ВидеоИқтисод

АЗ 1 ОКТЯБР НАРХИ НИРӮИ БАРҚ ДАР ТОҶИКИСТОН БОЗ 15% БОЛО БУРДА МЕШАВАД

Аз 1 октябри соли 2022 нархи нирӯи барқ дар Тоҷикистон 15% боло бурда мешавад. Қарори марбутаи ҳукумат дар бораи тарифҳои нирӯи барқ ва гармиро ҳанӯз рӯзи 31 августи соли 2022 раиси ҳукумат, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имзо карда, ин қарор рӯзи 13 сентябр дар сомонаи “Ҷумҳурият”, нашрияи расмии ҳукумати ин кишвар нашр шудааст.

Тибқи қарори ҳукумат, нархи як киловатт нирӯи барқ барои аҳолӣ қариб 4 дирам боло рафта, 26,51 дирамро ташкил хоҳад дод. То кунун нархи як киловатт барқ барои аҳолии Тоҷикистон 22,66 дирам буд.

Бори охир нархи барқ дар Тоҷикистон соли 2019 боло бурда шуда буд. Баъди он ба далели пандемияи коронавирус қабули қарори боло бурдани нархи барқ, ки яке аз тавсияҳои асосии ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ барои аз чоҳи буҳрон берун баровардани ширкати “Барқи Тоҷик” ва соҳаи энергетикаи Тоҷикиистон ба шумор мерафт, ба таъхир андохта шуд.

Лозим ба ёдоварист, ки аз соли 2010 ба ин тараф, яъне дар 12 соли охир нархи нирӯи барқ дар Тоҷикистон се маротиба боло рафтааст. Соли 2010 аҳолӣ барои як киловатт нирӯи барқ ҳамагӣ 9 дирам пардохт мекард.

Бо қарори ҳукумат, аз 1 октябри соли 2022 тарифи нирӯи барқ барои муассисаҳои таълимӣ 45,51 дирам, барои муассисаҳои буҷавию варзишӣ ва коммуналӣ ва ҳамчунин барои нақлиёти барқӣ 26, 51 дирам ва барои истифодабарандагони саноатӣ ва ғайрисаноатӣ, яъне барои муассисаҳои тиҷоративу истеҳсолӣ 60,65 дирам барои ҳар киловаттӣ муқаррар карда шудааст.

 Ҳукумати Тоҷикистон дар пардохти пули газ ба чанд гуруҳи корхонаҳо имтиёз додааст. Аз ҷумла ангентии обёрӣ, ки барои насосҳову истгоҳҳои обкашиаш  ба нирӯи барқи зиёд  эҳтиёҷ дорад,  ҳамчунин чоҳҳову пойгоҳҳои обкашӣ барои ҳар киловатт барқ бояд тобистон (аз 1 апрел то 30 сентябр) 9,2 дирам ва дар фасли гармо 26,51 дирам пардохт кунанд. Барои барқе, ки барои чоҳҳои оби нӯшокӣ ва канализатсия истифода мешавад, нархи як киловатт 12,6 дирам муқаррар шуда, комбинати металлургии Тоҷикистон, марбут ба Шамсулло Соҳибов, яке аз домодҳои президент, аз 1 апрел то 30 сентябр барои ҳар киловатт барқ 10, 64 дирам ва дар фасли сармо мисли дигар корхонаҳо 60,65 дирам пардохт хоҳад кард.

Вале дар қарори ҳукумат ва замимаҳои он дар бораи тарифҳои ширкати ТАЛКО, истифодабарандаи асосии барқ чизе гуфта нашудааст. Дар пайи танқидҳои фаровон мақомоти Тоҷикистон дигар аз ифшои тарифҳои барқ ва дигар имтиёзҳои ин ширкат худдорӣ мекунанд.

Аммо, бар асоси қарори ҳукумат, нархи гармӣ бетағйир боқӣ мемонад: муассисаҳои буҷавӣ  барои ҳар гигакалория гармӣ ҳамчунон  98 сомонию 67 дирам, Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе ҳамагӣ 17 сомонӣ  ва истифодабарандагон барои ҳар гигакалория гармӣ 113 сомонию 47 дирам пардохт хоҳанд кард.

Тасмими боло бурдани нархи барқ дар ҳолест, ки қарзи ширкати “Барқи Тоҷик” бо вуҷуди мавқеи монополистиаш дар бозори барқи Тоҷикистон солтосол боло меравад ва бино ба охирин хабарҳои нашршуда, аз марзи 3 миллиард доллар гузаштааст. Соли гузашта ҳукумат ҳатто маҷбур шуд, ин ширкати бузургро ба се сохтори алоҳида тақсим кунад.

