ВидеоКоррупсия

ТАСАРРУФИ ҚАРИБ ЯК МИЛЛИОН АЗ МАОШИ МУАЛЛИМОН ТАНҲО ДАР ЯК МАКТАБИ КӮЛОБ

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 12 сентябри соли 2022 хабар дод, ки танҳо дар як мактаби миёнаи №2 шаҳри Кӯлоб ва танҳо аз ҳисоби музди меҳнати кормандони ин мактаб тасарруфи маблағҳои давлатӣ ба маблақи қариб 900 ҳазор сомониро ошкор кардаа, ба зидди муҳосиби ин мактаб Абдуҷаббор Холиқов парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд

Бино ба гузориши маркази матбуоти агентӣ, “Холиқов Абдуҷаббор Абдухолиқович дар вазифаи муҳосиби Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и шаҳри Кӯлоб кор карда, дар давраи фаъолияти кориаш бо истифода аз ваколати мансабӣ ва сохтакории хизматӣ дар ҳуҷҷатҳои муҳосибии музди меҳнати кормандон маълумотҳои таҳрифшударо ворид намуда, бо ин амалаш маблағи умумии 892 ҳазору 947 сомонӣ ва 05 дирамро тасарруф намуда, ба манфиати шахсиаш сарф кардааст”.

  Вобаста ба ҳолати мазур, нисбат ба Абдуҷаббор Холиқов А.А. бар асоси ду  моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон: 245, қисми 4, банди «б» (тасарруфи маблағҳо ба миқдори махсусан бузург) ва 323 (сохтакории хидматӣ) парвандаи ҷиноятӣ кушода, баъди ба анҷом расидани тафтиши пешакӣ он бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ин парванда барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол карда шуд.

Ба Абдуҷаббор Холиқов ҳамчун ҷазо барои сохтакорӣ бо истифода аз мақом ҷарима ба андозаи аз 250 то 365 нишондиҳанда барои ҳисобҳо  (як нишондиҳанда = 64 сомонӣ ё тақрибан 6 доллар) ё корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати аз 1 то 2 сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то 2 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то 3сол ё бидуни он  таҳдид мекунад. Ҳамин тавр, ба ӯ бар асоси қисми чоруми моддаи 245 барои тасарруфи маблағи махсусан бузург ҷарима ба андозаи аз 1824 то 2700 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 10 то 15 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то 5 сол таҳдид мекунад.

Сохторҳои соҳаи маориф дар Тоҷикистон ҳамеша дар ҷумлаи ниҳодҳои аз ҳама фасодзадаи давлатӣ ном бурда мешаванд. Тоҷикистон дар умум дар гузоришҳои байналмилалӣ дар байни 30 давлати аз ҳамаи фасодзадаи дунё ҷой гирифтааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button