Хабарҳои кӯтоҳҲодиса

ФАВРӢ! ТАРКИШИ МОШИНИ ГАЗКАШОН ДАР КИЛОМЕТРИ 46-УМИ РОҲИ ДУШАНБЕ – ХУҶАНД

Субҳи 6 сентябри соли 2022 дар километри 46- уми шоҳроҳи Душанбе –  Хуҷанд – Чаноқ як мошини боркаше, ки гази моеъ мекашонд, таркидааст. Дар натиҷа, ҳаракати нақлиёт дар ин минтақа маҳдуд карда шудааст.

Ширкати IRS (Филиали “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Тоҷикистон) дар саҳифааш дар Фейсбук дар ин бора чунин хабар дод:

“Иттилоъ медиҳем, ки чанд лаҳза пеш дар километри 46- уми роҳи Душанбе – Чаноқ нақлиёти боркаши барои интиқоли гази моеъ махсусгардонидашуда, бинобар аз кор баромадани тормоз бо садама дучор шуд. Дар натиҷа, таркиш ба амал омад.

Вобаста ба ин, ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар ин минтақа муваққатан маҳдуд гардид.

Тафсилот дертар нашр хоҳад шуд”.

Тафсилоти дигари ҳодиса то ин лаҳза дастрас нашудааст. Дар бораи осеб дидани касе дар ин ҳодиса низ маълумоте то ин лаҳза нашр нашудааст.

Шоҳроҳи Душанбе –  Хуҷанд – Чаноқ ягона роҳи заминист, ки вилояти Суғд дар шимоли Тоҷикистонро бо дигар қисматҳои Тоҷикистон, аз ҷумла бо пойтахташ, шаҳри Душанбе мепайвандад. Дар соли 2010, дар пайи бозсозии ин шоҳроҳ бо ҳудуди 300 миллион доллар қарзи Чин, ҳукумати Тоҷикистон ин роҳро пулакӣ карда, масъулияти ҳам пулчинӣ ва ҳам нигоҳубини онро ба ширкати IRS вогузор кард. Бино ба гузоришҳои нашршуда, ин ширкат ба Ҷамолиддин Нуралиев, яке аз 7 домоди президенти Тоҷикистон тааллуқ дорад. Вале Нуралиев, ки моҳи июни соли ҷорӣ аз вазифаи муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод карда буд, ба ӯ тааллуқ доштани ин ширкатро рад мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button