ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳон

ВАЗИРИ ТОҶИК БА ДАБИРИ КУЛЛИ СОЗМОНИ МИЛАЛ ДАР БОРАИ МУНОҚИША ДАР МАРЗ БО ҚИРҒИЗИСТОН МАЪЛУМОТ ДОДААСТ

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, ки барои иштирок дар иҷлоси 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк қарор дорад, рӯзи 19 сентябри соли 2022 дар ҳошияи “Ҳафтаи сатҳи баланд”-и  ин иҷлос бо дабири кулли СММ Антониу Гуттерриш мулоқот  ва аз ҷумла масоили марбут ба вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ кардааст.

Вазорати хориҷаи Тоҷикистон гуфт, “зимни мулоқот, Сироҷиддин Муҳриддин ба Дабири кулли СММ оид ба рӯйдодҳои ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба таври муфассал иттилоъ дода, маводҳои марбута, аз ҷумла навор ва аксҳоеро, ки далели таҷовузи низомии Қирғизистонро собит мекунанд, манзур намуд. Вазири корҳои хориҷии кишвар қайд кард, ки Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ ташаббускори ҳалли низомии масъалаи марз бо Қирғизистон набуд ва ҳамеша ба равиши сиёсиву дипломатӣ пойбанд мебошад”.

Мулоқоти раҳбари идораи сиёсати хориҷии Тоҷикистон бо дабири кулли Созмони Милал дар ҳоле доир шуд, ки дар ҷараёни муноқишаи мусаллаҳонаи ҳафтаи гузашта дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз ду тараф дастикам 100 нафар (59 нафар аз тарафи Қирғизистон ва 41 нафар аз тарафи Тоҷикистон) кушта шуданд. Даҳҳо нафар аз ин қурбониёро сокинони мулкӣ, аз ҷумла занону кӯдакон ташкил медиҳанд.

Муноқишаи ахир хунинтарин муноқиша нафақат дар таърихи муноқишаҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон, балки дар таърихи низоъҳои марзии тамоми Осиёи Марказӣ баъд аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ шумурда мешавад.

Бино ба иттилои расмӣ, инчунин, дар рафти вохӯрӣ  Сироҷиддин Муҳриддин ва Антониу Гутерриш атрофи масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид, ба вижа дар самти рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, тағйирёбии иқлим, масъалаҳои обу энергетика ва амнияти минтақавӣ мубодилаи афкор кардаанд. Мусоҳибон ҳамчунин масъалаҳои амнияти минтақа, бахусус вазъи Афғонистонро баррасӣ карда, доир ба чораҳои андешидаи Тоҷикистон дар самти расонидани кумакҳои башардӯстона мубодилаи афкор кардаанд.

Бино ба иттилои расмӣ, дабири кули СММ аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон истиқбол намуда, баҳри ҳамкории фарогир омодагии Созмонро иброз доштааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button