ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ТОҶИКИСТОН БА ПОКИСТОН БА МАБЛАҒИ 1,2 МИЛЛИОН ДОЛЛАР ЁРИҲОИ БАШАРӢ МЕФИРИСТАД

Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон 6 сентябри соли 2022 хабар дод, ки Душанбе дар як иқдоми камсобиқа барои кумак ба зарардидагони обхезиҳои харобариовари ахир ба Покистон ба маблағи 1,2 миллион доллар ёриҳои башарӣ мефиристад. Қарори маълум, бар асари обхезиҳои як моҳи охир дар Покистон дастикам 1265 нафар ҷон бохта, 33 миллион аз аҳолии ин кишвар зарар диданд. Ҳамчунин, бар асари офатҳои табиӣ дар Покистон беш аз як миллион манзили истиқоматӣ, роҳу пулҳо, дигар иншооти инфрасохторӣ ва заминҳои кишоварзӣ пурра хароб гардидаанд.

Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон гуфт, “вобаста ба ҳолати мураккаби зикршуда бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фармоиши Комиссияи давлатии ҳукумати ҶТ оид ба ҳолатҳои фавқулода қабул гардид, ки дар асоси он ба мардуми Ҷумҳурии исломии Покистон кумаки башардӯстона ҷудо карда шуд. Кумаки башардӯстона аз 500 тонна орд, 500 тонна оби нӯшокӣ, 1000 тонна ангиштсанг, 1000 тонна семент ва 2000 адад шифер иборат мебошад, ки вазни умумии беш аз 3000 тонна ва маблағи 12 миллиону 200 ҳазор сомониро ташкил медиҳад”.

Гуфта мешавад, ки корвони мошинҳо бо кумаки башардӯстона рӯзи 7 сентябрба роҳ мебарояд.

Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон таъкид кардааст, ки “иқдоми зикршуда нишондиҳандаи сиёсати башардӯстона ва ҳусни ҳамҷавории Роҳбари давлати Тоҷикистон мебошад”.

Тоҷикистон то кунун асосан худаш аз кишварҳои дигар ёриҳои башардӯстона дарёфт мекард ва хеле кам воқеъ шудааст, ки ба кишварҳои дигар ёрии башардӯстона бифиристад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button