Вале мунтақидон мегӯянд, то замоне ки коррупсия дар сохторҳои энергетикии Тоҷикистон решакан карда нашавад, бо боло бурдани нархи барқ мақсуд, яъне раҳоии “Барқи Тоҷик” ва соҳаи энергетикаи ҷумҳурӣ аз ботлоқи қарз ҳадафе дастнорас боқӣ хоҳад монд.

Иқтисодшиносон мегӯянд, боло рафтани нархи барқ ҳатман афзоиши нархи маҳсулот ва хидматрасониҳои боқимондаро дар пай хоҳад дошт, ки ин ба навбати худ боиси афзоиши таваррум мешавад ва дар ниҳояти амр, ин ҳама натиҷаи чандони дилхоҳ намедиҳад.

ҚАРОРИ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2022, № 449, ш. Душанбе Дар бораи тарифҳои неруи барқ ва гармӣ

Мутобиқи моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи инҳисороти табиӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Тарифҳои неруи барқ, ки аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» ба истифодабарандагон тақсим мешаванд (ба истиснои Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ширкати Алюминийи Тоҷик»), тасдиқ карда шаванд (замимаи 1).

2. Тарифҳои неруи барқ барои истеҳсол ва интиқол, ки аз ҷониби Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои интиқоли барқ» ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» интиқол дода мешавад, тасдиқ карда шаванд (замимаи 2).

3. Тарифҳои неруи гармӣ, ки аз ҷониби Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» ба истифодабарандагон интиқол дода мешавад, тасдиқ карда шаванд (замимаи 3).

4. Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати тағйир ёфтани тарифи миёнаи неруи барқ бо қабули фармоиши дахлдори худ ба тарифҳои неруи барқ, ки аз ҷониби Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои интиқоли барқ» аз рӯйи онҳо ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» хизматрасонӣ анҷом дода мешавад, коэффитсиенти тасҳеҳ (корректировка)-ро муайян намояд.

5. Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2019, №329 «Дар бораи тарифҳои неруи барқ ва гармӣ» ва аз 27 апрели соли 2022, №210 «Дар бораи тарифҳо барои истеҳсол ва интиқоли неруи барқ» аз эътибор соқит дониста шаванд. 

7. Қарори мазкур аз 1 октябри соли 2022 мавриди амал қарор дода шавад.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон          Эмомалӣ РАҲМОН

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 31 августи  соли 2022, № 449

Тарифҳои неруи барқ барои истифодабарандагон

Эзоҳ:

1. Тарифҳо ба истиснои аҳолӣ ва насосҳои қубурҳои об ва истгоҳҳои насосҳои обёрии мошинӣ, пойгоҳҳои таъмирию истеҳсолии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, чоҳҳои амудии мелиоративӣ ва насосҳои интиқоли оби нӯшокӣ (ба истиснои насосҳои инфиродӣ) ва канализатсия бе дарназардошти андоз аз арзиши иловашуда муқаррар карда шудаанд.

2. Муассисаҳои соҳаи маориф, тандурустӣ, хонаҳои бачагона, хона-парваришгоҳ, хонаҳои пиронсолон, муассисаҳои соҳаи фарҳангӣ, иттиҳодияҳои динӣ ва дигар муассисаҳое, ки фаъолияти тиҷоратӣ надоранд, вале аз ҳисоби фондҳои башардӯстона ва ё буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, бо тарифи барои муассисаҳои соҳаи буҷетӣ муқарраргардида ҳисоб карда шаванд.

3. Дар сурати аз 10000 кВт соат зиёд будани ҳисоби неруи барқи масрафшудаи моҳонаи аҳолӣ, фарқияти аз меъёри мазкур зиёдатӣ истифодашуда бо тарифи барои гурӯҳи 1 муқарраргардида ҳисоб карда мешавад. 

Замимаи 2

ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 31 августи  соли 2022, № 449

Тарифҳои неруи барқ 

барои истеҳсол ва интиқол

Эзоҳ:

– тарифҳои мазкур бе дарназардошти андоз аз арзиши иловашуда муайян карда шудаанд;

– андозбандии тарифҳои мазкур тибқи қонунгузории андоз ба роҳ монда шавад;

– Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» фаъолияти худро мутобиқи замимаи 1 қарори мазкур ба роҳ монад.

Замимаи 3

ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 31 августи  соли 2022, № 449

Тарифҳои неруи гармӣ 

барои истифодабарандагон

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button