ВидеоМуҳоҷирон

20 СОЛУ 24 РӮЗ ҲУКМИ ЗИНДОНИ ЭШОНҚУЛОВ БАРОИ ҶИНОЯТҲОЕ, КИ ДАР РУСИЯ КАРДААСТ

Коллегияи парвандаҳои ҷиноятии Додгоҳи олии Тоҷикистон бо ҳукми худ  аз 2 сентябри соли 2022 Эшонқулов Бобоназар Файзалиевичро бар асоси моддаҳои 104, қисми 2, бандҳои «з,и» ва 249,  қисми 4 бандҳои «б,в» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар куштор ва ғоратгарӣ гунаҳгор дониста, ба 20 солу 24 рӯзи маҳбаси низомаш сахт маҳкум кард. Эшонқулов соли 2017 дар Русия ҳамроҳ бо як гуруҳи дигар аз шаҳрвандони Тоҷикистон даст ба куштор ва ғорати як хонавода дар вилояти Калуга зада, баъди он ба Тоҷикистон фирор мекунад. Ӯро дар Тоҷикистон аз … зиндон пайдо карданд. Маълум шуд, ки Эшонқулов баъди аз Русия баргаштанаш ба аъмоли ҷиноӣ идома дода, дар Тоҷикистон барои дуздӣ дастгир ва бар асоси моддаи 244 маҳкум ба 2 солу 6 моҳи зиндон шуда буд.

Маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 22 сентябри соли 2022 бархе  ҷузъиёти ин парвандаро нашр кард. Бино ба ин гузориш, дар рафти тафтишоти пешакӣ ва баррасии судӣ муайян карда шудааст, ки Эшонқулов Б.Ф. ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар шаҳри Маскави Русия буданаш, тахминан аввалҳои моҳи июли соли 2017 ба пешниҳоди шиносаш Абдусатторзода А.А. дар бораи амалӣ намудани қасди ҷиноятӣ бо ҳамроҳии шиносҳояш шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон Имомназаров Ж.Н., Эшонқулов Х.Х., Шарипов М.М., Алимов А.А. Набиев О.Б., Каримов У.Р. ва Мирзоев Н.Н. оиди содир намудани ҷинояти роҳзанӣ дар ҳудуди ноҳияи Дзержинскийи вилояти  Калуга  розӣ шуда, байни аъзои гурӯҳи ҷиноятӣ нақши ҳар як иштирокчии ҷиноятро муайян намудаанд.

Сипас, дар ду мошин савор шуда, аз соати 17:36 то соати 19:55 дақиқаи 9 июли соли 2017 ба шаҳри Калуга омада, атрофи хонае, ки ба он мақсади ҳуҷум карданро доштанд, аз назар гузаронида, боварӣ ҳосил намудаанд, ки сокинони ин хона хоб мебошанд. Баъди ин ҷинояткорон рӯйи худро бо ниқоби тиббӣ пӯшонда, пинҳонӣ вориди ҳавлӣ шудаанд ва баъдан бо монтировка дари пешайвони ошёнаи сеюмро шикаста, ғайриқонунӣ вориди ҳуҷра шудаанд ва бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр ба шахрвандон Пархоменко Ю.А., Корыхалова А.Н. ва Колосова Н.Н. ҳуҷум кардаанд.

Аъзои ин гурӯҳи ҷиноятӣ Эшонқулов Б.Ф. ва Набиев О.Б., ки бо бел ва сими металлӣ мусаллаҳ шуда буданд, аз рӯи маслиҳати пешакӣ дар саҳни ҳавлӣ дар назди бинои тобистона камин гирифта, вазъияти атрофро назорат мекарданд.

Бо фарёди занони дар хона буда ва аккоси саг аз хонаи тобистона шаҳрванд Колосов А.М. ба саҳни ҳавлӣ мебарояд. Ин лаҳза ботини Эшонқулов Б.Ф. ва Набиев О.Б.-ро қасди ҷиноие фаро мегирад, ки пешакӣ бо дигар иштирокчиёни гурӯҳ маслиҳат нашуда буд.

Барои амалӣ намудани ин қасди ҷиноии худ Эшонқулов Б.Ф. ва Набиев О.Б. дидаю дониста, ба Колосов А.М. ҳуҷум карда, аввал Набиев О.Б. бо бели дар дасташ буда ба қисмати сари ӯ як маротиба зарба мезанад, ки дар натиҷаи ин зарба Колосов ба замин меафтад.  Эшонқулов Б.Ф. бошад, барои иҷрои қасди ҷиноии умумӣ, ки ба куштори Колосов А.М. равона шуда буд, бо сими металлии дар дасташ буда чанд маротибаи дигар ба қисмҳои гуногуни бадани Колосов А.М. зарба зада, ба ӯ ҷароҳати ҷисмонӣ мерасонад, ки дар натиҷа Колосов баъди 3 рӯзи ин ҳодиса: 12 июли соли 2017 дар беморхона вафот кардааст.

Баъди содир намудани ин ҷинояти махсусан вазнин Эшонқулов Б.Ф. ва дигар шарикони ӯ аз ҷойи ҳодиса ғайб зада, 400.000 рубли бо роҳи ҷиноят ба даст овардаашонро байни худ тақсим намудаанд.

Роҳбари гурӯҳи ҷиноятӣ Абдусатторзода А.А. ва ҳамчунин Эшонқулов Б.Ф. ва Мирзоев Н.Н. бо мақсади аз ҷавобгарии ҷиноятӣ дур ва пинҳон шудан аз тафтишот ва суд 11 июли соли 2017 тавассути хатсайри “Москва-Душанбе” ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меоянд.

Аз ҷониби кормандони Кумитаи тафтишотии Русия ин ҷиноят ошкор ва чанд омили он Имомназаров Ж.Н., Эшонқулов Х.Х., Шарипов М.М., Алимов А.А., Набиев О.Б., Каримов У.Р. ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда, маҳкум ба зиндон шудаанд ва ҳоло дар Русия адои ҷазо намуда истодаанд.

 Абдусаторзода А.А., Эшонқулов Б.Ф ва Мирзоев Н.Н. бошад  таҳти кофтукови расмӣ эълон гардида, дар натиҷаи ҳамкории мақомоти Русияву Тоҷикистон муайян карда шуд, ки Эшонқулов Б.Ф. бо ҳукми додгоҳи шаҳри Ваҳдат аз 1 июли соли 2020 бар асоси моддаи 244, қисми 2, бандҳои “а,б,в” ба муҳлати 2 солу 6 моҳ маҳкум гардида, адои ҷазо мекардааст.

Бинобар ин қисми маводи парвандаи ҷиноятӣ нисбати Эшонқулов Б.Ф. барои андешидани чораҳои қонунӣ ба мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардида, номбурда мавриди таъқиби ҷиноятӣ қарор гирифт ва баъди анҷоми тафтишот, парвандаи ӯ ба додгоҳ суд ирсол шуда, Додгоҳи олӣ Бобоназаровро ба 20 солу 24 рӯзи зиндон маҳкум кард. Дар бораи ба куҷо расидани кофтукоби Абдусаторзода А.А. ва Мирзоев Н.Н., ки низ ба Тоҷикистон фирор карда буданд, иттилое ба даст нарасидааст.

Қонуни асосии Тоҷикистон ба кишварҳои дигар супурдани шаҳрвандонашро манъ мекунад, вале онҳоро метавонанд дар худи Тоҷикистон барои ҷиноятҳои дар кишварҳои дигар содиркардаашон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ бикашонанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button