Марзи Тоҷикистону ҚирғизистонХабарҳои кӯтоҳ

ПЕШГИРӢ АЗ ҚОЧОҚИ 2 ТОННА БИРИНҶ ВА 350 КИЛО АНГУР АЗ ТОҶИКИСТОН БА ҚИРҒИЗИСТОН

Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон рӯзи 10 сентябри соли 2022 аз пешгирӣ шудани чанд мавриди қочоқи молу маҳсулот ба ин кишвар хабар дод.

Аз ҷумла дар баромадгоҳи ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон, ки аз 4 тараф дар даруни қаламрави Қирғизистон қарор дорад, як мошини тамқаи “Hyundai-Porter” таҳти идораи шаҳрванди Қирғизистон М.А., соли таваллудаш 1993-ро манъ кардаанд, ки бо худ лӯлаҳои пластикӣ меовард. Тафтиш нишон дод, ки ӯ барои ин маҳсулот ягон санад надорад. Ноҳияи Сӯх ҳарчанд  аз нигоҳи маъмурӣ ба қаламрави вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон дохил мешавад, вале аксарияти кулли аҳолияшро тоҷикҳо ташкил медиҳанд.

Ҳамчунин дар мавзеи Садаи ноҳияи Лайлак марзбонҳои қирғиз шаҳрванди ин кишвар К.А., соли таваллудаш 1989-ро манъ кардаанд, ки мехост бо мошини тамғаи “Hyundai-Porter” аз Тоҷикистон 2 тонна биринҷро ба таври қочоқӣ барои фурӯши минбаъда ба Қирғизистон гузаронад. Дар аксҳои нашршуда халтаҳои биринҷ бо тамғаи тиҷоратии “Байзо” дида мешаванд.

Боз ҳам дар ҳамин мавзеи Сада марзбонҳо баъди чанде шаҳрванд Б.З., соли таваллудаш 1997-ро боздошт кардаанд, ки бо мошини тамғаи “Опел-Зафира”  мехост аз Тоҷикистон ба таври қочоқӣ 350 кило ангурро ба қаламрави Қирғизистон гузаронад.

Дар хабар гуфта мешавад, ки ин се қочоқбаррон бо ҳамаи мошинҳову борҳояшон барои таҳқиқи минбаъда ба мақомоти зирабт супурдаанд.

Қирғизистон марзаш бо Тоҷикистонро аз 20 майи соли 2021 билофосила баъди задухӯрдҳои хунин дар марзи ин ду кишвар барои равуои сокинону мошинҳо баст ва интиқоли маҳсулот низ байни ду кишвар расман манъ шудааст. Ҳарчанд Бишкек қарори бастани марзро ба пандемияи коронавирус рабт медод, вале мансабдорони қирғиз чандин бор изҳор доштанд, ки марзро тангҳо баъди ҳалли тамоми масоили марзӣ бо Душанбе аз нав хоҳанд кушод.

Баста шудани марзҳо боиси уфти  башиддати гардиши молу маҳсулот байни ду кишвари ҳамсоя шудааст. Дар нимаи аввали соли 2022 ҳаҷми содироту воридот байни Тоҷикистону Қирғизистон ҳамагӣ 7 миллион долларро ташкил дод. Ин назар ба солҳои қаблӣ 6 маротиба (!!!) камтар аст.

Бо гузашти 30 сол аз суқути СССР, аз 970 км марзи Тоҷикистону Қирғизистон то кунун беш аз 300 километраш ҳамчунон таъйин ва аломатгузорӣ нашудааст. Дар қитъаҳои баҳсӣ, ки асосан дар марзи ноҳияҳои Бодканду Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон бо ҷамоатҳои шаҳри Исфара ва  ноҳияи Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, ҳар сари чанд вақт бар сари обу замину чарогоҳу роҳ муноқишаҳо рух медиҳанд. Ин муноқишаҳо баъзан ба тирпаррониҳо мепечанд ва боиси ҳалокати мардум аз ду тараф мешаванд.

Дар солҳои 2021 ва 2022 дар натиҷаи задухӯрдҳои мусаллаҳона дар марзи ду кишвар дастикам 59 нафар  (36 нафар аз ҷониби Қирғизистон ва 23 нафар аз тарафи Тоҷикистон) кушта шуда, ҳудуди 270 нафар  аз ҳарду ҷониб захмӣ шуданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button