ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

МАРГИ 2 ЗАН ДАР 2 САДАМАИ МАРГОВАР ДАР КОНИБОДОМ ВА ДУШАНБЕ

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, рӯзи 10-уми сентябри соли 2022, тахминан соати 12:00, ронандаи мошини тамғаи «Опел-Вектра», Муҳамммадиев Ҷамшед Қурбоналиевич, соли таваллудаш 1976, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Конибодом-Деҳмой», дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ, бехатарии ҳаракати роҳро вайрон намуда, ҳангоми сабқат  ба самти муқобили ҳаракат баромада, ба мошини тамғаи «Опел-Астра», таҳти идораи Исмоилов Файзалӣ Шералиевич, соли таваллудаш 1995, сокини шаҳри Конибодом бархӯрдааст.
Дар натиҷа мусофири мошини тамғаи «Опел-Астра», Умурзоқова Шоира, соли таваллудаш 1965, сокини шаҳри Конибодом, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ҳамчунин 10-уми сентябри соли 2022, тахминан соати 14:10, ронандаи мошини тамғаи «Опел-Астра», Абдуллозода Мақсадҷон Фатхулло, соли таваллудаш 2001, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди кӯчаи С.Шерозӣ, аз уҳдаи идора кардани воситаи нақлиёташ набаромада, пиёдагард Ҳасанова Макнуна Ҳасановна, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи Айниро пахш намуда, баъдан ба мошини тамғаи «Фолксваген Поло», таҳти идораи Мадисоев Маҳмадуло Маризоевич, соли таваллудаш 1988, сокини шаҳри Душанбе бархӯрдааст.
Дар натиҷа, пиёдагарди мазкур ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, аз ҷониби худи ронандагон ба беморхона бистарӣ гардида, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

БАРОИ МАЪЛУМОТ

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин маълумоти ВКД, ки рӯзи 19 июл нашр шуд, дар 6 моҳи аввали соли 2022 дар Тоҷикистон 482 садама рӯй дода, дар ин садамаҳо 180 нафар ба ҳалокат расида ва 509 нафар ҷароҳат бардоштаанд. 

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button