ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ҶАСАДИ ЯК КӮДАКИ 8-СОЛАИ ДАР ДАРЁИ ҚАРОТОҒ ҒАРҚШУДАРО БАЪДИ 22 РӮЗ ЁФТАНД

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон рӯзи 18 сентябри соли 2022 хабар дод, ки кормандони шуъбаи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Шаҳринав бо кумаки сокинони маҳаллӣ баъди 22 рӯзи ҷустуҷӯҳо  билохира ҷасади як кӯдаки дар дарёи Қаротоғ ғарқшударо пайдо карда, аз об берун баровардаанд. Ин кӯдаки  8-сола аз шаҳри Турсунзода ҳанӯз рӯзи 27 август дар ҳудуди деҳаи

Пуштимиёнаи ноҳияи Шаҳринав ғарқ шуда буд. Ҷасади ӯро 5 километр пойинтар аз ҷои ҳодиса пайдо кардаанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфт, амалиёти ҷусутҷӯи ин кӯдак билофосила ба роҳ монда шуда буд ва бо вуҷуди хеле боло рафтани сатҳи он ба таври беист идома дошт.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бо изҳори ҳамдардӣ ба наздикони тифли ғӯррамарг аз волидон хостааст, ки нисбат ба фарзандони худ аз ҳадди аксари эҳтиёт кор бигиранд.

“Ҳар рӯз бояд ба фарзандон қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми гузаштан аз роҳҳои мошинград ва нагузаштан аз ҷӯю дарёҳо аз ҷойҳои пешбининашударо фаҳмонед”, –  гуфта мешавад дар даъвати ин ниҳод аз падару модарон.

Бино ба омори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, тайи 7 моҳи соли 2022 дар кӯлу дарёву каналҳои Тоҷикистон алакай 123 нафар, аз ҷумла 64 ноболиғи синнашон то 16 ғарқ шудаанд. Соли гузашта дар Тоҷикистон 155 нафар, аз ҷумла 75 кӯдак ғарқ шуда буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button