳияи Рӯдакӣ бурда, аризаи манро гирифтааст, ки гӯё ман худ барои ҳадяи моликияти баҳсӣ розӣ мебошам”.

Падари норозӣ аз фарзанд дар аризаи даъвогиаш менависад, ки писараш ӯро ҳамарӯза ғам ва азобу уқубат медиҳад: “Манро намегузорад бо оилаам дар манзили истиқоматии баҳсӣ зиндагонӣ намоем. Манро умуман нигоҳубин наменамояд ва ҳоло ҷавобгар пурра рафтори худро дигар намуда, мақсади аз манзили истиқоматӣ пеш намуданро дорад. Қайд менамояд, ки соҳибмулк аст ва ман аз дастам ҳеҷ чиз намеояд. Ҳоло чашмонам нобино шудааст, мехоҳам шартномаи ҳадяи бо роҳи фиреб кардаи ҷавобгарро беэътибор намоям. Чунки ҷавобгар  мехоҳад хонаро фурӯхта, манро бе ҷойи зист гузорад.

Маҳмасаид Давлатов менависад, азбаски фарзандаш дар вақташ аз бесаводии ӯ истифода бурда, хонаро дар асоси шартномаи туҳфа аз они худ кард, он бояд бекор карда шавад чунки тибқи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, аҳди бо роҳи фиреб ва қалбакӣ баста шуда аз лаҳзаи баста шудан беэътибор дониста мешавад.

“Ҷавобгар аз оҷизӣ ва бесаводии ман истифода бурда, моликияти манро аз они худ намудааст ва имрӯз ман дар шароити вазнини бемоликиятӣ ва иқтисодӣ қарор дорам. Инчунин агар ман мехостам, моликиятамро мерос гузорам, на танҳо дар як фарзанди ҷавобгари фиребгар, ки бо роҳи фиреб манзилҳоро аз они худ кардааст, балки ба ҳама фарзандонам баробар тақсим менамудам. Аз ин бар меояд, ки ҷавобгар бо роҳи фиреб манзили истиқоматии манро аз худ намудааст, ки ин шартномаи туҳфа рӯякӣ, ғаразнок ва ғайриқонунӣ аст”, навиштааст мӯсафеди 83-сола дар аризаи даъвогиаш ба додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ. Ӯ аз додгоҳ хостааст, ки шаҳодатномаи туҳфаи ин манзил ба писарашро беэътибор дониста, то ҳалли ин баҳс ҳама амалиётҳо ва дигаргуннамоии вобаста ба манзили истиқоматии баҳсӣ боз дорад ва манзили баҳсиро ба ҳабс  бигирад.

Назари писари Маҳмасаид Давлатов ба ин моҷаро ҳанӯз дастрас нест.

Дар ҷомиаи умдатан муҳофизакори Тоҷикистон, ки ба суннатҳое, чун эҳтироми волидон арҷи зиёд мегузоранд ва беэҳтиромӣ нисбат ба падару модарро шадидан маҳкум мекунанд ва ғайри қобили тавҷеҳ мешуморанд, мавридҳои аз фарзандон ба додгоҳ шикоят бурдани волидон хеле ками дар кам воқеъ меуфтад. Чанд сол пеш дар вилояти Хатлон як падари солхӯрда фарзандонашро гунаҳкор карда буд, ки ӯро нигоҳубин намекунанд ва тавассути додгоҳ талаб карда буд, то ки аз фарзандонаш барои ӯ алимент бирӯёнанд.

                                                                Ба суди ноҳияи Рудакӣ

                                                   Даъвогар:  Давлатов Мамасаид          

                                                                      сокини ноҳияи Рудакӣ,

                                                                      ҷамоати деҳоти Чоргултеппа,

                                                                     деҳаи Чорсӯ

                                       Ҷавобгар: Давлатов Муҳамадюнус Маҳмасаидович                                                                                                                                

                                                         сокини ноҳияи Рудакӣ, ҷамоати деҳоти

                                                                   Чоргултеппа, деҳаи Чорсӯ                                                             

                                            Шахси сеюм:  Идораи нотариалии давлатии

                                                                          ноҳияи Рӯдакӣ

АРИЗАИ ДАЪВОГӢ

                                   Оид ба беэътибор донистани  шаҳодатномаи туҳфа

          аз 16 июни соли 2000, №1-п370

Манзили истикоматие, ки дар суроғаи ноҳияи Рудакӣ, ҷамоати деҳоти Чоргултеппа, деҳаи Чорсӯ воқеъ аст, манзили истиқоматии шахсии ман мебошад, ки дар асоси шаҳодатномаи туҳфа аз 16 июни соли 2000, №1-п370 ба ҷавобгар фарзандам ҳадя гардидааст.

