ВидеоРӯйдодҳои Бадахшон

ДОДСИТОНИИ ВМКБ: НИСБАТ БА ҲАМСОЯИ БОҚИР ЯГОН ПАРВАНДА НАБУД, АБДУМАМАД ДУЧОРИ САДАМА ШУДААСТ

Прокуратураи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯзи 11 сентябри соли 2022  бо нашри як изҳорот дар саҳифааш дар Фейсбук хабари ба хотири ба дасти мақомот наафтодан худкушӣ кардани сокини маҳаллаи Бархоруғ Абдумамад Мародмамадовро рад кард ва гуфт, ки ӯ “аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада” бо мошинаш ба дарёи Панҷ сарозер шудааст. Додситонӣ изҳор дошт, ки “нисбат ба шаҳрванд Мародмамадов А.Г. дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят парвандаи ҷиноятӣ мавҷуд нест ва номбурда барои пурсиш низ даъват нагардидааст”.

Қаблан журналисти мустақили зодаи Бадахшон Aнора Саркорова хабар дод, ки як дӯст ва ҳамсояи лидери ғайрирасмии кушташудаи маҳаллаи Бархоруғ Боқир пеш аз худро ба дарё партофтан, ба наздиконаш занг зада, гуфтааст, ки ба дасти мақомот зинда таслим шуданӣ нест.  Саркорова аз ӯ Абдумамад Хӯҷаназаров ном бурда, вале дар баёнияи додситонии ВМКБ ӯро Мародмамадов Абдумамад ном гирифтаанд.

ИЗҲОРОТИ ПРОКУРАТУРАИ ВМКБ ДАР РОБИТА БА ХАБАРИ ИҒВОАНГЕЗОНАИ СОМОНАҲОИ ИҶТИМОӢ

Прокуратураи ВМКБ иттиллоъ медиҳад, ки шаҳрванд Мародмамадов Абдумамад Гулмамадович, соли таваллудаш 1966, сокини шаҳри Хоруғ, кучаи С. Насиллобеков, хонаи 180, ронандаи ҶСК «Помир-энерҷӣ», санаи 10-уми сентябри соли ҷорӣ, тахминан соати 13:10 дақиқа, дар ҳудуди деҳаи Бунии ҷамоати деҳоти М.Ширинҷонови ноҳияи Шуғнон, дар километри 25-ум шоҳроҳи «Хоруғ-Душанбе», аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарёи Панҷ сарозер мешавад. Барои пайдо кардани шаҳрванд Мародмамадов А.Г. аз тарафи сохторҳои дахлдори вилоят чорабиниҳои ҷустуҷӯӣ ба роҳ монда шудааст.

Нисбати шаҳрванд Мародмамадов А.Г. дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят парвандаи ҷиноятӣ мавҷуд нест ва номбурда барои пурсиш низ даъват нагардидааст.

МОШИНАШРО АЗ ДАРЁИ ПАНҶ ЁФТАНД: ДАР ХОРУҒ ҲАМСОЯ ВА ДӮСТИ НАЗДИКИ БОҚИР ҒАЙБ ЗАДААСТ

Рӯзи 10 сентябри соли 2022 дар шаҳри Хоруғ, маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сокини маҳаллаи Бархоруғ Абдумамад Хӯҷаназаров ба таври мармуз ғайб зад. Мошини ӯро дар даруни дарёи Панҷ ёфтаанд. Бовар меравад, ки ӯ ғарқ шудааст, вале ҳанӯз дақиқ нест, ки ин ҳодисаи нохуш буд ё Хӯҷаназаров худкушӣ кардааст? Дар ин бора журналисти мустақили зодаи Бадахшон Aнора Саркорова хабар дод.

Бино ба иттилои ӯ, Абдумамад Хӯҷаназаров дар Бархоруғ ба воя расида, дар нирӯгоҳи Помир ба ҳайси ронанда кор мекард ва ҳамсоя ва дӯсти наздики полковник Мамадбоқир Мамадбоқиров, маъруф ба Боқир, яке аз лидерҳои ғайрирасмии аз ҳама пурнуфузи Бадахшон буд.

