АфғонистонВидеоМинтақа ва ҷаҳон

POLITICO: АМРИКО ҚАРИБ 40 ҲАВОПАЙМОЮ ЧАРХБОЛИ АФҒОНИСТОНРО МЕТАВОНАД БА ӮЗБЕКИСТОНУ ТОҶИКИСТОН БИДИҲАД

Нашрияи Politico бо такя ба манобеи худ хабар дод, ки Амрико бо Ӯзбекистону Тоҷикистон дар мавриди  дар ивази тақвияти ҳамкориҳо барои мубориза бо терроризм ба ду кишвар вогузор кардани ҳудуди 50 чархболу ҳавопаймои нирӯҳои ҳавоии Афғонистон музокирот пеш мебарад. Ин чархболу ҳавопаймоҳоро моҳи августи соли 2021, қабл аз суқути ҳукумати қаблии Афғонистон ва ба қудрат омадани Толибон халабонҳои афғон ба кишварҳои ҳамсоя “гурезонда” буданд.

Дар матлаби ин нашрия гуфта мпшавад, ки як сол пеш халабонҳои афғон тақрибан 25 фоизи тамоми чархболу ҳавопаймоҳои он кишвар, аз ҷумла чархболҳои навъҳои UH-60 Black Hawk, Ми-17, Ми-25, ҳавопаймоҳои навъҳои  PC-12, C-208, AC-208 ва A-29-ро ба ин ду кишвар “гурезонданд”. Вазорати мудофиаи Амрико қаблан гуфта буд, ки дар умум аз Афғонистон 46 чархболу ҳавопаймо ба Ӯзбекистон ва 18 адади дигар ба Тоҷикистон бурда шуд.

Аксари ин техникаро ба Афғонистон Амрико дода буд ва аз ин рӯ, вақте ки Толибон исрор меварзиданд, ки ин ҳама моли Афғонистон аст ва бояд баргардонда шавад, мақомоти Ӯзбекистон гуфтанд, ки онҳо ба Амрико тааллуқ доранд ва сарнавишташонро бояд Вашингтон муайян кунад. Душанбе то кунун ягон бор даъвоҳои Толибон ба  ин чархболу ҳавопаймоҳоро шарҳ надодааст.

Politico  менависад, ки тақдири ин беш аз 60 чархболу ҳавопаймо беш аз як сол боз дар ҳаво муаллақ боқӣ мондааст. Манобеи ин нашрия гуфтаанд, ки  “мақомҳои амрикоӣ дар паси парда ба сурати сокит пиромуни истифодаи ин техника ба ҳайси фишанги таъсир бо мақсади таҳкими ҷои пои худ дар минтақа кор карда истодаанд”. Як манбаи ин нашрия гуфтааст, ки дар оянда ин чархболу ҳавопаймоҳоро дар ивази “таҳкими муносибатҳо дар соҳаи амният” дар чорчӯби масоили ҳифзи сарҳадот ва мубориза бо терроризм метавонанд ба Тошканду Душанбе бидиҳанд.

Толибон моҳи августи соли 2021 дар пешорӯи хуруҷи нирӯҳои эътилоф дар байни ҳамагӣ 10 рӯз тавонистанд тақрибан тамоми қаламрави Афғонистонро ба даст биоранд ва низоми ҳоким бар ин кишварро ба “аморати исломӣ” иваз карда, ҳукумати худро ташкил кунанд.

Рӯзҳои 13,14 ва 15 августи соли 2021, дар пайи суқути Мазори Шариф, бузургтарин шаҳри шимоли Афғонистон, ва дар остонаи суқути пойтахти ин кишвар, шаҳри Кобул, ба дасти Толибон даҳҳо нафар аз халабонҳои нирӯҳои ҳавоии Афғонистон аҳли хонавода ва наздикони худро ба чархболу ҳавопаймоҳо бор карда, ба кишварҳои ҳамсоя фирор карданд.

Аз ҷумла, ба ҳисоби Толибон, беш аз 40 чархбол ва ҳамчунин теъдоде аз ҳавопаймоҳои ҳарбӣ аз Афғонистон ба Ӯзбекистону Тоҷикистон фирор карданд. Дар байни онҳо чархболҳое низ буд, ки тавассути онҳо рӯзи 15 август раисиҷумҳури қаблии Афғонистон Ашраф Ғанӣ бо атрофиёнаш тарки Кобул кард. Гуфта мешуд, ки Ғанӣ бо худ 169 миллион доллар пули нақдро низ ба яғмо бурдааст. Он вақт гуфта мешуд, ки чархболҳои ҳомили Ғаниро дар Тоҷикистон иҷозати нишастан надоданд ва онҳо маҷбур шуданд, дар фурудгоҳи Тирмиз дар ҷануби Ӯзбекистон пойин шаванд.

Халабонҳои афғон ва аъзои оилаҳои онҳоро, ки ба Ӯзбекистону Тоҷикистон фирор карданд, баъдан Амрико тавассути Имороти Араб ба кишварҳои барояшон амн интиқол дод, вале сарнавишти ҳавопаймоҳои “ғаниматафтода” то кунун норавшан боқӣ мондааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button