 Ман манзили истиқоматии мазкурро бунёд кардаам ва дар он то имрӯз зиндагонӣ намуда истодаам. Ҷавобгар манро фиреб дода, манзили истиқоматиро ба номи худ ҳадя намуд, ки ҳоло мақсадаш пурра аниқ буда, ҳамарӯза манро намегузорад бо оилаам дар манзили истиқоматии баҳсӣ зиндагонӣ намоем. Манро умуман нигоҳубин наменамояд ва ҳоло ҷавобгар пурра рафтори худро дигар намуда, умуман манро нигоҳубин ва таъмин наменамояд ва мақсади аз манзили истиқоматӣ пеш намуданро дорад. Қайд менамояд, ки соҳибмулк аст ва ман аз дастам ҳеҷ чиз намеояд. Ҳоло чашмонам нобино шудааст, мехоҳам шартномаи ҳадяи бо роҳи фиреб кардаи ҷавобгарро беэътибор намоям. Чунки ҷавобгар манзили истиқоматиро мақсади фурӯхтан дорад. Манро лату кӯб менамояд, нигоҳу бин намекунад ва аз манзили истиқоматӣ пеш карда, манзилро фурӯхтанӣ мебошад. Манзили истиқоматии баҳси арзиши баланд дошта, ҷавобгар мехоҳад бо нархи арзон фурӯхта, маблағро ба манфиати худ сарф намуда, манро бе ҷойи зист гузорад. Ҳамарӯза ҷавобгар манро ғам ва азобу уқубат медиҳад. Дарахтони замини манзили истиқоматиро ҳамаро буридааст.   

Инчунин фарзандам ҷавобгар аз ман ва бародаронаш пинҳонӣ як қисм замини бародарашро ба замини манзили истиқоматии баҳсӣ ворид намудааст. Мақсади ҷавобгар манро аз хона пеш намудан ва онро фурӯхтан мебошад.

Ҷавобгар аз бесаводӣ ва гумроҳии ман истифода бурда, 16 июни соли 2000 манро бо роҳи фиреб ба нотариуси давлатии ноҳияи Рӯдакӣ бурда, аризаи манро гирифтааст, ки гӯё ман худ барои ҳадяи моликияти баҳсӣ розӣ мебошам.

Дар асоси талаботи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳди бо роҳи фиреб ва қалбакӣ баста шуда аз лаҳзаи баста шудан беэътибор дониста мешавад.

Ҷавобгар аз оҷизӣ ва бесаводии ман истифода бурда, моликияти манро аз они худ намудааст ва имрӯз ман дар шароити вазнини бемоликиятӣ ва иқтисодӣ қарор дорам. Инчунин агар ман мехостам, моликиятамро мерос гузорам, на танҳо дар як фарзанди ҷавобгари фиребгар, ки бо роҳи фиреб манзилҳоро аз они худ кардааст, балки ба ҳама фарзандонам баробар тақсим менамудам.

            Аз ин бар меояд, ки ҷавобгар бо роҳи фиреб манзили истиқоматии манро аз худ намудааст, ки ин шартномаи туҳфа рӯякӣ, ғаразнок ва ғайриқонунӣ аст.  

Дар асоси гуфтаҳои боло ва бо дастрасии моддаи 611-и КГ  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  суд

                                      Х О Ҳ И Ш   М Е К У Н А М:  

Шартномаи ҳадяи манзили истиқоматии воқеъ дар суроғаи ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати деҳоти Чоргултеппа, деҳаи Чорсӯро, ки шаҳодатномаи туҳфа аз 16 июни соли 2000, №1-п370 дар Идораи нотариалии давлатии ноҳияи Рӯдакӣ байни ман, Давлатов Мамасаид ва ҷавобгар Давлатов Муҳамадюнус Маҳмасаидович ба расмият дароварда шудааст, беэътибор дониста шавад.

То ҳал гардидани баҳси мазкур ҳама амалиётҳо ва дигаргуннамоии вобаста ба манзили истиқоматии баҳсӣ боз дошта шуда, манзили баҳсӣ ба ҳабс гирифта шавад.

                        Даъвогар:                                     Давлатов М.

                        Намояндаи ваколатдор               Қодиров Н.З.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button