Хабарҳои кӯтоҳҲодиса

ҲАЛОКАТИ 6 НАФАР, АЗ ҶУМЛА 3 КӮДАК ДАР САДАМАҲОИ АРАФА ВА РӮЗИ ИДИ ИСТИҚЛОЛ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки дар арафа ва рӯзи иди истиқлоли ҷумҳурӣ, яъне 8 ва 9 сентябр дар 5 садама дар кишвар 6 нафар, аз ҷумла 3 кӯдак ба ҳалокат расида, 5 тани дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд. Аз ин 5 садамаи марговар 2 садамааш дар ҳудуди шаҳри Истаравшан, якеи дигар дар ноҳияи Қубодиён, як садама дар ноҳияи Хуросон ва садама аз ҳама пурқурбонӣ – бархӯрди мошини сабукрави “Мерседес” бо мошини боркаши “Шакман”, ки ду кушта ва 3 захмӣ ба ҷо гузошт, дар ноҳияи Варзоб рух додаанд.

Бино ба иттилои ВКД, рӯзи 8-уми сентябри соли 2022, тахминан соати 16:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Ашуров Баҳодур Баротбоевич, соли таваллудаш 1988, сокини шаӽри Истаравшан, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ» дар ҳудуди шаӽри мазкур, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро ба канори чапи роҳ чаппа намудааст.
Дар натиҷа, мусофири хурдсол Ашуров Ҳусейн Боймуродович, соли таваллудаш 2013, сокини ҳамон ҷо, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, ронанда ва мусофири дигари автомашина дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Ӽамзамон, 9-уми сентябри 2022, тахминан соати 12:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Газел», Ҷонназаров Турсунбой, соли таваллудаш 1953, сокини ноӽияи Деваштич, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди шаӽри Истаравшан, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, хурдсол Аъзамӣ Сабрина Ноилҷонзода, соли таваллудаш 2018, сокини шаӽри мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа, хурдсол Аъзамӣ С.Н. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Инчунин, 8-уми сентябри соли 2022, тахминан соати 18:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, Наҷотов Зайнидди Назирдинович, соли таваллудаш 1979, сокини ноӽияи Қубодиён, ҳангоми ҳаракат кардан ба қафо аз беэҳтиётиаш ноболиғ, Балажонов Меҳриддин Ҳасанович, соли таваллудаш 2021-ро пахш намудааст.
Дар натиҷа, ноболиғ Балажонов М.Ҳ. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роӽ ба ҳалокат расидааст.
Рӯзи 9-уми сентябри соли 2022, тахминан соати 10:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Комби”, Одинаев Одинааҳмад Қурбонович, соли таваллудаш 1993, сокини шаӽри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди “Душанбе-Бохтар”, дар минтақаи ноӽияи Хуросон, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, велосипедрон Неъматов Холмурод Неъматович, соли таваллудаш 1979, сокини ноӽияи мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа, Неъматов Х.Н. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Ӽамчунин 9-уми сентябри 2022, тахминан соати 14:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” Ҷурабеков Улуғбек Шодибекович, соли таваллудаш 1985, сокини шаӽри Истаравшан, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Чанок” дар ноӽияи Варзоб аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи “Шакман”, таҳти идораи ронанда Арипов Уматалӣ Исоқович, соли таваллудаш 1982, сокини шаӽри Ҳисор, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофирони дар дохили автомашина тамғаи “Мерседес-Бенс” буда, шаӽрвандон: Маъмурзода Нозим Маъмур, соли таваллудаш 1973 ва Қурбонов Ваҳоб, соли таваллудаш 1961, сокинони шаӽри Истаравшан, ҷароҳатҳои вазнинӣ ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат мерасанд.
Мусофирони дигари автомашинаи мазкур Ҷалилов Шокир, соли таваллудаш 1958, Шодиев Соҳиб, соли таваллудаш 1990 ва ронанда Ҷурабеков У.Ш. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

БАРОИ МАЪЛУМОТ

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин маълумоти ВКД, ки рӯзи 19 июл нашр шуд, дар 6 моҳи аввали соли 2022 дар Тоҷикистон 482 садама рӯй дода, дар ин садамаҳо 180 нафар ба ҳалокат расида ва 509 нафар ҷароҳат бардоштаанд. 

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button