ВидеоИқтисодНомаҳо ба президент

ПАРВАНДА БА ЗИДДИ ДУ СОКИНИ ПОРВОҒ ДАР ПАЙИ БАҲС БО БАРОДАРИ РАИСИ СОБИҚИ РАШТ (ВИДЕО)

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Рашт нисбат ба сокини деҳаи Порвоғи ҷамоати Тагоба Азизов Фарҳод Акбарович ва як ҳамдеҳааш дар пайи як баҳси моҳи майи соли ҷорӣ бо Идибек Лоиқзода, бародари раиси собиқи ин ноҳия Қаноатшо Лоиқзода бар асоси қисми дуюми моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон  бо иттиҳоми авбошӣ парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Бино ба иттилои дарёфтии пойгоҳи хабарии “Бомдод”, чунин парванда бо айни иттиҳом ба зидди худи Идибек Лоиқзода низ кушода шудааст.

Тафтиши ин парвандаҳоро шуъбачаи милитсияи шаҳраки Навобод оғоз карда, сипас ба раёсати корҳои дохилии минтақаи Рашт супурдааст. Манобеи “Бомдод” рӯзи 12 сентябри соли 2022 хабар доданд, ки ҳоло тафтиши парвандаро муфаттиш Тахмина Ризоева пеш бурда истодааст.

Ба идораи “Бомдод” муяссар нашуд, ки бо муфаттиши парванда суҳбат кунад, вале ҳамсуҳбатони дигари нашрия аз Рашт гуфтанд, ки Идибек Лоиқзода ба мақомоти тафтишотӣ хулосаи экспертизаи тиббию додгоҳӣ дар бораи гӯё осеби  миёна ба саломатӣ бардоштанашро ироа карда, даъво кардааст, ин осеб натиҷаи латтукӯби ӯ аз ҷониби Фарҳод Азизов ва як сокини дигари Порвоғ аст.

Аммо ҷониби дигар иддао дорад, ки Идибек Лоиқзода он вақт аз асп афтода буд ва осебҳои ҷисмоние, ки ба экспертҳо нишон додааст, дар асл паёмади аз асп афтидани ӯст, на осори латтукӯб. Фарҳод Азизов ва ҳамдеҳааш иддао доранд, ки бо Идибек Лоиқзода бар сари заминҳои чарогоҳи атрофи деҳаи Порвоғ, ки Лоиқзодаҳо дар вақти раиси ноҳия будани Қаноатшо Лоиқзода   бе розигии халқ хусусӣ карда гирифтаанд, баҳси лафзӣ доштанд ва ӯро “як чуртӣ” ҳам назадаанд. Онҳо бар инанд, ки Лоиқзодаҳо бо ин парванда мехоҳанд боқӣ сокинони Порвоғро тарсонанд, то ки ҳеҷ кадомаш барои замину чарогоҳҳои ишғолнамудаи Лоиқзодаҳо садо баланд накунад.

Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон соли гузашта бо дархости раиси нави ноҳияи Рашт Муқими Раҳимҷон Набизода сертификати Лоиқзодаҳоро бекор карда буд, вале Лоиқзодаҳо  то ҳол ин замину чарогоҳҳоро ба сокинон барнагардондаанд.

Ҳоло ба ин сокинони Порвоғ бар асоси қисми дуюми моддаи 237 барои авбошие, ки боиси расондани зарари миёна ба саломатӣ шудааст, ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи аз 1000 то 2000  нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда = 64 сомонӣ, ё тақрибан 6 доллар) вай то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

Чанде пеш ба дасти пойгоҳи хабарии “Бомдод” видеое расида буд, ки дар он лаҳзаи ҷанҷоли чанд сокинони ноҳияи Рашт бо одамони раиси собиқи ин ноҳия Қаноатшо Лоиқзода, аз ҷумла бо бародари раиси собиқ Идибек, сабт шуда буд. Ин муноқиша рӯзи 10 майи соли 2022 дар назди масҷиди деҳаи Порвоғ, зодгоҳи Лоиқзодаҳо сурат гирифта буд.

Дар сабт дида мешуд, ки аввал Идибек Лоиқзода бо Фарҳод Азизов, бародари фармондеҳи собиқ ва ҳоло зиндонии Иттиҳоди нирӯҳои мухолифин Сайриддин Азизов вориди баҳси лафзӣ мешавад. Фарҳод Азизов Лоиқзодаҳоро чанд вақт боз ба он айбдор мекунад, ки ҳамаи чарогоҳҳои воқеъ дар кӯҳҳои атрофи деҳаро “хусусӣ” карда гирифтаанд ва сокинони дигар, аз ҷумла худи ӯ, ки 170 сар чорвои хурду 20 сар чорвои калон ва чанд сар асп доштааст, имкони чаронидани чорвояшонро надоранд.  Идибек Лоиқзода мепурсад, ки заминҳои шуморо кӣ гирифт? Фарҳод Азизов посух медиҳад, ки ту ва бародарат (манзураш раиси собиқи ноҳияи Рашт Қаноатшо Лоиқзода). Дар пайи ин ҳарду бо якдигар бо лаҳни хеле тунд афтударафти лафзӣ мекунанд, ки идораи “Бомдод” аз нашри лаҳзаҳои пур аз дашномаш худдорӣ мекунад.

Сокинони Порвоғ Қаноатшо Лоиқзодаро ба он айбдор мекунанд, ки соли 2018, вақте раиси ноҳияи Рашт буд, беш аз 1000 гектар замини чарогоҳи умумии мардумро ба хоҷагии деҳқонии “Абдухолиқ”, ки ба номи ҳамсари бародари Лоиқзода Мойнисо Сӯфиева гузарондааст. Лоиқзодаҳо баъди ин ба сокинон иҷозати дар ин заминҳо чаронидани чорвояшонро надодаанд.

Соли 2020 Қаноатшо Лоиқзода аз мақоми раиси ноҳияи Рашт барканор карда шуд ва роҳбарони нави ноҳия дар пайи шикояти 190 нафар аз сокинон ба Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон муроҷиат карда, хостори ба сокинон баргардондани чарогоҳи умумиашон шуданд. Дар аввали соли 2022 Додгоҳи олии иқтисодӣ  қарори Лоиқзодаро аз соли 2018 бекор кард ва ба хулосае расид, ки 800 гектар замини соли 2015 ба хоҷагии “Абдухолиқ” додашуда барои чаронидани чорвои ин хоҷагӣ кифоят мекунад ва 1000 гектар чарогоҳи умумиро бояд ба мардум баргардонад.  Вале Лоиқзодаҳо то ҳол чарогоҳро ба мардум барнагардондаанд.

Лоиқзодаҳо исрор меварзанд, ки ҳаққи касеро аз худ накардаанд ва ҳамаи кори анҷомдодаашон дар чорчӯби қонун буд. Вале ончӣ ки ба сари Лоиқзодаҳо омад, як ҳақиқатро бори дигар бармало мекунад, ки ҳеҷ мансабу мақом доимӣ нест ва ҳар соҳибмансаб бояд вақти сари мансаб буданаш фикри он рӯзеро кунад, ки аз мақом канор меравад ва он вақт оё чӣ гуна ба рӯи мардум нигоҳ хоҳад кард?

Чунин аст расми сарои дурушт:

Гаҳе пушт ба зину гаҳе зин ба пушт.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button