Боқир, ки ӯро мақомот ташкилкунанда ва роҳбари асосии эътирозҳои ахир дар Хоруғу Рӯшон меномиданд, нимаи дуюми рӯзи 22 май ба таври мармуз дар маҳаллаи бо Бархоруғ ҳамсояи Бойнӣ кушта шуд. ВКД гуфт, ки Боқир дар ҷараёни “муноқишаи дохилии байни гуруҳҳои ҷиноӣ” кушта шудааст. Вале манобеи дигар мегӯянд, ки ӯро мақомоти вижа аз байн бурданд.

Анора Саркорова бо такя ба шоҳидон хабар дод, ки 3 рӯз қабл ба назди Хӯҷаназаров кормандони милитсия омада будаанд.

 “Субҳи 10 сентябр, ӯ бо аҳли хонаводааш хайрухуш карда, гуфтааст, “ин охирин мулоқоти мост”. Ва бо ҳамин аз хона баромадааст. Баъдтар Абдумамад Хӯҷаназаров  ба завҷааш занг зада, гуфтааст, ки худро зинда ба дасти мақомот таслим намекунад. Хешовандонаш бар инанд, ки ӯ ин суханонро пеш аз онки бо мошинаш ба дарё парад, ба забон овардааст”, – хабар медиҳад Анора Саркорова.

Аз  Абдумамад Хӯҷаназаров зану 4 фарзанд боқӣ монд.

Мақомот то кунун ин хабарро ягон шарҳ надодаанд.

Баъди кушта шудани Боқир мақомот ҳудуди 200 нафар аз зодагони Бадахшон, аз ҷумла 9 лидери ғайрирасмии ин минтақаи мухтор дар шарқи Тоҷикистонро боздошт карданд. Ду лидери ғайрирасмии дигари минтақа – Хурсанд Мазоров ва Зоир Раҷабов – рӯзи 12 июни соли ҷорӣ ҳангоми амалиёти боздошташон дар маҳаллаи Тирчид кушта шуданд.

Ҳамин тавр, баъди марги Боқир мақомот даҳҳо тан аз сокинони маҳаллаи Бархоруғро, ки як пойгоҳи асосии тарафдорони ӯ ба шумор мерафт, дастгир карданд.

Дӯст ва ҳамсояи ӯ Муслим Шерзамонов (бародари сиёсатмадори мухолиф Алим Шерзамонов) ба 18 соли зиндон, Тоҳир Мамадбоқиров, яке аз бародарони Боқир ба 28 сол ва Акрам, бародари дигари вай ба 8 соли маҳбас маҳкум шуда, ҷиянаш Ҷамшед Шаъбонов ҳамроҳ бо ду тан аз ёрони наздики Боқир: Ақназар Ақназаров ва Сино Файзиллобеков ҳар кадом 25солӣ ҳукм гирифтанд. Яке аз ёрони дигари Боқир Манучеҳр Шеров ба 18 соли зиндон маҳкум шуд ва ҳатто Музаффар Давлатмиров, халифаи маҳаллаи Тирчид, ки маросими дафну мотами лидерҳои ғайрирасмии Бадахшон Боқир, Хурсанд ва Зоирро роҳбарӣ карда буд, ба 5 соли зиндон маҳкум шуд.

Дар ҷараёни саркӯби эътирозҳои ахир дар Бадахшон, ба ҳисоби Созмони Милал, ҳудуди 40 нафар кушта шуданд. Ҳомиёни ҳуқуқ мақомоти Тоҷикистонро ба истифодаи беш аз ҳадди нерӯ ба зидди эътирозгарон айбдор мекунанд.

Вале мақомот исрор меварзанд, ки эътирозгарон дар Рӯшон мусаллаҳ буданд ва аз ҷониби “созмонҳои террористӣ” кумаку ҳимоят мешуданд.  Мақомот иддао доранд, ки дар ҷараёни “амалиёти зиддитеррористӣ” дар Бадахшон касе аз аҳолии мулкӣ осеб надидааст. Вале сокинон мегӯянд, нирӯҳои қудратӣ болои издиҳоми бесилоҳ оташ кушоданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button