АфғонистонВидеоМинтақа ва ҷаҳон

ҲАЛОКАТИ ДУ КОРМАНДИ САФОРАТИ РУСИЯ БАР АСАРИ ТАРКИШ ДАР КОБУЛ (ВИДЕО)

Вазорати корҳои хориҷии Русия ҳалокати ду корманди сафорати ин кишвар дар Кобулро бар асари таркише, ки субҳи 5 сентябри соли 2022, соати 10:50 ба вақти Кобул  дар наздикии шуъбаи консулгарии сафорати Русия дар пойтахти Афғонистон рух дод, тасдиқ кард. Вазорати хориҷаи Русия дар изҳороташ ин таркишро кори дасти “ҷангии номаълум” номид ва таъкид кард, ки “бар асари таркиш ду корманди сафорат кушта шуданд, дар байни шаҳрвандони Афғонистон низ қурбониён ҳастанд”.

Идораи сиёсати хориҷии Русия афзуд, ки сафорати Русия дар Кобул дар робита ба ин ҳодиса бо мақомоти Афғонистон, ки қазияро таҳқиқ доранд, дар тамос мебошад.

Сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков ҳамлаи назди сафорати Русия дар Кобулро ҳамлаи террористӣ номид. Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров изҳори умед кард, ки ташкилкунандагон ва иҷрокунандагони ин ҳамлаи террористӣ  “дар кӯтоҳтарин муддат ба ҷазои сазовор расонда хоҳанд шуд”. Вазири хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, ки иттифоқан дар Маскав қарор дошт,  баъди мулоқоташ бо Лавров бо изҳори ҳамдардӣ гуфт, мутмаин аст, ки омилони ин ҳамларо ҳатман ба масъулият хоҳанд кашонд.

Бино ба иттилои шабакаи телевизионии Ал-Ҷазира, бар асари таркиш дар назди сафорати Русия дар пойтахти Афғонистон ҳудуди 25 нафар осеб дида, аз ҷумла дастикам 8 нафар ҷон бохтаанд. Манобеи дигар дар бораи беш аз 10 кушта хабар медиҳанд. Аз ҷумла дар бемористони “Истиқлол” дар Кобул ба хабаргузории русии РИА “Новости” гуфтаанд, ки дастикам 10 нафар ба ҳалокат расида, 8 тан аз захмиёнро дар ин беморхона бистарӣ кардаанд.

Як манбаъ дар Кобул ба РИА “Новости” гуфт, таркиш замоне рух дод, ки дипломати рус ба берун ба назди одамони дар навбат истода баромад, то номҳои довталабон барои гирифтани визаи Русияро эълон кунад.

Мавлавӣ Собир, сардори шуъбаи пулиси минтақаи маҳалли таркиш,  гуфт, як террористи маргталаб мехост ба дарвозаи сафорат наздик шавад, вале посбонҳои бино, ки Толибон ин ҷо гузоштааст, ҳамлагарро парронданд ва ба ҳалокат расонданд.

 “Ҳанӯз то пеши дарвоза норасида, террористи маргталабро посбонони сафорат муайян карданд ва ба ҳалокат расонданд”, — гуфтааст Мавлавӣ Собир.

Русия аз кишварҳои ангуштшуморест, ки баъди ҳукуматро дар Афғонистон ғасб кардани ҷангҷӯёни ҳаракати тундрави Толибон дар моҳи августи соли 2021 сафорати худро дар Кобул ҳифз кард. Ҳарчанд Маскав ҳукумати Толибонро ба расмият нашинохтааст, вале бо намояндагони Толибонҳо ба сурати фаъолона тамосҳо барқарор кардааст ва бо онҳо пиромуни содироти бензин ва маҳсулоти дигари Русия музокирот пеш мебарад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button