ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳон

ДАЪВАТИ ТОЛИБОН БА ҚАТЪИ ЗАДУХӮРДҲО ДАР МАРЗИ ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН

Вазорати корҳои хориҷии ҳукумати дар Афғонистон ташкилкардаи ҳаракати тундрави Толибон дар як баёнияи вижа хабарҳо дар бораи задухӯрдҳои мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро ташвишовар номид ва Душанбеву Бишкекро ба қатъи задухӯрдҳо ва ҳалли масоили марзӣ аз тариқи музокирот ва муколама даъват кард.

Дар изҳороти вазорати хориҷаи ба номи “Иморати исломии Афғонистон”, ки сухангӯи ин вазорат Абдулқаҳҳори Балхӣ дар Твиттер чоп карда, чунин гуфта мешавад:

 “Вазорати хориҷаи Иморати исломии Афғонистон задухӯрдҳои ахири марзӣ байни Қирғизистону Тоҷикистонро ташвишовар медонад ва дар робита ба қурбониён изҳори андуҳ мекунад. Ин задухӯрдҳо барои мардуми мулкии ҳарду тараф мушкилот эҷод кард, аз ҷумла боиси кӯчонидани ҳазорон нафар дар Қирғизистон шуд. Хабари қурбониёну беҷошудагон андуҳовар аст. Иморати исломӣ аз ҳарду тараф даъват мекунад, ки масоили марзиро бо роҳи муколам ва ҳусни тафоҳум ҳал кунанд. Идомаи задухӯрдҳо метавонанд амният ва суботи тамоми минтақаро ба ҳам бизанад. Мардум дар ҳарду тарафи марз набояд қурбон ва ё водор ба тарки хонаю дарашон шаванд”.

Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ (ОДКБ) низ рӯзи 19 сентябр дар як изҳорот истифодаи нирӯ аз ҷониби Тоҷикистону Қирғизистонро ғайриқобилиқабул номид ва ҳамзамон барои иҷро кардани нақши миёнарав барои дарёфти як роҳи ҳал байни ин ду кишвар изҳори омодагӣ кард.

 “Ҳар навъ истифодаи нирӯро барои ҳалли масоили баҳсӣ ғайриқобилиқабул мешуморем ва муътақидем, ки роҳҳои сиёсию дипломатӣ алтернатива надоранд. ОДКБ омода ҳаст, ки барои расидан ба тавофуқи устувор талошҳои миёнаравонаашро афзоиш диҳад”, — таъкид шудааст дар изҳорот.

Иттиҳоди Аврупо  низ аз оташбас байни Тоҷикистону Қирғизистон истиқбол кардааст. Ин созмон дар изҳороташ гуфт, ташаннуҷи вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон “боиси ба ҳам хӯрдани субот дар минтақа хоҳад шуд”. Иттиҳоди Аврупо низ аз Душанбе ва Бишкек хост, масоили мавҷударо бо роҳи гуфтугӯ ҳал кунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button